“Қонун назорат мешавад!”
Прокуратураи вилоят ҳолати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон»-ро дар 9 моҳи соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода, баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ноболиғон ва ҷавонон дар асоси чорабиниҳои нақшавӣ ва қарорҳои маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва вилоят оид ба ҳолати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимои маъюбон» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки бевосита ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакони маъюб ва кӯдакони аз оилаҳои ниёзманд равона шудаанд, инчунин, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ, ки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатиро дар қисми огоҳкунӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ба танзим медароранд корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Дар 9 моҳи соли 2025 аз тарафи шуъба дар ҳамоҳангӣ бо прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар мақомоту идораҳои дахлдори давлатӣ 143 (139) маротиба санҷиш гузаронида шуда, бо натиҷаи он 755 (646) амр, 418 (398) пешниҳод, 638 (583) эътироз оварда шуда, бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 1410 (1385) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 581 (544) нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 1029 (1020) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи 27,8 (26) млн сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.
Дар давраи таҳлилӣ бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин самт 205 (185) парвандаҳои ҷиноятӣ, оғоз карда шуда, маблағи 27 889 064 сомонӣ зарарҳои расонидашуда ошкор карда шуд, ки аз ин 13 510 018 сомонӣ зарар ба манфиати шаҳрвандон ва муассисаҳои давлатӣ ва 1 510 600 сомонӣ зарар ба давлат мебошад, ки онҳо пурра барқарор шудаанд.
Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ содир кардани ҷиноятҳои суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ, сохтакории хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии коррупсионӣ ҷой дошта, вобаста ба ин ҳолатҳо 49 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст.
Ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода шуд.
Дар ҳудуди вилоят 1401 муассисаҳои таълимӣ аз ин 53 муассисаи ибтидоӣ, 125 муассисаи асосӣ, 1158 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 19 гимназия, 25 литсей, 8 мактаб–интернати кӯдакони ятим, 1 мактаб–интернати ёрирасон, 4 мактаб–интернати кӯдакони лаёқатманд–(3 мактаб–интернат барои кӯдакони лаёқатманд ва 1 мактаб–интернат барои кӯдакони лаёқатманди ятим) ва 4 интернати наздимактабӣ фаъолият намуда истода, дар онҳо 9 00 ҳазору 598 нафар хонандагон, аз ҷумла 436 ҳазору 252 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 33 ҳазору 413 хонанда нисбати соли таҳсили 2023-2024 зиёд мебошад.
Дар давраи таҳлилӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 45 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 40 нафар кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла нисбати 1 нафар мудирони шуъбаҳои маориф (Шаҳритус), 2 нафар омӯзгорони донишгоҳ (Левакант, Данғара), 1 нафар мушовири шуъбаи маориф (Панҷ), 17 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (Темурмалик-2, Муъминобод-2, Хуросон, Левакант, Вахш, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Панҷ, Н.Хусрав, Кӯлоб, Данғара, Восеъ ва Ш.Шоҳин), 1 нафар директори Мактаб-интернат (Восеъ), 4 нафар мудирони муассисаи таҳсилоти томактабӣ (Панҷ-2, Левакант, Фархор), 2 нафар сармуҳосибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (Восеъ), 1 нафар раиси созмони хонандагон (Ёвон), 1 нафар мудири анбор (Муъминобод), 2 нафар ҷонишини директор (Бохтар, Норак), 4 нафар омӯзгор (А.Ҷомӣ-3, Левакант) ва 4 нафар масъулин (Левакант (2), Қубодиён) оғоз карда шудааст.
Санҷиши ҳолати истифодаи самараноки заминҳои муассисаҳои таълимӣ нишон дод, ки то инҷониб ҳолатҳои ғайриқонунӣ додани заминҳои муассисаҳои таълимӣ ҷой дорад.
Ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода шуд. Санҷишҳои прокурорӣ нишон дод, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ҷой дорад, ки нисбати чунин қонунвайронкуниҳоии ошкоргашта чораҳои эътиноии прокурорӣ андешида шуд.
Таҳлил нишон дод, ки дар 8 моҳи соли равон вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ташвишовар боқимонда, аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 152 (152) ҷиноят аз ҷониби 133 (121) нафар ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Аз ноболиғони даст ба ҷиноят зада 12 нафар ба кор ва таҳсил машғул набуда, боқимонда 121 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Аз шумораи ҷиноятҳои аз тарафи наболиғон ба қайд гирифта шуда, дуздӣ-88 (103), муомилоти ғайриқонунӣ бо маводҳои нашъадор-1 (0), расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-1 (2), ғоратгарӣ-5 (2), авбошӣ-31 (23), таҷовуз ба номус ва дигар ҳаракатҳои бадахлоқона-1 (1), расонидани зарари миёна ба саломатӣ-8 (4), вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ-4 (1), қаллобӣ-1 (0) қасдан расонидани зарар ба молу мулки ғайр-3 (4) ва дигар намуди ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст.
Таҳлил нишон дод, ки аз 152 ҷиноятӣ дар ин давраи соли равон содирнамудаи ноболиғон 88 ҷиноят ё 57,8%-и онро ҷиноятҳои дуздии молу мулки ғайр ташкил медиҳад.
Таҳлил нишон дод, ки сабабҳои даст ба ҷинояткорӣ задани ноболиғон аз як тарафи беназоратии падару модар бошад, аз тарафи дигар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои тарғиботию ташвиқоти оид ба пешгирии ҷинояткории ноболиғон мебошад.
Аз тарафи кормандони прокуратура дар давраи ҷамъбастии 9-моҳи соли равон баҳри баланд бардоштани маърифта ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ин асос ҷавонону қудакон чораҳои зарурӣ андешида, 412 маротиба дар ташкилоту муассисаҳо сари ин масъала баромад намудаанд. Ҳамчунин тариқи васоити ахбори омма
Прокуратураи вилояти Хатлон, вобаста ба баланд бардоштани самаранокии назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон чораҳои амалӣ хоҳад андешид.
Шарифзода Д.Ш., Сардори шуъбаи назорати ичрои қонунҳо оид ба ноболигон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Хатлон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1
















