19:55:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Издивоҷ ба сабки нав. Телефон ҷои хостгорҳоро танг мекунад

Cолҳои ахир шеваҳои нави шиносоӣ ва издивоҷ миёни гурӯҳе аз ҷавонон дар Тоҷикистон тадриҷан ҷои усулҳои анъанавию суннатии интихоби ҳамсарро мегирад.

izdivoji-telefoni_4578412.jpgИмрӯз барои Фаридун як рӯзи хос аст. Дӯстдухтараш зодрӯз дорад ва ӯ мехоҳад беҳтарин гулдастаро ба ӯҳадя ва дар ҳамин рӯз ҳам шояд барояш пешниҳоди издивоҷ кунад. Агар Фаридун посухи мусбат бигирад ва издивоҷ кунад, ин боз як оилае хоҳад буд, ки бар асоси муҳаббати телефонӣ бунёд шудааст.

Ин ҷуфтро ду соли пеш як хизматрасонии шиносоӣ, ки тариқи телефони мобилӣ роҳандозӣ шудааст, ба ҳам ошно кард. Фаридун мегӯяд, ки “шиносоии мо аз сӯҳбатҳои маъмулии телефонӣ шурӯъ шуд ва ҳоло муносибати хуб дорем. Худо хоҳад, оянда мехоҳам ҳамсарам шавад.”

Шеваҳои нави шиносоӣ ва издивоҷ миёни гурӯҳе аз ҷавонон дар Тоҷикистон, тадриҷан ҷои усулҳои анъанавию суннатиро мегирад. Бо таваҷҷӯҳ ба майли зиёди ҷавонон ба телефони мобилӣ ва барои кӯмак ба онҳо, имрӯз тавассути ширкатҳои мобилӣ хизматрасонӣ ё клубҳои махсуси шиносоӣ, фаъоланд. “Аморэ Фиеста” “Чақ-Чақ” “Фан-бокс” ҳам аз ҷумлаи ин хизматрасониҳоянд, ки аз 15 то 21 ҳазор истифодабаранда доранд. Дар як соли гузашта тавассути хизматрасонии “Аморэ”, ки азҷониби ширкати “Зарин-М” роҳандозӣ шудааст,  3 ҷуфт хонадор шудааст.

Ҷавонон тавассути ин хизматрасониҳо, маълумотномаҳои кӯтоҳи овозӣ гузошта, барои худ дӯст ё ҳамсар ҷустуҷӯ мекунанд. Аз маълумотномаи кӯтоҳи овозии ҷавондухтарон мешавад хулоса кард, ки ин хизматрасониҳо миёни ҷавонон аз музофот истифодабарандаи бештар доранд.

Масъулини ширкатҳои ироакунандаи ин хадамот низ таъкид мекунанд, ки ҷавонон аз навоҳии кишвар бештар фаъоланд. Шояд ин ҳам ба он хотир, ки ба фарқ аз ҷавонони шаҳрнишин, имконоти шиносоӣ барои ҷавонони ноҳияву деҳот, ки на ҳама донишгоҳ мехонанду маконе барои тафреҳ доранд, маҳдудтар аст. Шартҳои ҷавонон дар интихоби дӯст ва ҳамсар ё шавҳари оянда ҳам мухталиф аст.

“Зервана” номи ширкатест, ки ду сол пеш барои шиносоии ҷавонон ду клуб ё ду навъи хизматрасониро тавассути ширкатҳои мобилии "Вавилон" ва "Билайн" ҷорӣ кардааст. Имрӯз ин хизматрасонӣ 15 ҳазор корбар доштааст.

Аъзам Одинаев, мудири техникии ширкати мазкур, 20 ноябр дар сӯҳбат бо мо гуфт, “ҷавонон аслан бо мақсади оиладор шудан ё дӯсти хубе пайдо кардан аз ин хизматрасонӣ истифода мебаранд. Ба он хотир, ки ин роҳи шиносоӣ осон аст, шумо чанд дақиқа вақти холӣ доред ва метавонад тавассути телефонатон бо арзиши хеле кам ва ҳамсари аз нигоҳу рафтору гуфтор ба худ мувофиқро пайдо кунед.”

Дар мавриди шеваҳои нави шиносоӣ, тариқи интернет ё телефон дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон назарҳо мухталиф аст. Агарчӣҳоло ин роҳи осони шиносоӣ миёни ҷавонон маҳбубият пайдо мекунад, вале онҳое ҳам кам нестанд, ки ба дӯст ё номзадҳои виртуалии чандон эътимод надоранд.

Афзоиши хизматрасониву клубҳои телефонӣ дар ҳолест, ки солҳои ахир маҳфилҳои бунёди оила ва эълонҳо барои дарёфти ҳамсар, дар ҳафтаномаҳо ҳам зиёд ба назар мерасад. Маҳфили “Шанс” -и нашрияи “Оила” 8 сол боз амал мекунад ва ба гуфтаи масъулони ҳафтанома, танҳо дар соли гузашта тариқи ин маҳфили ҳафтанома 50 оила бунёд шудааст.

Абдулмуддассир Аҳмадзода, як масъули ин нашрия мегӯяд, “барои фиреб нахӯрдани ҷавонон, назорати ҷиддӣ бурда мешавад ва танҳо тариқи сӯҳбатиҳузурӣ ба ҷонибҳо барои дарёфти телефону суроғаи ҳамдигар кӯмак мекунем.”

Ҷаноби Аҳмадзода мегӯяд, афзоиши хизматрасониҳои нав барои шиносоии ҷавонон метавонад дар коҳиш ёфтани мавориди ҷудошавии оилаҳо кӯмак кунад. Зеро ҷавонон ҳамдигарро хуб омӯхта, баъдан тасмими издивоҷро мегиранд: “Замона пеш меравад, хоҳем-нахоҳем бояд мувофиқ бошем. Солҳои пеш мегуфтанд, шавҳар ё ҳамсари худро бори аввали зери чодари арӯсӣ дидам. Чунин буд. Аммо имрӯз бо пешрафти фанновариҳо ва пайдо шудани воситаҳои нави муошират, ҷавонон хоҳ- нохоҳ хеле қабл аз арӯсӣ бо ҳам шинос мешаванд ва ин хуб аст, чун одам бояд донад, ки ҳамсафари зиндагиаш кӣ аст.”

Бо ин ҳама, “Аморэ” ва “Чақ Чақ” ин фақат як роҳест, ки ширкатҳо барои ошноӣ ба як ҷавон пешниҳод мекунанд. Аммо муҳим ин нест, ки шумо ҳамдигарро тариқи телефону интернет ё бо кӯмаки волидон пайдо мекунед. Муҳим ин аст, ки интихоби шумо дуруст ва издивоҷатон поянда бошад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi