19:04:55 01-уми Майи 2026 сол
Хатоҳои ЗАГС: Баран - ба ҷои Борон, Пурдавсӣ - ба ҷои... 02.02.2015 17:15 1026
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ЗАГС - Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон “хатоҳои нобахшиданӣ”-еро ошкор кардааст.
Талаби эҳёи ҳукми қатл барои амаки таҷовузгар 02.02.2015 17:13 1081
Дар пайи қазияи таҷовуз ба номуси як духтари 8-сола дар шимоли Қирғизистон, бисёриҳо дар ин кишвар хостори эҳёи ҳукми қатл барои чунин ҷиноятҳо шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдакон низ аз ин талаб пуштибонӣ мекунанд.
Гимназияи исломӣ ба ҷои мадраса дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа 31.01.2015 21:56 1183
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон тасмим дорад, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон гимназияи исломӣ боз кунад.Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои...
Наимҷон: "Аз ман дар бораи модарам напурсед" 31.01.2015 21:55 1305
Наимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавони тоҷик, овозаи "порагирӣ"-и модарашро "эҷод"-и рақибонаш донист. Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, онҳо мехоҳанд, монеи баргузории консерти наваш шаванд.Наимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавони тоҷик, ки чанд сол ...
Қатли Дилорому фарзандонаш дар Конибодом 31.01.2015 21:52 1278
Як сокини ноҳияи Конибодом бо истифода аз табар зан ва ду фарзанди наврасашро ба қатл расондааст. Мақомот мегӯянд, ин ҳодиса баъд аз муноқишаи зану шавҳар барои харидани тӯҳфа сурат гирифтааст.
Ифшои "авлодбозӣ" ва харҷи 230 млн. дар Бонки миллӣ 31.01.2015 10:50 1236
Палатаи ҳисоб дар пайи як санҷиши молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, непотизм ё хешутаборбозии масъулони ин бонкро ошкор карда, ба сабукдӯш шудани ҳашт корманди ин бонк роҳ кушодааст.
Парвандаи ришвагирии модари Наимҷони Сайдалӣ аз муҳоҷири ихроҷшуда 31.01.2015 10:42 1305
Модари Наимҷони Сайдалӣ, як овозхони тоҷик, ки бо таронаҳои дилрешкунанда аз ҳаёти муҳоҷирон шӯҳрат ёфтааст, ба ришваситонӣ дар ивази кумак ба муҳоҷирони депортшуда муттаҳам гардид.
Тасвиби қарордоди истирдод байни Тоҷикистону Чин 30.01.2015 07:45 1039
Порлумони Тоҷикистон созишномаи истирдод миёни Душанбею Пекинро имзо кард. Душанбе мегӯяд, ин қарордод аз фирори ҷинояткорони тоҷик ба Чин пешгирӣ мекунад.
3 тоҷик аз "бандаи ГТА" дар қатли капитани пулиси Русия айбдор шуданд 30.01.2015 07:43 966
Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, ду гумонбар дар қатли сардори бахши нозирои минтақавии пулис дар ноҳияи Переделкинои вилояти Маскав дар Тоҷикистон дастгир шудаанд.
Қ.Қосим: “Роғун соли 2018 ба кор медарояд” 28.01.2015 07:23 1011
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ду агрегат ё чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки солҳо боз ҳамчун калиди бахти сокинони кишвар барои расидан ба иқтисоди қавӣ ва раҳоӣ...
Қубодиён: Раиси кӯҳна хуб буд ё раиси нав? 28.01.2015 07:19 1140
Раиси нави ноҳияиҚубодиён мегӯяд, агар Саъдулло Бекназарзода кори хуб медошт, ӯро аз кор намегирифтанд. Саидумрон Абдураҳмонзода 3 ҳафта пеш ба ҷои Бекназарзода раиси Қубодиён таъин шуд.
"Шикоят"-и як тоҷики муқими Амрико аз Шабнами Сурайё 27.01.2015 13:00 1085
​Маҳмадалӣ Нозимов аз рафтори овозхонҳои тоҷик интиқод карда, аз онҳо хостааст, каме дар фикри мухлисони худ ҳам бошанд. Ӯ гуфтааст, дар пайи баргузор нашудани консерти Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк 2 ҳазор доллар зиён дидааст.
Бишканад дасте ки гирад аз гиребони падар... 27.01.2015 12:58 1050
Ахбори мақомоти милисаи Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноятҳои сангине, чун куштор дарак медиҳад. Ва он ҳам аксаран куштори хеле бераҳмона дар пайи баҳсҳои ночизи маишӣ. Оё ин аломати ба сурати умум бераҳм шудани ҷомиа аст?
Боздошти комиссари ҳарбии Фирдавсӣ "барои билетфурӯшӣ" 25.01.2015 11:06 1223
Комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои омода кардану фурӯхтани билети ҳарбӣ ба ивази 2 ҳазору 200 доллар боздошт шудааст. Ҳоло алайҳи ӯ парванда боз кардаанд. Мамашариф Розиқов, комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ...
Кай хона дар Душанбе арзон мешавад? 24.01.2015 12:11 2171
Масъулони Хадамоти зиддимонополӣмегӯянд, таҳқиқ доранд, чаро нархи манзил дар пойтахти Тоҷикистон майли қиматӣ дораду арзонӣ – не. Онҳо мегӯянд, иллаташро рӯшан ва роҳи безиён барои сокинонро мушаххас хоҳанд кард.