23:14:29 11-уми Июни 2026 сол

“Замин ганҷинаи инсоният аст!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории истифодаи заминро дар давраи 9 моҳи соли 2025 таҳлилу ҷамъбаст намуд.

5 zamin khatlon 65565445455Муайян гардид, ки дар ин давра кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои талаботи фармони зикршудаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва прокуратураи вилоят, дар асоси дастуру супоришҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори вилоят ва нақшаҳои корӣ фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшида, назорати иҷрои қонунгузории заминро бозҳам пурзӯр ва чораҳои самараноки прокурорӣ андешида, корҳои муайянеро ба сомон расониданд.

Нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти назорати прокурорӣ оид ба назорати иҷрои қонунгузории истифодаи замин дар давраи 9 моҳи соли 2025 рӯ ба пешравӣ ниҳода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чунин мебошад:

Р/т

Номгӯи санадҳои эътиноии прокурорӣ:

9-моҳи соли 2024

9-моҳи соли 2025

Фарқият:

1

Санҷишҳо

131

133

+2

2

Қонунвайронкуниҳо

4926

5295

+369

3

Амрҳо

814

914

+100

4

Эътирозҳо

805

918

+113

 

Аз ин ба қарорҳои раиси шаҳру ноҳияҳои вилоят

359

413

+54

5

Пешниҳодҳо

424

447

+23

6

Интизомӣ

311

347

+36

7

Моддӣ  

533

542

+9

8

Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

1650

1726

+76

9

Маблағи зарари барқароршуда

1357189 сомонӣ

1474995 сомонӣ

+117806 сомонӣ

10

Парвандаҳои ҷиноятӣ

426

436

+10

 

Аз ин коррупсионӣ

64

76

+12

 

Иқтисодӣ-коррупсионӣ

40

42

+2

11

Заминба ҳолати аввала бозпас гардонида шуд.

53,68

55,23

+1,55

Чуноне, ки аз ҷадвали муқоисавӣ бармеояд дар ҳудуди вилоят дар давраи таҳлилӣ вобаста ба самти назорати иҷрои қонунгузории замин нишондиҳандаҳои фаъолият беҳтар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва барои рафъи онҳо чораҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, барои пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт, мустаҳкам намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат карда шуд.

Дарбаробари индарҳудуди вилоят ҳолатҳое ҷой дорад, ки кормандони Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо солҳои зиёд бе музди меҳнати моҳона кор карда, вале ягон шикоят намекунанд, ки ин ҳолат худ ба таври доимӣ ба амалҳои ғайриқонунӣ даст доштани кормандони ин мақомоти назоратиро дар соҳаи замин шаҳодат дорад.

Масалан, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш Тағоев И. бо фармоишҳои худ давоми солҳои 2023-2024 шаҳрвандон Одинаев Р., Давлатов У. ва Достиев Д.-ро ба ҳайси мутахассиси заминсозӣ ба таври шартномавӣ ба кор қабул карда, вале таъмини пардохти музди меҳнати кормандонро ба иҷро намерасонад, ки дар натиҷа бархилофи талаботи қисми 2 моддаи 19 ва моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнати мутахассисон зиёда аз як сол пардохт карда нашудааст.

Ин ҳолатро прокуратураи вилоят ошкор карда, бо натиҷаи санҷиш нисбати раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш Тағоев И. бо моддаи 153 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар давраи таҳлилӣ бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 55,23 (53,68) гектар қитъаҳои замини зери сохтмони худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввалааш бозпас гардонида шуд.

Прокуророни ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён, Хуросон ва шаҳри Норак фаъолиятро вобаста ба бозпас гардонидани қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашудаи зери сохтмон дуруст ба роҳ монда, корҳои назаррасро иҷро кардаанд, ки ҳамчун кори хуб қобили қайд мебошад.

Дар ин давра, аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ низ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба самараноку оқилона истифодабарии замин, бахусус оқибатҳои номатлуби ғасби замин, сохтмонҳои худсарона, хариду фурӯши замин ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон беҳтар гардида, бо ин мақсад дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин байни фаъолони деҳаю маҳаллаҳо ва бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва масъулони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои замин, меъморию шаҳрсозӣ, ҳифзи муҳити зист, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои давлатии ҷангалу беҳдошти замин ва обёрӣ вохӯриҳо доир намуда, тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла тавассути радио баромадҳо ба шунавандагон ва тариқи чопи мақолаҳо дар шабакаҳои интернетию маҷаллаҳо хонандагон пешкаш гардонида шуда, дар умум 240 (234) маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида, ба ин васила низ баҳри пешгирии минбаъдаи қонунвайронкуниҳо дар ин самт мусоидат карда шуд.

Бояд гуфт, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва худи кормандони идораи замин роҳбарияти прокуратураи вилоят диқкати зарурӣ дода, пайваста тариқи маърӯзаву сӯҳбатҳо бо аҳоли ва масъулони соҳа омӯзиши мавзӯъҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ менамояд.

Чи тавре,ки дар урфият мегӯянд, замин ганҷи инсоният аст ва аз ин ганҷ мо бояд ба таври қонунӣ, дуруст ва боэҳтиром истифода барем.

Абдурозиқзода И., Сардори бахши назораи иҷрои қонунгузориҳои замини прокуратураи вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 2

Назари Шумо

Security code
навсозӣ