21:14:49 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Қарори Убайдуллоев дар бораи сохтмонҳои нав дар Душанбе

Шаҳрдории Душанбе то замони тасвиби таҳрири нави Нақшаи генералӣҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмонҳои баландошёнаро ба мавқуф мегузорад.

ubaydulloev-4512458798.jpgШаҳрдории Душанбе бо судури як қарор ҷудо кардани замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини пойтахти Тоҷикистонро ҳам барои афроди алоҳида ва ҳам барои ширкатҳои сохтмонӣ бозмедорад. Дар қарори шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев омадааст, аз 12 ноябр ва “то анҷоми  тасҳеҳи  нақшаҳои муфассали банақшагирӣ, баррасии дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин, иҷозати сохтмони иншоот ва иншоотҳои истиқоматию ғайриистиқоматӣ... мавқуф гузошта шавад.” Ин қарор ҳанӯз 28 октябр тасвиб шудааст, вале дар сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе рӯзи 10 ноябр нашр шуд.

Як масъули шаҳрдории Душанбе рӯзи 10 ноябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои баландошёна то замони таҳия ва тасвиби таҳрири нави  Нақшаи генералӣ мавқуф гузошта мешавад: “Таҳрири нави Нақшаи генералӣ таҳия шудааст ва ҳоло дар дасти баррасӣқарор дорад. Ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмонҳои нав ба биноҳое, ки дар чорчӯби Нақшаи генералии кунунӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Нодира, Говоров,4, Айнӣ, Дониш ва Титов анҷом мешаванд, ва ҳамин тавр, ба сохтмони биноҳои истиқоматии шахсӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дахл надорад.”

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, масъала танҳо дар тасвиби таҳрири нави Нақшаи генералист ва рабте ба иқтидори шабакаҳои мавҷудаи обу корез(канализатсия)-и шаҳр надорад.

Вале қарори ба мавқуф гузоштани ироаи қатъаҳои замин барои сохтмони биноҳои нав дар шаҳри Душанбе дар ҳоле нашр шуд, ки ҳамзамон бо истиқболҳо аз рушди сохтмон ва қомат афрохтани биноҳои навбанав дар пойтахт, ки симои шаҳрро хеле  тағйир дод, нигарониҳое низ зиёд шудаанд, ки оё шабакаҳои мавҷудаи обу корези Душанбе то куҷо тавони бардоштани бори ин ҳамаро доранд?

Қарори маълум,  ширкатҳои сохтмоние, ки дар Душанбе биноҳои нав месозанд, ин биноҳоро ба шабакаҳои мавҷудаи обу корез пайваст мекунанд ва то ҳол ҳеҷ кадоми онҳо барои сохтани шабакаи нави обу корез барои таъмини биноҳое, ки тоза дар Душанбе қомат меафрозанд, иқдом накардааст. Ин дар ҳолест ки шабакаи обу корези Душанбе мероси замони Шӯравӣ буда, аз лиҳози иқтидор барои шаҳре сохта шудааст, ки ним миллион аҳолӣ дорад. Вале аҳолии Душанбе дар ду даҳаи охир қариб ду маротиба афзоиш ёфт ва бино ба бархе оморҳо, ба 1 миллион нафар наздик мешавад.

Мушкили дигар роҳҳои Душанбест, ки низ аксаран дар замони Шӯравӣ ва барои як шаҳри ниммиллионнафарӣ бунёд шудаанд.

Ба ҳамин далел, Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе амр додааст, то лоиҳаи тасҳеҳшудаи Нақшаи генералии шаҳри Душанберо омода кунад.  Дар қарор аз ин идора хоста шудааст, бо ҳамроҳ бо корхонаҳое, чун идораҳои обу корез ва газу барқи Душанбе, ҳамчунин бо шабакаи гармидиҳӣ ва раёсати сохтмони роҳу кӯпрукҳо рӯи “тасҳеҳ”и нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон кор кунанд.

Нақшаи генералии рушди Душанбе соли 1983 таҳия шуда, таҳрири охиринаш дар соли 2006 тасвиб шуда буд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi