21 ҳукми сафед дар як сол. Кам аст ё зиёд?
06.01.2015 21:46
1131
Шӯрои адлия сафед шудани 21 муттаҳам дар соли 2014-ро далели мустақилияти низоми додгоҳии Тоҷикистон меномад. Вале ҳуқуқшиносони мустақил мегӯянд, барои ин бояд ҳадди ақал сеяки парвандаҳо бо ҳукми сафед анҷом шаванд.
Салиҳов мегӯяд, ӯ корманди ФСБ аст, на узви "Гурӯҳи 24"
06.01.2015 21:44
949
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" муттҳам шудааст, оғоз кард. Ин гурӯҳ мегӯяд, Умедҷон Салиҳов узви онҳо нест.
Дархости иҷозат барои "ҷиҳод" дар Тоҷикистон
05.01.2015 00:34
953
Ҷангиёни тоҷике, ки иддао доранд, дар Ироқ меҷанганд, дар як навор мегӯянд, барои "ҷиҳод" дар Тоҷикистон аз "халифа"-и "Давлати исломӣ" Абӯбакри Бағдодӣ иҷозат пурсидаанд.
Ш.Ҷононов: Тоҷикистон дарвозаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд
05.01.2015 00:30
1080
ШералӣҶононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон мегӯяд, бо имзои қарордоди сеҷонибаи тиҷоратӣ байни Душанбеву Кобулу Исломобод, Тоҷикистон ба як кишвари муҳими транзитӣ ва ҳатто ба дарвозаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад.
Раҳбари машҳур бо "ташаббусҳои аҷиб" барканор шудааст
03.01.2015 00:45
1008
Дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Қубодиён мегӯяд, имрӯз раиси ноҳияи Рашт дар ҷои раиси ноҳияи Қабодиён ба иҷрои вазифа шурӯъ намуд. Сардори дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи ҷумъаи 2 январ бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки субҳи имрӯз собиқ раиси ноҳияи Рашт Саидмуҳиддин Абдураҳмонов...
Cарбозони пойгоҳи 201, гумонбарони қатлро ба Душанбе меоранд
26.12.2014 00:28
1031
Ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия, ки ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон, ронандаи таксӣ- Раҳимҷон Тешабоев айбдор шудаанд, шоми 25-уми декабр аз Екатеринбург ба Душанбе оварда мешаванд.
Сафорати Тоҷикистон: "Ҷангиҳои Донбасс" шаҳрванди Тоҷикистон нестанд
23.12.2014 00:51
884
Сафорати Тоҷикистон дар Украина шаҳрванди Тоҷикистон будани ду нафареро, ки дар як навори видеоӣ аз ширкати худ дар ҷангҳои шарқи Украина ҳикоят кардаанд, рад мекунад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо мо, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Украина ...
Лату кӯби шаҳрванд бо дастури корманди Додгоҳи олӣ?
16.12.2014 11:03
1045
Як сокини пойтахти Тоҷикистон иддао дорад, ки гурӯҳи ношиносе ӯро бо дастури корманди Додгоҳи олии кишвар лату кӯб ва 8 рӯз дар бемористон бистарӣ кард.
КДАМ: Ҷангиён ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ вориди Тоҷикистон мешаванд
11.12.2014 10:35
996
Абдулмаҷид Солиев , як масъули Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон (КДАМ), ки аз номи ин ниҳод дар нишасти "Садои ҷомеаи маҳаллӣ дар раванди мубориза бо шиканҷа" сӯҳбат мекард, дар посух ба иддаои созмонҳои ҷамъиятӣ, ки Тоҷикистон паноҳандагонро ...
Шоираи Раҳимҷон: “Моҳияти аслии ислом "раҳм" аст, на "ҷиҳод”
11.12.2014 10:31
1114
Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигор, шоир ва оҳангсози ҷавон ахиран аз тариқи шабакаи “Фейсбук” аз амали се ҷавоне, ки ҳамсолони худро ба “ҷиҳод” дар Сурия даъват кардаанд, шадидан интиқод кард.
Чӣ гуна метавон аз фоҷиаҳо ҷилавгирӣ кард?
11.12.2014 10:29
1109
Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки шаби 7 ба 8 уми декабр дар ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат дар натиҷаи ихроҷи гази ангишт 5 узви як оила, аз ҷумла чаҳор кӯдак заҳролуд шуда, ҷон додаанд. Сокинони ҷамоати Симиганҷ Насиба Маҷидоваи 29-сола ...
"Нилуфар Раҳимҷонова қурбонии табъизи нажодӣ шудааст"
09.12.2014 10:40
1058
Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна” ҳалокати Нилуфар Раҳимҷонова, шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбаси Тошкандро қурбонии “табъизи нажодӣ” хондааст.
Тоҳир Ашӯров: "Ҷиҳодиёни тоҷик дар Сурия таҷовузгаранду бас"
08.12.2014 13:47
1186
Як ҷавони рӯҳонии муқими Кӯлоб мегӯяд, ҷавонони тоҷике, ки худро дар Сурия “муҷоҳид” мехонанд, дониши амиқи динӣ надоранд ва дар баҳсҳои воқеии исломӣ ноком мешаванд.
Ҷангиёни тоҷик дар Ироқ худро видоеӣ карданд
04.12.2014 08:06
1033
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус "Одноклассники" дар ин авохир чандин навори таблиғотии афрод ва гурӯҳҳои тундрав ба нашр расидаанд, ки зоҳиран посухе ба матолиби расонаҳои тоҷикӣ ва изҳороти рӯҳониёни Тоҷикистон дар мавриди маҳкум ...
Тоҷикон ба хотири хонаву дари худ қирғиз мешаванд
04.12.2014 08:05
1129
Раисҷумҳури Қирғизистон бо имзои як қарор ахиран 447 қирғизи Ҷиргатол, Мурғоб ва шимоли Тоҷикистонро шаҳрванди кишвараш кард. Дар байни онҳо тоҷикон низ ҳастанд.Дар минтақаҳои бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарзи шимоли Тоҷикистон ...
















