20:29:56 01-уми Майи 2026 сол
Б.Файзуллоев: "Вавилон"-ро пачақ карданианд 19.01.2015 20:54 1425
Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Вавилон-М” рӯзи 19 январ дар суҳбат бо мо гуфт, ин ширкат ба ҳукми додгоҳи иқтисодӣ, ки баҳси онҳо бо Кумитаи андозро ба фоидаи ин идораи давлатӣҳал кардааст, розӣ нест ва дар сурати бетағйир мондани ҳукм...
Ҷузъиёти латтукӯби ду ятим дар бозори "Назари нек" 19.01.2015 20:51 1090
Ҷанозаи Зиёдбек, як ятими 17-соларо, ки дар пайи латтукӯб дар бозори “Назари нек”-и шаҳри Чкалов даргузашт, дар ноҳияи Зафаробод ба хок супурдаанд. Эраҷи 16-сола, ки мағзи сараш осеб дидааст, то ҳол дар бемористон аст.
Нигина бо тасмими вазорат розист. Орзуву Мино - не 17.01.2015 11:46 1131
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орунбекзода рӯзи 16 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон бо таассуф гуфт, фаъолияти овозхонҳои мустақил, онҳое, ки берун аз чатри гурӯҳҳои мавҷуд дар кишвар фаъолият мекунанд, аз назари вазорат дур мондааст ...
Ҳушдори Хайрулло Назаров ба "Абӯхолиди Кӯлобӣ" 17.01.2015 11:45 1362
Дар як навор бародари Нусрат Назаров, мулаққаб ба “Абӯхолиди Кӯлобӣ” аз ӯ хостааст, ҳамсару фарзандонашро соҳибӣ кунад. Ӯ мегӯяд, вагарна оилааш ҳамсари нав мегираду Холид - падари нав.
“Фароз”: Умаралӣ Қувватов ҳеч вақт бо мо набуд 17.01.2015 11:36 1220
Ширкати “Фароз” бо пахши изҳороте аз тамоми расонаҳо хостааст, УмаралӣҚувватовро дигар ба ҳайси масъули собиқи ин ширкат муаррифӣ накунанд. Онҳо мегӯянд, Қувватов ҳеч вақт ҳамроҳи онҳо набуд.
Нархи бензин дар Душанбе каме арзон шудааст 15.01.2015 21:55 1236
Дар ҳоле ки нархи нафт дар ҷаҳон дар ним соли охир 57 дарсад коҳиш ёфтааст, нархи бензину солярка дар Душанбе билохира ва он ҳам ҳудуди 15 дарсад пойин рафт. Коҳиши босуръати нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, билохира дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд.
Посухи ҳукумати Душанбе ба Асадулло Раҳмон 15.01.2015 21:50 1146
Шаҳрдории Душанбе бо пахши изҳороте ҳарфҳои Асадулло Раҳмонро "хандаовар" номид. Раиси Кумитаи телевизион ва радио 5 рӯз пеш гуфта буд, беғаразии онҳоро додгоҳ собит намудааст.Шаҳрдории Душанбе бо нашри изҳороте ба муқобили ҳарфҳои Асадулло Раҳмон ...
10 фатвои зиддунақиз: Гӯшти малах - "ҳалол", Бобои барфӣ - "ҳаром" 15.01.2015 21:44 1471
Фатвои як рӯҳонӣ аз Арабистони Саудӣ, ки сохтани “одами барфӣ”-ро ҳаром ҳукм кардааст, мавҷи баҳсҳоро дар атрофи ин масъала барангехт.
Ҳимояти парлумон аз маркази барқу гармидиҳии нав 15.01.2015 21:41 1236
​Маркази барқу гармидиҳии нав, ки то ду соли оянда дар Душанбе сохта мешавад, талаби мардумро ба гармӣ ва нерӯи барқ 10 баробар бештар аз маркази феълӣ таъмин хоҳад кард.
Хадамот: "Кори Рустами Эмомалӣ дар соли 2014 олӣ буд" 14.01.2015 14:57 1139
Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз кори раҳбари ин ниҳод - Рустами Эмомалӣ дар соли гузашта ситоиш карда ва онро хеле олӣ гуфтанд. Аммо худи Рустами Эмомалӣ дар ин нишаст иштирок надошт.
Ҳамлаи ҳакерҳо ба сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса 14.01.2015 14:55 1097
Cомонаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Фаронса дар пайи ҳамлаҳои ахири террористӣ дар ин шаҳр мавриди ҳамлаи ҳакерҳое қарор гирифтааст, ки бо аз байн бурдани тамоми маълумоти нашршуда дар саҳифаи асосии сомона ...
“Салафия” ҷараёни экстремистӣ эълон шуд 13.01.2015 07:14 1122
Ҷараёни тозапайдои “Салафия”, ки фаъолияташ аз соли 2009 ба инҷониб дар Тоҷикистон мамнӯъ буд, ахиран бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шудааст.Додгоҳи олии Тоҷикистон равияи мазҳабии “Салафия”-ро дар қаламрави кишвар ...
Посухи Сиёвуш ба "Абу Умариён" 11.01.2015 23:04 1100
Як ҷавони тоҷик бо номи Сиёвуш Наботӣ ба “Абӯ Умариён" - як ҷангии тоҷик дар Ироқ, ки аз раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" хостааст ба онҳо иҷозаи "ҷиҳод" дар Тоҷикистонро бидиҳад, посух додааст, ки айнан инҷо нашр мешавад.
Нархи нирӯи барқ арзон мешавад, вале дар... 11.01.2015 23:01 1143
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, аз моҳи феврал нархи нирӯи барқ дар ин кишвар пойин меравад. Нурбек Элебоев, раиси Оҷонсии давлатии танзими кори соҳоти маводи сӯхту энержии Қирғизистон, ба хабарнигорон гуфт, аз 1 феврал барои хонаводаҳо ва корхонаҳое ...
Иҷора барои чанд соат ё фоҳишахона? 11.01.2015 22:59 1246
Мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 3 фоҳишахона дар шаҳри Душанбе хабар медиҳанд. Аз аввали сол танҳо дар пойтахти Тоҷикистон алакай 6 фоҳишахона ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд.