21:38:13 11-уми Июни 2026 сол

“Андоз супоред, андоз накӯст!”

Прокуратураи вилояти Хатлон ҳолати иҷрои қонунгузории андозро дар давоми 9 моҳи соли 2025 мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

3 andoz 325645545Муайян карда шуд, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 10-уми декабри соли 2024 таҳти № 285, ҳаҷми умумии даромади буҷети вилоят ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 аз ҳамаи манбаҳои маблағузорӣ ба маблағи 3038,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 1147.1 млн. сомонӣ тасдиқ карда шудааст.

Ҳаҷми хароҷоти буҷети вилоят бошад, ба маблағи 3038,3 млн. сомонӣ тасдиқ карда шуда, иҷроиши он ба мабалағи 2937,9 млн. сомонӣ ё худ 97 % таъмин карда шудааст.

Ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилояти Хатлон бе назардошти маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ҳамагӣ даромадҳо ба қадри 100 % таъмин гардида, ба буҷети вилоят 1801,3 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 8, 5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Таҳлил нишон дод, ки тибқи нақшаи пешбинишуда ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2025 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба қисми даромади буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят ба андозаи 1147,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоят тибқи нақша 194.7 млн. сомонӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) пешбинӣ шуда, ба буҷети шаҳру ноҳияҳо равона гардидааст.

Маблағҳои ҷудо гардидаи мусоидати молиявӣ (субвенсия) асосан барои пардохти музди меҳнат ва фонди нафақа равона гардида, дар ин самт хароҷот гардида, ҳодисаҳои аз тарафи мақомоти молия ва андоз бе асос баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохташудаи андоз аз арзиши иловашуда ва анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо бо буҷа (кам кардани қарздории субъект аз намудҳои дигари андоз) ҳангоми барзиёд пардохтани андоз аз арзиши иловашуда ҷой надоранд.

Ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 иҷроиши нақшаи даромадҳо, пардохтҳои давлатӣ ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 2672,3 млн. сомонӣ ё худ 101,0 % таъмин карда шудааст, ки нисбати нақша 26,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, андозҳои давлатӣ ба маблағи 1797,7 млн. сомонӣ, ё худ 100,5 % ба буҷети давлат ворид карда шуда, иҷрои нақшаи дар назардоштаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 874.6 млн. сомонӣ ё худ 102,1 % ба иҷро расонида шудааст.

Муайян карда шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 қарзи ташкилоту муассисаҳо ва субъектони андозсупоранда дар назди буҷет ба маблағи 172,9 млн. сомонӣ ташкил дода, дар давраи таҳлилӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 он ба 258,3 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 85,4 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Аз маблағи умумии қарздори 55,0 млн. сомонии он фоизҳо буда, қарзи асосии андозҳо 203, 3 млн. сомониро дар бар мегирад.

Қарздории субъектони андозсупоранда ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар 16,2 млн. сомонӣ, Левакант 5,3 млн. сомонӣ, Норак 3,8 млн сомонӣ, Кӯлоб 25,4 млн. сомонӣ, Кӯшониён 12,9 млн. сомонӣ, Вахш 19,8 млн. сомонӣ, Восеъ 20,3 млн. сомонӣ, А.Ҷомӣ 9,1 млн. сомонӣ, Фархор 13,3 млн. сомонӣ, Данғара 17,2 млн. сомонӣ, Ҷ.Балхӣ 17,0 млн. сомонӣ, Шаҳритус 11,8 млн. сомонӣ, Темурмалик 7,4 млн. сомонӣ, Ёвон 7,2 млн. сомонӣ, Хуросон 4,9 млн. сомонӣ, Дӯстӣ 10,4 млн. сомонӣ, Қубодиён 5,8 млн. сомонӣ, Ҷайҳун 6,9 млн. сомонӣ, Панҷ 9,0 млн. сомонӣ, Н. Хусрав 3,3 млн. сомонӣ, Мӯъминобод 3,3 млн. сомонӣ, М.С.А. Ҳамадонӣ 15,6 млн. сомонӣ, Ховалинг 6,1 млн. сомонӣ, Ш.Шоҳин 4,3 млн. сомонӣ ва Балҷувон 1,5 млн. сомонӣ рост меояд.

Таҳлили гузаронида муайян намуд, ки яке аз сабабу омилҳои афзоишёбии бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят асосан роҳандози гардидани рақамикунонии барномаи СМИИА Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар навбати худ бақияи қарзи андозҳои беэътимод ва мушкилситон, ки бо сабабҳои вафот намудани ворисони субъектон, аломатҳои муфлисшавӣ, гузаштани мӯҳлати даъвои онҳо, дар кофтукови ҷиноятӣ ё дар маҳбас қарор доштани роҳбарон ва муассисони корхонаҳо ва субъектоне, ки солҳои тулони аз фаъолият боз мондаанд азнавбаҳисобгири гардида, ҷиҳати дурустии баҳисобгирӣ ва корбарии минбаъда дар хусуси давра ба давра кам кардани бақияи қарзи андозҳо ҳамчун қарзҳои эътирофнамуда ба ҳисоб гирифта шудааст.

Сабабҳои дигари зиёд гардидани бақияи қарзи андозҳо бошад аз ҷониби худи андозсупорандагон саривақт иҷро накардани уҳдадориҳои андозӣ ба ҳисоб меравад, ки талаботҳои моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар мавридҳо риоя намегардад, ки боиси афзоиш ёфтани бақияи қарзи андозҳо гардида истодааст.

Ҳолати дигари зиёдшавии бақияи қарзи андозҳо ин ҳисоб гардидани фоизу ҷаримаҳо барои саривақт таъмин нашудани уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупорандагон ба назар мерасад.

Нақшаи даромадҳо, пардохтҳои давлатӣ ва андози иҷтимоӣ дар Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1 сентябри соли 2025-ум 674.8 млн сомонӣ тасдиқ гардида, иҷроиши он ба андозаи 623.7 млн. сомонӣ ё худ 92,0 % таъмин карда шудааст, ки нисбати нақшаи дар назардошта 51,0 млн. сомонӣ кам мебошад. Аз ҷумла, андозҳои давлатӣ ба маблағи 556.5 ҳазор сомонӣ, ё худ 90,0 % ба буҷет ворид карда шуда, иҷрои нақшаи дар назардоштаи воридоти андози иҷтимоӣ ба маблағи 67.2 млн. сомонӣ ё худ 114,0 % ба иҷро расонида шудааст.

Сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷет ва намудҳои алоҳидаи андоз дар давраи таҳлилӣ ин ба таври пурра фаъолият накардани ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», ҶДММ «Ширкати байналмиллалии истеҳсолии Чжунтай Моҳир семент»-и дар ноҳияи Ёвон, ҶДММ ИА «Водии заррин» дар ноҳияи Ҷайҳун ва қатъ гардидани фаъолияти ҶДММ «Таъминоти Сарбанд», ҶДММ «Абубакри Дилшод» дар шаҳри Левакант мебошад, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ҷамъиятҳои зикршуда уҳдадориҳои худро дар назди буҷет пурра таъмин накарданд.

Дар давраи ҷамъбастӣ аз тарафи гурӯҳи назорати иҷрои қонунгузории андози прокуратураи вилоят дар якҷоягӣ бо прокуророни шаҳру ноҳияҳо 120 (119) санҷишҳо гузаронида, бо натиҷаи он 2953 (2912) қонунвайронкуниҳои ошкор карда шуда, ҷиҳати бетаъхир бартараф намудани онҳо, бахусус пардохти бақияпулиҳои қарзи андоз ба субъектони андозсупоранда 1314 (1300) адад амр дода шуда, тибқи амрҳо ба буҷет бо рамзи “64” маблағи 90,0 (84,5) млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда 171 (168) пешниҳод ирсол карда шуда, аз рӯи баррасии онҳо ва қарорҳои прокуророн нисбати 113 (127) нафар шахсони масъул муҷозотҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 131 (108) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамзамон аз тарафи гурӯҳ ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо ба 354 (350)-адад қарорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти ҳудудии андоз эътироз оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пурра қонеъ гардида, ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ карда шудаанд.

Инчунин, дар ин давра ҷиҳати ба тариқи судӣ рӯёнидани маблағҳои қарзи андоз 2 аризаи даъвогӣ ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ ба суди иқтисодии вилоят пешниҳод карда шудааст, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, қонеъ карда шудаанд.Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ин самт 27 (26) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди пешбурди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Дар ин давра аз тарафи кормадони прокуратураи вилояти Хатлон вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии андозсупорандагон корҳои муйяне ба анҷом расонида шуда, дар байни аҳолӣ ва дар ташкилоту муассисаҳо доири мавзӯъҳои ҳуқӯқӣ 190(185) маротиба сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.Ҳамчунин дар ин асос барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кормандони нозироти шаҳру ноҳияҳо низ чораҷӯӣ карда шуд.

Прокуратураи вилояти Хатлон минбаъд ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки назоратро дар ин самти назоратӣ пурзӯр намуда, сифату самаранокии санҷишҳои прокурориро боз ҳам баланд бардошта, оиди ҳар як камбудию қонунвайронкуниҳои ошкоргашта саривақт чораҳои таъсиррасонии прокурориро меандешад.

Муродализода С.Д., Ёрдамчии калони прокурори вилоятоид ба назорати иҷрои қонунгузории андози прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ