11:27:23 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Калонтарин ноҳияи пойтахт ба ду тақсим мешавад

Ҳоло исм ва ҳудуди панҷумин ноҳияи пойтахт мушаххас нест, аммо бо як қарори шаҳрдории Душанбе, ноҳияи нав аз ҳисоби қисмат кардани ноҳияи Сино таъсис хоҳад ёфт.

poytakht-5445125.jpgТо моҳи оянда Душанбе - пойтахти Тоҷикистон соҳиби як ноҳияи нав мешавад. Ҳоло исм ва ҳудуди панҷумин ноҳияи пойтахт мушаххас нест, аммо бо як қарори шаҳрдории Душанбе, ноҳияи нав аз ҳисоби қисмат кардани бузургтарин ноҳияи пойтахт - Сино ва ба қаламрави пойтахт шомил кардани бархе аз маҳалҳои марзии ноҳияи Рӯдакӣ таъсис хоҳад ёфт. Ноҳияи Синои пойтахт пас аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд дуввумин ноҳияи сераҳолӣ ва бузурги Тоҷикистон ба шумор меояд ва  47 дар сади аҳолии Душанберо сокинони танҳо ҳамин як ноҳия ташкил медиҳанд.

Дар ҳудуди ин ноҳия, ки масоҳаташ 43,5 километри квадратӣ аст, беш аз 300 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад. Ин ҳам дар ҳоле, ки теъдоди аҳолии навоҳии дигари пойтахт як баробар камтар аст. Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдории Душанбе, маҳз  ҳамин омил боис шудааст, ки ноҳия ду қисмат ҷудо шавад. Зафар Гулов муовини раиси ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 20 октябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, бо маҳдуд шудани ҳудуди ноҳия, сатҳи идорӣ, хизматрасонӣ ва назорат беҳтар хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар, ба қавлиҷаноби Гулов, бо қисмат шудани ноҳия ва ташкили мақомоти нав барои ноҳияи ҷадид, аҳолӣ низ имкони кор дар ҷойҳои кории навро пайдо мекунанд. Ноҳияи Синои пойтахт, собиқ Фрунзеи Душанбе, соли 2003 табдили ном карда ноҳияи Сино номгузорӣ шуд. Бо вуҷуди сераҳолӣ ва бузург будани масоҳати ин ноҳия, теъдоди кормандони идории он баробар ба кормандони дигар навоҳии шаҳр будааст, ки ин ба сифати хизматрасонӣ дар бахшҳои мухталиф таъсир гузоштааст. 

Мӯсо Асозода, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино мегӯяд, дар воқеъ бо қисмат шудани ноҳия ва таъсиси сохтори нави ҳокимияти маҳаллӣ мушкилоти бузурги ин минтақа ҳам ду тақсим шуда, барои ҳалли он имкон васеътар хоҳад шуд. Ҷаноби Асозода мегӯяд, дар вохӯриҳо бо ӯ мардуми ноҳия бештар “аз мушкили об, набуди барқ, ноқилҳои кӯнаву фарсуда ва таъмин набудан бо оби гарм шикоят мекунанд”. Асозода мутмаин аст, ки тасмими таъсиси ноҳияи нав ва васеъ кардани пойтахти Тоҷикистон ба манфиати Душанбе хоҳад буд.

Ба гуфтаи ӯ, бо зиёд шудани имороту биноҳои нави истиқоматӣ ва теъдоди аҳолии пойтахт, талабот ва мушкилот ҳам бештар шуда, ба тавсеаи пойтахт ниёз пайдо шудааст. Дар ҳоли ҳозир Душанбе аз 4 ноҳия - Сино, Фирдавсӣ, Сомонӣ ва Шоҳмансур иборат аст.

Душанбе пойтахти Тоҷикистон, ки соли гузашта аз 90-умин солгарди худро таҷлил кард, ҳанӯз  моҳи октябри соли 1924, вақти таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбакистон - ҳамчун маркази маъмурии ин ҷумҳурӣ интихоб шуда буд. Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Душанбе пойтахти ин ҷумҳурӣ шуд.

Тибқи нақшаи генералии соли 1983, Душанбе барои 750 ҳазор нафар пешбинӣ шуда буд, аммо ҳоло тибқи омори расмӣ, аҳолии ин пойтахт ба 780 ҳазор нафар расидааст ва бо шумули деҳоту шаҳракҳои атрофаш 1 миллиону 51 ҳазор нафар баровард мешавад. Масъулини ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯянд, барои амалӣ кардани барномаи нави шаҳрдории Душанбе дар робита ба таъсиси ноҳияи нав, як гурӯҳи вижаи корӣ таъсис ёфта муваззаф шудааст, то охири моҳи ноябр қаламрави ноҳияи панҷуми Душанберо муайян ва эълон кунанд. 

Бинобар бекорӣ дар музофотҳои Тоҷикистон нерӯи корӣ аз деҳот бештар ба самти шаҳр равона мешавад. Махсусан ҳоло, ки бинорбар шадид шудани қонунҳои муҳоҷирати Русия бисёри шарвандон ҷои кори худро дар он кишвар аз даст додаанд. Аҳолии Душанбе аз ин ҳисоб бештар шуда, ба кори нақлиёт ва зербинои шаҳр таъсир гузоштааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi