23:13:57 11-уми Июни 2026 сол

“Хизмат ба ватан фарз аст!”

Дар давраи сипаригаштаи 9-моҳи соли равон аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолати риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 170 маротиба ва оид ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” 96 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, моҳияту мӯҳтавои талаботи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми аҳолӣ фаҳмонида шудааст.

6 khimat ba vatan 56555454Ҳамзамон, 32 маротиба тариқи ВАО корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботҳои моддаи 43 Конститтутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” гузаронида шуд.

Санҷишҳои прокурорӣ муайян намуд, ки гарчанде аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар субъектони таъминкунандаи қонуни мазкур корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, вале дар фаъолияти онҳо вайрон намудани талаботҳои моддаи 10-и Қонуни болозикр ҷой доранд.

Тибқи талаботи моддаи 10-и Қонуни мазкур, мақомоти корҳои дохила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуғли аҳолӣ, мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, суд, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот уҳдадоранд дар муҳлати 7 рӯз бо дархости комиссариати ҳарбӣ маълумотҳои дар бораи шаҳрвандони ба қайди ҳарбӣ дохилшаванда ва дар қайди ҳарбӣ бударо, ки барои ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ дохил кардан заруранд, фиристонанд.

Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ муайян карда шуд, ки комиссиариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дар асоси дархостҳои хаттии худ маълумотҳои заруриро аз мақомоти суд, прокуратура, корҳои дохила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот талаб намудаанд. Аммо, дар баъзан ҳолатҳо бо дархостҳои комиссариат, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, САҲШ, КАТС, шуғли аҳолӣ ва дигар ташкилотҳо умуман ҷавоб нагардонида, хилофи талаботи моддаи 10 қонуни мазкур амал намудаанд, ки ин ҳолат ба рафти иҷрои нақшаи даъват таъсири манфии худро расонидааст.

Бояд қайд кард, ки чунин қонунвайрокуниҳо қариб, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷой доранд. Аммо, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ба ин қонунвайронкуниҳои ҷойдошта фориғболӣ намуда, нисбати қонунвайронкунандагон дар доираи ваколаташон чора намеандешанд.

Ҳоло он, ки тибқи талаботи моддаи 132 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссариатҳои ҳарбӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 683-691 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ намоянд.

Дар ин давра аз тарафи прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо бошад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 683-686 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Чунончи, Шарипов А.Ш. сокини ноҳияи Шаҳритус ҳамчун даъватшаванда, хилофи талаботи моддаи 20 ва 335 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” амал намуда, даъватномаи комиссариати ҳарбии ноҳияро гирифта, барои гузаштан аз комиссияи тиббӣ ҳозир нашудааст.

Оид ба ин ҳолат аз тарафи прокуратураи ноҳияи Шаҳритус нисбати Шарипов А.Ш. бо моддаи 683 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ирсол карда шуд.

Ба ҳамин монанд, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Шаҳритус боз нисбати 12 нафари дигар бо моддаи 683 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Инчунин, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Кӯшониён барои дар мӯҳлат пешниҳод накардани рӯйхати шаҳрвандоне, ки бояд ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта шаванд нисбати 7 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 684 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ирсол карда шуд.

Дар ин давра аз тарафи прокуратураи шаҳру ноҳияҳо 25 парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 343 қисми 1 КҶҶумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст. Аз ин, ба прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Данғара 3-тогӣ, Кӯлоб, Фархор, Муъминобод, Левакант, Ҷайҳун 2-тогӣ, Норак, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён, Ёвон, Восеъ, Ш.Шоҳин 1-тогӣ рост меояд.

Чунончи, Даминов Баҳриддин Олимҷонович, таваллудаш 11 сентябри соли 2004, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, Ҷамоати деҳоти Маданият, деҳаи Ғайрат аз соли 2020 инҷониб дар қайди Комиссариати ҳарбии ноҳия буда, дар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбии ноҳия 1 апрели соли 2025 аз муоинаи тиббӣ гузашта, тибқи хулосаи духтурон номбурда солим буда, ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қобил дониста шудааст. Номбурда пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизматӣ ҳарбӣ» амал намуда, бе сабабҳои узрнок ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир нашуда, уҳдадориашро дар хусуси адо кардани хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба иҷро нарасонида, аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон шудааст.

Оид ба ин ҳолат 11 июни соли 2025 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Ҷ.Балхӣ нисбати Даминов Б.О. бо моддаи 343 қисми 1 КҶҶумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Новобаста аз ташкилу гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баъзе аз шахсони мансабдори комиссариатҳои ҳарбӣ даст ба содир намудани ҷинояти гирифтани пора ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ задаанд.

Чунончи, Ҳусейнов Далер Муҳибуллоевич, таваллудш 5 ноябри соли 1983, сокини ноҳияи Данғара, Ҷамоати деҳоти Сафобахш, деҳаи Файзбахш, бо Фармоиши Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 18 июли соли 2022, №0205 ба вазифаи сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Данғара кору фаъолият намуда, барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд Ботуров Ҷаҳонгир Холмуродович, таваллудаш 1 ноябри соли 2001, сокини ноҳияи Данғара, Ҷамоати деҳоти Сафобахш, деҳаи Меҳтар, ки аз рӯи синну солаш даъватшаванда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз бародари даъватшаванда маблағи 10000 сомонӣ ба сифати пора талаб карда гирифтааст.

Оид ба ҳолати мазкур 9 апрели соли 2025 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Данғара нисбати Ҳусейнов Д.М. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъият ба прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб ирсол карда шуд.

Ё ин, ки 22 феврали соли 2025 шаҳрванд Ҳакимова Турсуной Абдуллоевна, сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад, бинои 9, ҳуҷраи 29 бо аризаи худ унвонии прокурори шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки корманди Комиссариати ҳарбии шаҳр бо номи “Зоҳир” барои ба хизмати ҳарбӣ ҷалб накардан ва мавқуф гузоштани хизмати писараш Раҳимов Азимҷон Обидович, таваллудаш 16 сентябри соли 2003 маблағи 3000 сомонӣ талаб кардааст ва аз ин маблағи 2000 сомониашро ба Зоҳир корманди комиссариат додааст. Номбурда баъди гирифтани 2000 сомонӣ қонеъ нагардида, боз талаби маблағи 1000 сомонӣ дигарро карда, баъди гирифтани маблағи ба сифати пора талабкардааш ваъда додааст, ки минбаъд писараш Раҳимов А.О.-ро ба хизмати ҳарбӣ даъват накарда, мавқуф мегузорад.

Оид ба ин ҳолат 27 феврали соли 2025 аз тарафи прокуратураи шаҳри Бохтар нисбати “Зоҳир” ном шахс корманди Комиссариати ҳарбии шаҳр бо моддаи 32-319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъият ба прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ирсол карда шудааст.

Хизмат дар сафҳо Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаря як шаҳрванд фарз буда,фарзандони бошарафи кишвар қарзи фарзандии худро бояд дар назди Модар-Ватан бо сарари баланд ва ифтихори баланди ватандӯстӣ бояд ба иҷро расонанд.

Аз ин рӯ ба ҷавонони мо зарур аст,ки баҳри хизмат дар артиши кишвар ҳама вақт тайёр бошанд ва падару модарон низ фарзандони худро дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия ва ба воя расонанд!

Шарифзода Д.Ш., Сардори шуъбаи назорати ичрои қонунҳо оид ба ноболигон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Хатлон,ҳуқуқшиноси дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ