«Тарбияи кӯдак масъулият мехоҳад!»
Прокуратураи вилоят тибқи ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро дар 9 моҳаи соли 2025 мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.
Дар ин давра баҳри бартараф кардани қонунвайронкуниҳои ошкор карда шуда, аз тарафи шуъба ва прокурорини шаҳру ноҳияҳои вилоят унвонии роҳбарони мақомотҳои дахлдор 198 (189) адад амр, 78 (75) адад эътироз, 172 (148) адад пешниҳод оварда шуда, 467 (411) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 80 (71) нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, нисбати 469 (733) нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбати 102 (81) нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки дар давраи таҳлилӣ баҳри ташвиқу тарғиби мазмуну мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҷиҳати амалан иҷро гардидани талаботҳои он, дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи кормандони дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо 198 сӯҳбату вохӯриҳо, аз тарафи ШОПҲНҶ РВКД дар вилояти Хатлон ва шуъбачаю гурӯҳҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар идораву ташкилотҳо, муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2332 сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шудааст.
Санҷишҳои прокурорӣ собит намуд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда дар фаъолияти масъулини мақомотҳои марбута дар ин самт ҳанӯз ҳам, камбудию норасогиҳо ба назар расида, аксаран фаъолияти масъулини соҳа ҷиҳати бурдани корҳои ташвиқу тарғиб ва фаҳмонда додани талаботҳои қонуни зикршуда, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар байни наврасону ноболиғон ба таври дахлдор амалӣ карда намешаванд. Азҷумла, вобаста ба масъалаҳои риояи шарту шароитҳои тарбия, таълим, нигоҳубини кӯдак, бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар байни ноболиғон чораҳои андешидаи масъулини соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят нокифоя буда, то ба ҳол қонунвайронкуниҳо ба монанди ба таҳсил пурра фаро нагирфтани ноболиғон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва содирнамоии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ба мушоҳида мерасанд.
Баҳри дар амал иҷро накардани ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модарон ва омӯзгорон дар раванди таълиму тарбияи кӯдак, оид ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо нисбати 469 нафар, аз тарафи шуъбаи огоҳонии пешгирӣ ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон, шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон ва шуъбаю гурӯҳҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад нисбати 2978 нафар, дар маҷмӯъ нисбати 3447 нафар падару модар ва омӯзгорон парвандаҳои ҳуқуқвайрнкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.
Вобаста ба қарорҳои ғайриқонунии судҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуатураи вилоят 6 адад эътирози назоратӣ оварда шудааст, ки ҳамаи онҳо қонеъ гардидаанд.
Новобаста аз он, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба манъ будани ҷалби ноболиғон ба гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ тавассути васоити ахбори омма, мунтазам сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шавад ҳам, вале баъзе падару модарон дидаю дониста фарзандони ноболиғи худро ба назди шахсони алоҳида, ки ҳуқуқи додани таълимоти диниро надоранд мегузоранд.
Оид ба ин ҳолатҳо аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят 119 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор гардида, нисбати 105, нафар бо моддаи 4742 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои додани таълимоти динӣ) ва нисбати 14 нафар бо моддаи 4742 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои гирифтани таълимоти динӣ) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудаанд.
Қобили қайд аст, ки новобаста аз чораҳои андешида то инҷониб бархе аз падару модарон монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмӣ ва иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак ҷой дошта, аз тарафи дастгоҳи прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 92 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 164 ва 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҳар як падару модар уҳдадор аст, ки ба фарзанди худ барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳаё намоянд, инчунин шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром карда ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд. Аммо, баъзан падару модар ин талаботи қонунгузориро сарфи назар карда, даст ба ҷиноят мезананд.
Қобили зикр аст, ки ба зиндагии мустақилона омода намудани фарзандон уҳдадории падару модар буда, ин меъёри қонун, қабл аз ҳама баҳри ҳифзи саломатии насли наврас, инкишофи ҷисмонӣ ва маънавии онҳо равона гардидааст.
Мутаасифона таҳлилҳо нишон дод, ки дар миқёси вилоят ҳолати ба шавҳар додани духтари ноболиғ аз ҷониби падару модар ва бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст ҷой дошта, аз натиҷаи санҷиш нисбати 10 нафар падару модарон парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 168-169 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Таҳлилҳо нишон дод, ки дар ин давра аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 159 адад парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 164-88, 168-10, 169-2 ва 177-59 мавриди баррасӣ карор дода шудааст.
Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии аз тарафи суд баррасӣ гардида, бо 32\32 ҷазо дар намуди ҷарима, ҳамагӣ ба маблағи 443 550 сомонӣ, бо 91\91 парвандаи ҷиноятӣ корҳои ҳатмӣ, бо 23\23 парванда ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ва бо 10\10 парванда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст.
Ҳамзамон, дар ин давра 3 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 3 нафар аз бо моддаи 72 ва 74 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст.
Аз ҷониби судҳо бо ин қабил парвандаҳои ҷиноятӣ ҳолатҳои ба тафтишоти иловагӣ баргардонидани парвандаҳои ҷиноятӣ ва баровардани ҳукмҳои сафедкунӣ ҷой надорад.
Прокуратураи вилоят ҳолати иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Муллобоев Ф.А., Прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо ба оболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Хатлон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2
















