21:38:31 11-уми Июни 2026 сол

“Риояи қонун ҳатмист!”

Прокуратураи вилоят ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар фаъолияти шуъбаю бахшҳои дин, танзими ҷашну маросими мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят дар 9 моҳи соли 2025 мавриди санҷиш ва таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

2 riouai qonun 112544Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 182 адад комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин 1586 комиссияҳои ҷамъиятии танзими ҷашну маросими ташкилоту муассисаҳо амал менамоянд.

Санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти ин комиссияҳо нишон дод, ки дар ҳудуни вилоят ташкилоту муассисаҳое фаъолият мекунанд, ки то ба ҳол дар онҳо комиссияи доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода нашуда ва дар баъзе ҳолатҳо комиссия таъсисдодашуда бошад ҳам, аммо он умуман фаъолият намекунад.

Чунончи, санҷиш дар шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар нишон дод, ки дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, таҳти №95 бо фармоиши фармоиши мудири шуъбаи мазкур аз 23 майи соли 2025, таҳти №16/фф дар шуъбаи зикршуда Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим иборат аз 7 нафар тасдиқ карда шуда, вале то ҳол дар онҷо , гӯшаи танзими ҷашну маросим ва дафтари сабти маъракаҳои кормандон ҷиҳати ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ ташкил карда нашуда, дар давоми соли 2024 ва сипаришудаи соли 2025 ягон маротиба ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ гузаронида нашудааст.

Ё ин, ки санҷиш дар Ҷамоати деҳоти “Золи-Зар”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ муайян намуд, ки то ба ҳол комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода нашуда, ҷиҳати ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур коре ҳам ба анҷом расонида нашудааст.

Бо ҳамин монанд, қонунвайронкуниҳо дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ вилояти Хатлон ва дигар ташкилоту муассисаҳои вилоят ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда амр ва пешниҳод ирсол карда шуд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ин давра ҳамагӣ 229 ҳолати вайрон намудани талаботҳои Қонуни мазкур ошкор карда шудааст.

Ҷамъбасти ҳолати риоя ва иҷрои ин қонун нишон дод, ки аз ҷониби РАНДМ ва МК дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ҳамагӣ 256 маротиба вобаста ба фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути воситаи ахбори омма ва дар коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ вохӯрию суҳбатҳо анҷом дода шуда, ду ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ошкор ба барои минбаъд ба суд ирсол намудан, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ирсол карда шудааст.

Таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки аз ҷониби кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути воситаи ахбори омма ва дар коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ вохӯрию суҳбатҳо анҷом дода мешавад.

Новобаста аз корҳои анҷомдода то ба ҳол холатҳои аз ҷониби шахсони алоҳида риоя ва иҷро накардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мушоҳида расида, дар ин давра аз ҷониби прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 189 ҳолати вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор гардида, бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Аз шумораи 189 қонунвайронкуниҳои ошкоршуда, 7-адад барои ғайриқонунӣ баргузор намудани ҷашни зодрӯз, 6-адад маросими ҳаҷ, 5-адад набастани шартнома бо сарояндагон, 3-адад хатнасур, 16-адад маросими азодорӣ, 9-адад дар тӯи домодию арусӣ пошидани пул, 39-адад нагирифтани тавсиянома, 2-адад гусели арӯсу домод бо истифодаи бештар аз 4 автомошинаи сабукрав ва боқимонда 102-адад вобаста ба баргузории туйи домодию арусӣ риоя накардани ҷойи баргузорӣ, вақти баргузорӣ ва зиёда аз се соат, рост меояд, ки нисбати 81 нафар бо моддаи 481 қисми 1, 30-нафар қисми 2, 67-нафар қисми 3, 5-нафар қисми 4 ва нисбати 6-нафар қисми 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.

Ҳамин тариқ, аз натиҷаи 75 санҷиш баҳри бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 161 пешниҳод, 55 амр унвони шахсони мансабдор ирсол карда шуда, бо санадҳои ғайриқонунӣ 16 эътироз оварда, нисбати 166 нафар истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, нисбати 189 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 4 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят вобаста ба фаҳмонидани нуктаҳои қонуни мазкур дар байнӣ аҳолӣ ва дар ташкилоту муассисаҳо 302 вохӯриву сӯҳбаҳо гузаронида шуда, тариқи васоити ахбори омма низ баромадҳо роҳандозӣ карда шудаанд.

Прокуратураи вилоят минбаъд низ ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро зери назорати доимӣ қарор дода, дар ин самт мунтазам санҷиш гузаронида, оид ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунии ошкоршуда чораои судманд меандешанд.

Насриддинзода З.С., Прокурори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 3

Назари Шумо

Security code
навсозӣ