16:38:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷамолбӣ Ҳамидова: «Аз духтарону занон даъват мекунам, ки хатогии маро такрор накунед»

 

Мувофиқи маълумоти мақомоти тоҷик, дар ҷанги Сурия 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат доранд. Дар ҳамин ҳол бино ба иттилои расмӣ, аллакай 150 нафар шаҳрвандони кишвар дар ин ҷангҳо кушта шудаанд. Барои ҷанг ба Сурия аслан, нафарони ҷавон, синнашон аз 19 то 45 сола мераванд, баъзан ба ин сафари пурхатар бо зан ва фарзандонашон.

jamolbi-homidova-895645.jpgШаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурия тавассути ҳудуди Русия, Покистон, Туркия, Афғонистон сафар мекунанд ва дар сафи гуруҳи ифротии «Давлати Исломӣ» меҷанганд. Вақтҳои ахир даъваткунандагони «ДИИШ» ҷонибдорони худро миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия пайдо кардаанд.

Сокини 30- солаи Душанбе, ҶамолбӣҲамидова як сол дар Сурия иқомат кардааст. Вақти дар он ҷо гузарондаашро бо даҳшат ба хотир меорад. Барои ӯ бовар кардан душвор аст, ки баъд аз марги шавҳараш Шариф Ҳамидов наҷот ёфта, ба ватан баргаштааст.

Бо ҶамолбӣҲамидова, хабарнигори бахши русии Би-би-сӣ дар Душанбе Анора Саркорова суҳбате анҷом додааст.

Би-би-сӣ: Шумо чӣ тавр ба Сурия афтодед?

ҶамолбӣҲамидова: Маро бо шавҳарам ҳамсояҳо шинос карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҷавони хуб аст ва арӯс мекобад. Мо вохӯрдем, ба ҳамдигар писанд омадем ва никоҳ бастем. Ман худ танҳо се синфи мактаби ибтидоиро хатм кардаам. Падарам маъюбанд, модарам бошад, хонашин. Волидон маблағе надоштанд, ки  ман, хоҳаронам ва бародаронамро хононанд. Барои ҳамин, ягон нафари мо ҳатто шаҳодатномаи камоли мактаби миёнаро надорем.

Мо бо шавҳарам ба Краснодар барои муҳоҷират рафтем. Шавҳарам дар сохтмон кор мекард. Мо мехостем пул ҷамъ кунем, то ин ки барои худ манзили истиқоматӣ ва ё қитъаи замин харидорӣ намоем. Мо мехостем кулбаи  шахсии худро дошта бошем, ки дар он ҷо бо фарзандони ояндаамон зиндагии хушро орзу мекардем. Ҳамин тавр, як сол дар Русия сипарӣ шуд. Як рӯз дар шабакаи телевизионии Русия гузоришеро оид ба амалиёти ҷангӣ дар Сурия пахш карданд. Ва ғайричашмдошт Шариф изҳор кард, мехоҳад он ҷо рафта, ҷанг кунад. Аз чунин суханони ӯҳуш аз сарам парид.

Ман бовар намекардам, ки одами нек, ором ва зудбовар аз хоҳишиҷангидан сухан мегӯяд. Ба ақли ман ин рост намеомад. Ман аз Сурия, ҷанг ва ҷиҳод дур будам. Ман оид ба хонаи шахсӣ, фарзандон ва оилаи калону тифоқ орзу мекардам.

Бархӯрди маро дида, шавҳарам ба  ин мавзӯъ дигар барнагашт, ман ҳам гумон кардам ин як шӯхии ноҷо буд.

Шариф одами ботақво буд ва аҳли оилааш низ. Ҳатто дар Русия саъй мекард, ки намозҳоро дар вақташ хонда, ба масҷид равад. Шавҳарам пули кам кор мекард, бо як душворие барои пардохти иҷораи манзили истиқоматӣ мерасид, ҷамъ кардани пул бошад, муяссар намегашт.

Як рӯз Шариф изҳор кард, ки ба Туркия барои коркунӣ меравад. Ман дар хонаи рафиқи ӯ мондам. Баъд аз як моҳӯ маро даъват кард ва гуфт, ки дар Истамбул кор ёфтааст.

Би-би-сӣ:- Ва шумо ба Истамбул парвоз кардед?

ҶамобӣҲамидова:- Ба ман Истамбул хеле писанд омад. Шаҳри зебо. Маро шавҳарам пешвоз гирифт. Вақте мо тавассути автобус ҳаракат мекардем, ман тасаввур мекардам, чӣ хел хуб мешуд, агар дар ин ҷо кор ёфта, дар ин шаҳри зебо зиндагӣ кунем.

Ба суолҳои ман, ки куҷо меравем, дар куҷо зиндагӣ мекунем, Шариф ҷавоб намедод. Қариб як шабонарӯз рафтем ва ахиран ба ҷое расидему ба мошини сабукрав нишастем. Баъд аз чанд соат мошин моро ба мавзеи биёбоне овард. Ин ҷо шавҳарам ба ман фармон дод, ки хомӯш бошам ва сахт давам, чанде ки қувват дорам. Барои чӣ? Куҷо? Шариф гуфт, ки вақти суолдиҳӣ нест, танҳо давидан лозим, чӣ андозае, ки қувват дорам.

Дар мошин чор нафар будем, аз ҷумла, як духтари рус, ки ӯ низ ба Сурия равон буд. Ва ман давидам. Дуру дароз давидам, то даме ки беқувват шудам. Ин ҳодиса дар моҳи Рамазон рух дод. Бинобар ин, қувваи зиёд надоштам, гурусна ва хаста будам.

Ман ба гиристан шурӯъ намудам, мехостам бифаҳмам дар куҷоям. Ман дод задам, ки намехоҳам дар ин ҷо зиндагӣ кунам, ӯ маро фиреб до два номардона рафтор кард. Дар посух суханони ӯро шунидам, ки метавонам равам, агар хоҳам. Аммо куҷо равам? Ман ба атроф назар кардам, ҳама ҷо биёбон. Ман пул надорам, забонро намедонам, ба ман душвор аст, чӣ тавр бозгаштан. Ва ман ба тақдир тан додам. Дар ҳудуди Сурия моро пешвоз гирифтанд ва ба як хонаи калон бурданд. Дар ин хона ду бародар - арабҳо  бо ҳамсаронашон мезистанд. Ба мо ҳуҷраеро ҷудо карданд. Як ҳафта пас моро ба хонаи дигаре бурданд. Ман ҳатто намедонистам, ки ин деҳаҳо чӣ ном доштанд. Гирду атроф аз куҳҳо иборат буданд.

Би-би-сӣ: Шавҳари шумо чӣ кор мекард?

ҶамолбӣҲамидова: Шавҳарамро тақрибан намедидам. Ман дар хона бо занҳои дигар мезистам. Он ҷо занҳои араб, ӯзбек, рус ва чечен низ буданд. Шавҳарам дар як ҳафта, баъзан дар ду ҳафта як маротиба меомад, маҳсулоти хӯрока меовард - картошка ва макарон. Шавҳарони ҳамаи занҳое, ки дар як хона бо ман мезистанд, дар сафи «Давлати Исломӣ» меҷангиданд. Хӯрока белаззат буд, аммо бо назардошти шароити мо интихоби дигар набуд. Мо бо якдигар аслан, тавассути имову ишора суҳбат мекардем. Занҳои ҳомиладор бо фарзандон зиёд буданд. Ҳар вақте ки нуқтаи аҳолинишине, ки мо он ҷо зиндагӣ мекардем, аз ҷониби ҳавопаймоҳо бомбаборон мешуд, мо дар як ҳуҷра ҷамъ меомадем, ба якдигар ҷафс шуда мегиристем. Кӯдакон дод мезаданд, мо мегиристем ва дуо мекардем, ки наҷот ёбем. Хеле даҳшатнок буд, бо сухан инро гуфта намешавад, интизор шудан, ки оё моро имрӯз мекушанд ё на?

Ҳама пушаймон буданд, ки чаро омаданд. Онҳо намефаҳмиданд, ки чаро шавҳарон фарзандро ба чунин уқубат гирифтор намуданд. Аз хона баромадан мумкин набуд, дору набуд, маҳсулоти хӯрока намеоварданд. Мо гурусна будем. Ба занҳо иҷоза набуд, ки аз ҳуҷраҳои худ берун оянд. Танҳо дар ҳолати зарурӣ, барои рафтан ба ҳоҷатхона, ки дар саҳни ҳавлӣ буд ва барои омода кардани хӯрока мебаромадем. Хӯрокро дар оташ омода месохтем.

Ҳангоми баромадан дастпӯшак пӯшида, ба сар фаранҷии тӯрдор мепартофтем. Суҳбат кардан, хандидан, сайру гашт намудан қатъан  манъ буд.

Дар як ҳуҷра панҷ-шаш нафар дар кӯрпачаҳои тунук хоб мерафтем. Дар хона мебел набуд, фарши холӣ ва кӯрпача. На қувваи барқ буду на кондитсионеру шамолдиҳаку об. Махсусан дар гармиҳо хеле душвор буд. Обро маҷбур мехаридем. Аҳён-аҳён оббозӣ мекардем. Асосан обро барои хӯрок ва нӯшидан сарф мекардем.

Тобистон хеле гарм буд, хомӯшакҳо мегазиданд, наздиктар ба зимистон бошад хеле сард, мо бошем ягон либоси гарм надоштем. Якдигарро бо ҳарорати бадан гарм мекардем. Кӯдакон тез-тез бемор мешуданд, ягон хел дору, дорухона ва духтур набуд. Кӯдак азоб мекашид, модар ягон кор карда наметавонист. Ман медидам, ки чӣ тавр модарон ба азоби фарзандон нигоҳ карда, аз ноилоҷӣ фиғон мекашиданд. Мардҳо бо мо дағалона рафтор мекарданд. Барои рӯи кушода лату кӯб мекарданд.  Аммо нафас гирифтан дар гармӣ тавассути фаранҷии тӯрдор душвор буд.

Ҳамаи либосҳо синтетикӣ буданд. Ҳамаи шароити маишӣ дар кӯча. Мо тез ба ҳоҷатхона мебаромадем, зуд ба ҳуҷра бозмегаштем. Метарсидем, ки ба чашмони мардҳо афтем.

Дар тамоми муддати дар Сурия будан боре ба волидонам тавассути телефон гап назадам. Имкон надоштем, ки бо ягон кас робита барқарор кунем. Мо дар фазои маҳкам зиндагӣ мекардем. Ба мо ҳар гуна муоширатро манъ мекарданд. Ягон кас хоҳиши пурсидан ҳам намекард, зеро ҷангиён майли суҳбат надоштанд. Мо ҳар моҳ манзили истиқоматиро иваз мекардем. Баъд шавҳарам як моҳ нопадид шуд, вақте бозгашт бо душворӣ шинохтам. Захмӣ буд, пур аз хун рангаш парида, лоғар, базӯр роҳ мегашт. Шикамашро бо чор кӯк духта буданд. Ман ӯро парасторӣ менамудам, аммо ба ӯ доруву даво, хӯроки серғизо лозим буд, мо бошем, на дору доштему на пулу об.

Би-би-сӣ:- Шавҳаратон ба шумо гуфт, ки шахсан ӯ барои чӣ ба Сурия рафтааст? Ин ягон ақида буд, хоҳиши пайвастан ба ҷиход ва ё ба даст овардани пул?

ҶамолбӣҲамидова: Шавҳарам сахт пушаймон буд аз сафар ба Сурия. Вазъияташ бад буд, аз ҷароҳатҳояш хун ҷорӣ мешуд, аз дард хоб рафта наметавонист. Ӯ пушаймонӣ мекард, мегуфт, ки ӯро фиреб доданд, ваъдаҳо дигар буд. Аммо чӣ ваъда буд, ҳамин тавр, нагуфт. Ман медонистам, ки ба ӯҳар моҳ сад долларӣ маош медоданд, ки ба он ӯ барои ман маҳсулоти хӯрока мехарид. Аммо вақти захмдориаш касе ёрдам намедод. Ин ду ҳафта идома ёфт. Баъд аз паси ӯ арабҳо омаданд ва бо худ бурданд. Маҷбурӣ. Ӯқариб, ки роҳ гашта наметавонист. Мо хайру хуш кардем.

Ман ҳис кардам, ки ӯро бори охир мебинам. Ӯ гуфт, дар гумон, аст, ин дафъа баргардам. Бо ман хайру хуш кард. Гуфт, ки афсӯсу надомат мехӯрад аз кори кардааш, аммо роҳи бозгашт нест. Ба ман хушбахтӣ орзу кард.

Ду ҳафтаи дигар гузашт, баъдан як гурӯҳ мардҳо омаданд ва ба ман акси шавҳарамро дар телефон нишон доданд. Ӯ ба  даҳон ва чашмони кушода хоб рафта буд. Мурда. Ман ҳатто қувват надоштам, ки гиря кунам. Ӯ одами хуб буд.

Шумо вазъи занро дар кишвари бегона, ки ҷанг меравад ва он ҷон ягон шиносе надорад, тассавур карда метавонед? Чӣ кор кунам? Чӣ гуна наҷот ёбам?

Ҳамин тавр, як ҳафта гузашт. Баъд одамон ба назди ман омаданд ва супориш доданд, ки бо онҳо равам. Метарсидам, ки пурсам куҷо ва бефоида ҳам буд, касе ҷавоб намедод. Забони арабиро намедонистам, онҳо бошанд, забони тоҷикӣ ва ё русро.

Ман сайъ кардам бо имову ишора фаҳмонам, ки маро хона фиристанд, ба ватан, ба Тоҷикистон. Дар забони тоҷикӣ калимаҳои арабӣ зиёданд ва  ман кӯшиш мекардам фаҳмонам, то ҷое, ки аз дастам меомад. Аммо ба ман машварат доданд, ки ҳамон ҷо монам ва дубора ба шавҳар доданд. Ягон кас розигии маро напурсид. Танҳо мардеро оварданд, моро шинонданд ва маросими ақди никоҳро баргузор карданд. Шавҳари дуюми ман доғистонӣ гашт.

Ягон кас розигии туро намепурсад. Ту он ҷо кӯшиши муқобилият намекунӣ, зеро медонӣ: ин сӯҳбат бо одамони даҳшатнок аст, ки барои онҳо куштани ту арзише надорад. Ту барои онҳо молӣ. Онҳо бе баррасӣ пешниҳод мекунанд. Барои ҳар як гапногирӣ туро метавонанд латту кӯб намоянд, ё қатл кунанд.

Ба шавҳари навам як моҳ зиндагӣ кардам. Бо забони русӣ сӯҳбат мекардем ин хеле даҳшатнок буд. Ту куллан озод нестӣ, ба пуррагӣ вобастаӣ. Туро барои гаштугузор маҳдуд менамоянд. Метавонанд латтукӯб намоянд, таҷовуз кунанд ва ё қатл. Бо ту ҳар чизе ки мехоҳанд, мекунанд.

Дар ҳаминҳол бо ин одамон наметавон созиш кард, онҳоро мӯътақоид сохт ва ё раҳмашонро овард. Онҳо шафқат надоранд, нисбат ба азобҳои ту, эҳсоси ту, тақдири ту бепарвоянд. Дар маҷмӯъ, зан барои онҳо мавҷудоти арзиш надошта аст. Бо мардҳо зан ҳуқуқи баҳс кардан надорад. Занҳои фарзондорро, ки шавҳаронашон фавтидаанд, дубора ба шавҳар медиҳанд. Бисёриҳо ин вазъро вазнин аз сар мегузарониданд, аммо вазъият онҳоро маҷбур мекард. Онҳо ҷойи мерафта надоштанд. Бемаълумот, бе ягон касб, бе хешу табор ва бе умед ба ояндаи нек.

Ин даҳшат аст, вақте ки ту аз вазъият хеле вобаста мебошӣ, ҳатто ин зиндагии даҳшатбор аз зиндагии танҳоӣ ва мустақилона барои онҳо беҳтар ба назар менамуд, зеро онҳо гумон мекарданд аз дасташон чизе намеояд. Онҳо ба осонӣ ба тақдири худ тан дода, ба чунин зиндагии ваҳшиёна розӣ мешуданд.

Би- би- сӣ: Чӣ тавр ба шумо муяссар шуд, ки ба ватан боз гардед?

ҶамолбӣҲамидова: Дар хонаи мо зани турк бо фарзандонаш зиндагӣ мекард. Ӯҳомиладор буд. Ба ӯ хабар доданд, ки шавҳарашро куштанд. Ва пешниҳод карданд, ки ба шавҳар барояд. Аммо ӯ мудом гиря мекард, фарзандонаш бемор буданд. Ӯ, ман ва боз як зани чечен аз аҳолии маҳаллӣ  хоҳиш кардем, ки барои то сарҳади Туркия расидан ба мо кӯмак намоянд. Мо аслан, гурехтем.

Шавҳари нави ман дар бораи ният ва гурехтани ман хабар надошт. Моро бо мошин то сарҳад бурданд. Ин дафъа хатти сарҳад бо симхор маҳкам буд.

Рӯзона мо гузашта наметавонистем. Сарҳадбонон мепаронданд, шабона бошад, арабҳо бо мо сӯрохии калонро нишон доданд, ки тавассути он мо ба кӯдакон сарҳадро убур кардем. Қарибии бомдод бо мавзеъе расидем, ки мошинҳо истода буданд ва моро ба Истамбул бурданд. Ман каме пасандоз доштам, ки аз шавҳарам монда буд. Дар Истамбул моро пулис боздошт намуд. Бо худ ҳуҷҷат доштам, аммо бо раводиде, ки муҳлаташ тамом шуда буд. Дар пулисхона ман ҳамаашро фаҳмонидам, маро ба маркази муҳоҷирон интиқол доданд. Кормандони пулис аз ман суол карданд, оё хоҳиши ба ватан баргаштан дорам ё на? Ман розигӣ додам. Ҷониби туркҳо ба ман ба самти Душанбе чипта хариданд. Дар фурудгоҳ ман ҳамаашро ба кормандони мақомот нақл кардам. Онҳо моро фаҳмида, ҳамдардӣ мекарданд, ҳарчанд ман ҳарос доштам, ки маро ҳабс мекунанд. Маро чор рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ доштанд. Баъд аз санҷиш озод карданд. Волидонамро хабар карданд, онҳо ба назди ман омаданд.

Ростӣ,  моро то ҳол хотираҳои нохуш азоб медиҳад. Шавҳари ман одами зудбовар буд. Фиреб додани ӯ осон буд. Ӯқурбонии макр гашт. Ман гумон мекунам, ки даъваткунандагон аз зудбоварӣ сӯистифода мебаранд.

Ман танҳо мондам, фарзанд надорам. Ман аз духтарҳо ва занҳо даъват мекунам, ки хатогии маро такрор накунед. Шумо ҳамаи чизеро, ки барои шумо арзиш дорад, аз даст медиҳед.

Анора Саркорова, Бахши русии Би-би-сӣ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi