00:43:32 30-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Падару писари гумонбар дар куштори тиллофурӯшҳо истирдод шуданд

Аз шаҳри Екатеринбург падару писар Раҳматовҳоро бо гумони ширкат дар куштори хонаводаи Бобоевҳо боздошт ва ба Хуҷанд истирдод карданд.

padaru-pisar-4512544545.jpgМақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки ду ширкатдори дигари куштори хонаводаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз рӯи парвандаи пурсарусадои куштори ду соли пеш боздошт ва аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Як масъули Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи панҷшанбеи 3-уми сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, падар ва писар Олим ва Қиёмиддин Раҳматовҳо, ки дар куштори хонаводаи Бобоевҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров айбдор мешаванд, ду рӯз пеш  тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Екатеренбург ба Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон оварда шуданд.

Ба иттилои ин манбаъ, падару писар дар пайгарди қонунӣқарор доштанд ва бо талоши мақомоти қудратии Тоҷикистону Русия  боздошт ва Тоҷикистон оварда шуданд. Ин дар ҳолест, ки моҳи август мақомот аз боздошти 3 узви дигари хонаводаи Раҳматовҳо чун афроди гумонбар дар қатли пурсарусадои соҳибкор Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсараш - Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбек дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дода буданд. Он замон аз хонаводаи Раҳматовҳо – писарашон  Муҳиддин ва фарзандони ӯ Адҳам ва Сарвиноз Раҳматовҳо дастгир шуданд. Тафтишот гуфт, ки  як қисми далелҳои шайъӣ - ҷавоҳироти тиллоии тасарруфгардида ва олоти ҷиноят - силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников”, бо 12 адад тири ҷангии қутраш 5,45 мм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҷустуҷӯи ҳамиштирокчиёни ҷиноятҳои содиршуда - Раҳматов Олим Ваҳҳобович, соли таваллудаш 1971 ва Раҳматов Қиёмиддин Олимович, соли таваллудаш 1995 - сокинони шаҳри Хуҷанд идома дошт. Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи 11 август дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд ҷузъиёти боздошти аъзои оилаи Раҳматовҳоро шарҳ дода гуфта буд, Раҳматовҳо, сокинони шаҳри Хуҷанд ва Чкалов, тайи тақрибан даҳ соли охир ба "шикор"-и асосан тоҷирони маҳсулоти заргарӣ ва кормандони мубодилаи асъор машғул будаанд. Ба қавли генерал Назарзода, ин хонавода дар ин муддат 7 нафарро кушта, 1 миллиону 600 ҳазор сомонии тоҷирон ва кормандони мубодилаи асъорро тасарруф кардаанд.

Рӯзи 2 июни соли 2013 афроди мусаллаҳ аз болои девор ба хонаи Аҳмадхӯҷа Бобоев, воқеъ дар канори шаҳраки Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба фурӯши ҷавоҳирот машғул буд, ворид шуда, бо истифода аз "Калашников" ӯву ҳамсар ва фарзандонашро ба қатл расонданд. Ба қавли мақомот, қотилони хонаводаи Бобоевҳо бо ҳадафи рӯпӯш кардани корашон хонаро оташ заданд. Баъдан Санҷарбек, як фарзанди хурдсоли ин хонадон, ки дар ҳаммом пинҳон шуд, аз дуди оташ заҳролуд шуда ба ҳалокат расид.

Додситонии вилояти Суғд дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз карда, як гурӯҳи махсуси тафтишоти фаврӣ машғули таҳқиқи ҳодиса буданд. Ин куштори пурсарусадои хонаводаи Бобоевҳо аксариятро такон дод, вале боздошти омилонаш бештар аз ду сол давом кард. Маълум нест, ки то куҷо гумонбарони боздоштшуда худро дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор меҳисобанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi