18:28:44 19-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Халифазода: “Барои нест кардани шиканҷа аз тавсияҳо кор мегирем”

Ибодуллоҳи Тоҳир, барои "Рӯзгор"

Давоми шаш моҳи равон аз рӯи модаи 1431 (шиканҷа) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду парванда нисбати ду корманди милиса ба суд фиристода шудааст.

khalifazoda 45457887Дар ин бора Муҳаммадризо Халифазода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми ноябри соли равон зимни суҳбат дар давраи омӯзишӣ дар мавзӯи "Ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷиноятӣ", ки дар толори осоишгоҳи "Умед"-и ноҳияи Варзоб баргузор гардид, иттилоъ дод.

Ҷаноби Халифазода ба вазъи шиканҷа дар ҷаҳони имрӯза дахл намуда, афзуд, ки Созмони авфи байналмилӣ расман эътироф кардааст, ки дар зиёда аз нисфи кишварҳои ҷаҳон шиканҷа истифода мешавад ва танҳо дар ду соли охир дар 150 кишвари ҷаҳон истифодаи шиканҷа ошкор карда шудааст.

Номбурда қайд кард, ки соли 2010 вақте гузоришгари пешинаи Созмони Миллали Мутаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои шиканҷа Манфред Новак дар ҷаласаи Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ ваколатҳои худро ба гузоришгари имрӯза - Хуан Мендес месупорид, қайд карда буд, ки дар давоми 7 соли фаъолияташ ба 18 кишвар сафари расмӣ-назоратӣ анҷом додааст ва танҳо дар Дания далелҳои шиканҷаро вонахӯрдааст.

Бино ба гуфтаи ин масъули Прокуратураи генералӣ ҳар як давлате, ки Конвенсияи зидди шиканҷаро имзо кардааст, ҳар чор сол пас ба Кумитаи зидди шиканҷа гузориш пешниҳод мекунад. Аз хулосаҳои Кумитаи зидди шиканҷа бармеояд, ки дар ҳамаи кишварҳои аъзо заминаҳои истифодаи шиканҷа қариб яксон ҳастанд ва ҳолатҳои шиканҷа то ин ё он андоза дар ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣҷой дорад. "Созмонҳои байналмилалӣ доимо талаб мекунанд, ки раҳбарияти олии кишварҳое, ки дар он ҷо шиканҷа ҷой дорад, ин падидаи номатлубро маҳкум кунанд.

Аммо роҳбарияти баъзе кишварҳо ин чизро расман рад карданд. Аз баски роҳбарияти кишвари мо ба ин масъала муносибати воқеъбинона дорад, президенти кишвар дар чанд паёми хуб ба Маҷлиси Олӣ ва бахусус дар рӯзи ҷашнгирии милитсия низ (10-уми ноябри соли 2012) расман эълон карданд, ки ҳолатҳои алоҳидаи азобу шиканҷа ҷой дорад ва масъулини мақомоти давлатӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани шиканҷа чораҳои мушаххас андешанд. Эмомалӣ Раҳмон ин падидаро шадидан маҳкум кард, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ хуш пазирифта шуд",- афзуд Муҳаммадризо Халифазода.    

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадризо Халифазода мегӯяд, "соли гузашта 22 ариза ворида шуда буд, ки 9 парванда оғоз карда шудааст. Дар шаш моҳи соли равон 8 арзу шикоят ба дасти мо расидааст, ки 3 парванда нисбати 5 корманди ҳифзи ҳуқуқ боз гардидааст. Давоми чанд соли охир ҳолатҳои истифодабарии шиканҷа ҷой доштанд, аз ҷумла 15 ҳолати маҷбуран гирифтани нишондод бо тариқи шиканҷа ошкор карда шудааст. Боқимонда ҳолатҳое ҳастанд, ки вақте шахсро дастгир карда меоранд, ӯ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда дашном медиҳад.

Дар ин ҳолат бархе кормандони ҳифзи ҳуқуқ худашонро дошта натавониста, нисбати шахси дастгиршуда латукӯбро истифода мебаранд. Яъне нисбати ҳаракатҳои онҳо амалҳои ҷавобӣ содир мекунанд, ки хилофи қонун аст. Сарфи назар аз он, ки чунин ҳолатҳо ба мафҳуми аслии шиканҷа дохил намешаванд, ин яке аз шаклҳои баромадан аз ваколатҳои мансабӣ аст ва ҷавобгарияш низ дар назди қонун камтар аз шиканҷа нест.

Феълан чунин як амали нав ба роҳ монда шудааст, ки вақте шахс ҳамчун гумонбар дастгир карда мешавад, пеш аз ба муассисаи тафтишотӣ бурдан ӯро бе муоинаи тиббӣ қабул намекунанд, зеро, агар дар бадани шахс ягон ҷароҳат бошад, бояд муайян карда шавад, ки ин ҷароҳатҳо то ворид кардан пайдо шуда буданд ё баъд аз ворид кардан. Ин талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ аст, ки дар дастурамали дасгир кардан пурра иниъкос карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, чораҳо андешида шудаи стодааст, ки дар ҳамаи утоқҳои бозпурсӣ ва даромадгоҳҳои шуъбаи корҳои дохилӣ камераҳои назоратӣ насб карда шавад. Ин аз як тараф барои бехатарии худи шаҳрвандон бошад, шояд аз тарафи дигар барои худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст". 

Муҳаммадризо Халифазода дар интиҳои суханаш қайд кард, ки барои пешгирии шиканҷа муборизаи ҷиддӣ бурда истодаанд: "Мо имрӯз алайҳи шиканҷа, ки мавриди пайгирии ҳамарӯзаи созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад, аз тавсияҳои Созмони авфи байналмилалӣ, давлатҳои аъзои шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, ки қариб аз 90 банд иборат аст, аз тавсияҳои Созмони зидди шиканҷа, ки аз 34 банд иборат аст ва аз тавсияҳои Хуан Мендес, гузоришгари махсуси СММ, ки ба Тоҷикистон пешниҳод шудаанд ва як қисмаш бо фармони президенти кишвар ва баъзеяш бо қарори ҳукумат тасдиқ гардидаанд, кор бурда истодаем".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi