21:13:19 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Саратон» бо гиёҳдармонӣ ҳам табобат мешавад

Сайфиддин Наҷмиддинзода, барои «Рӯзгор»

Яке аз усулҳои безарару пурманфиат ва нисбатан камхарҷи муолиҷаи беморон гиёҳдармонист. Ин усули қадимии табобат тӯли ҳазорсолаҳо аз насл ба насл гузашта, такмил ёфта, то ба замони мо расидааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба самбо, узви Ассотсиатсияи гиёпизишкон ва табибони халқии ҷумҳурӣ Додихудои Ҷомӣ солиёни зиёдест, ки беморонро бо усули гиёҳдармонӣ муолиҷа мекунад. Чун меҳмони ин марди равшанзамир гаштам, дар хонааш дафтари бузургеро дидам, ки пур аз арзи миннатдории шифоёфтагон буд.

saraton 6565445Миёни шифоёфтагон на танҳо сокинони мамлакат, балки шаҳрвандони Федератсияи Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ғайра зиёданд. Онҳо бо усули гиёҳдармонӣ аз бемориҳои саратон (рак), варам ва санги гурда, фишори хун, ҷоғар, геморой (бавосир), диққи нафас (астма), безурётии зану мард, қанд, бемориҳои рӯҳӣ, саръ (припадка) ва ғайра шифо ёфтаанд. Чанд сол пеш беморе аз вилояти Свердловскии Федератсияи Русия, ки гирифтори саратони гулӯ буд, ба Додихудо муроҷиат кард.

Баъди се давраи табобат бемор ба фазли Худо шифо ёфт. Ӯ, ки аз ин беморӣ хеле зиёд азият кашида буд, Додихудоро ба меҳмонӣ даъват кард. Аз рӯи сидқу эҳтиром ба табиби тоҷик ду вагон чӯб оварда, дар дараи Ҳакимии ноҳияи Нуробод «хонаи русӣ»-и дуошёна сохт. Хона саросар аз чӯби санавбар сохта шуда, хосияти табобатӣ дорад. Бубинед, имрӯзҳо ҳазорон нафар ҳамватанонамон барои ризқу рӯзӣ дар Федератсияи Русия мардикорӣ мекунанд. Аммо Додихудо бо дониши воло ва маҳорати баланди хеш соҳибкори русро водор намуд, ки истеъдоди худододашро эътироф карда, барояш хона бисозад.

Ҳанӯз овони таҳсил дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Додихудо китобҳои зиёдеро аз қабили «Иксири Аъзам»-и Муҳаммад Аъзамхон, «Махзанул адвия»-и Муҳаммад Ҳусейни Оқилӣ, «Қарободини кабир» («Фармакологияи бузург»), «Аҷоибул махлуқот» ва ғайраро мутолиа мекард. Алалхусус, ба хосияти гиёҳҳо ва шинохтани миҷоз диққати зиёд медод.

- Ҷамъи миҷозҳо ба чор гурӯҳи калон (гарм, сард, тар ва хушк) тақсим мешаванд-мегӯяд Додихудо- миҷоз ба ғолиб омадани яке аз чаҳор хилт вобаста аст. Юсуф ибни Муҳаммадюсуфи ҳаким, ки табиби хоси Бобур Мирзо буд, шинохти хилтҳоро чунин ба риштаи назм кащидааст:

Хилт чор аст, з-он яке ХУН аст,

Ки бувад гарму тар ба сони ҳаво.

БАЛҒАМ аст, он дигар, ки обсифат,

Сардию тариаш бувад пайдо.

Ҳаст он дигаре, ки чун оташ,

Гарму хушк аст, номи он САФРО,

Дигаре ҳаст сарду хушк чу хок,

Гуфтаанд аҳли ҳикматаш САВДО.

-Агар фарз кардем, миҷози бемор сард бошад, ба ӯ ғизо ва доруҳои гарммиҷоз тавсия дода мешавад-мегӯяд Додихудо.-Баъди истеъмоли ғизое, ки миҷозаш сарду тар аст, бояд ғизои миҷозаш гарм хӯрд, то эътидол риоя гардад. Барои ин табибро лозим аст, ки миҷози гиёҳҳоро донад.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳ ба гиёҳдармонӣ зиёд шуда истодааст. Зеро он нисбат ба табобати химиявӣ афзалтар ва таъсири ногувораш камтар аст. Гиёҳҳо барои ихроҷи токсинҳо аз бадан мусоидат мекунанд. Бо гиёҳдармонӣ баъзе намудҳои саратонро табобат кардан мумкин аст. Аммо ҳангоми ҳолатҳои вазнини стенокардия, вайроншавии гардиши хун дар мағз, як қатор бемориҳои меъдаву шуш танҳо ба гиёҳдармонӣ умед бастан нашояд.

Гиёҳдармонӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ бештар маъмул аст. Дар Чин зиёда аз 160 пажуҳишгоҳ ба омӯзиши тибби анъанавӣ машғуланд.Хамчунин ҳазорон шифохонаю дорухона ва макотиби махсус дар самти гиёҳдармонӣ фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои тибби анъанавӣ қариб 60 дар сади аҳолии ин кишвар табобат мегиранд.

Додихудо имрӯз низ пайваста меомӯзад ва дониши хешро сайқал медиҳад. Ӯ дар хона китобу маҷалла ва рӯзномаҳои зиёдеро дар мавзӯи гиёҳдармонӣ гирд овардааст, ки ба забонҳои арабию русӣ ва форсӣ навишта шудаанд.

- Баъзеҳо бо ихлос муроҷиат мекунанд, вале зимни муолиҷа бесабрӣ менамоянд,-мегӯяд Додихудо. –Чанд моҳ пеш марде омад, ки аз заъфи ҷинсӣ шикоят дошт. Муоина нишон дод, ки ӯ ба болои гирифтори простатит будан диабети қанд низ доштааст. Ман гуфтам, ки дар мадди аввал бояд диабетро табобат намоем. Сипас аз паи муолиҷаи заъфи нерӯи ҷинсӣ мешавем. Аммо ӯ исрор мекард, ки «бемории заъфи ҷинсиро табобат кунед, худам илоҷи диабети қандро меёбам». Сино боре зимни муолиҷаи шоҳ гуфта буд: «Амирон сарвари халқанду табибон амири бадананд». Бояд бемор тибқи тавсияи табиб амал кунаду аз вазъи сиҳатии худ ба табиб хабар дода истад, на ин ки ӯро «роҳ нишон» диҳад.

Додихудои Ҷомӣ ҳамасола фасли тобистон ба минтақаи Рашт (дараи Ҳакимӣ) рафта, гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ мекунад. Зеро ҳар гиёҳ вақту соати муайяни ҷамъоварӣ ва шароити нигоҳдошти худро дорад.

Тирамоҳу зимистон ин табиби ҳозиқ давоҳои аз гиёҳҳо омодакардаашро ба беморон тавсия медиҳад. Таманно мекунем, ки тамоми корафтодагону маризон шифо ёбанду дар пешравию ободии ҷомеа ҳисса гузоранд. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20ноябри соли 2013

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi