15:50:18 24-уми Апрели 2026 сол

Маълумотнома оиди парвандаҳои ҷиноятии дар суд баррасӣ ва қарори ниҳоӣ қабулгашта

“ПЕДАГОГИ ҚОТИЛ!”

1. Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалиев Раҳмоналӣ Азимович, соли таваллудаш 1956,зодаи ноҳияи Темурмалик ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маълумотан олии омӯзгорӣ, собиқ омузгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, муҷаррад, соҳиби ду фарзанд, даст ба ҷинояти куштор задааст.

5 za reshetkoy 5887444545Мавсуф санаи 18-уми июли соли 1993 тахминан соати 5-и субҳ ҳангоми дар дохили манзили истиқоматии худ воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Даҳана қарор доштанаш огоҳ мешавад, ки ҳамсояааш Давлатов Пирмаҳмад Шерович соли таваллудаш 1961 вориди ҳавлии истиқоматии ӯ шуда, ба замини наздиҳавлигии худ об мондааст, сипас мавсуф бо баҳонаи ночиз, яъне бо пой зер намудан гузаштан аз замини наздиҳавлигии худро асос гирифта, ба Давлатов П.Ш. ҳуҷум намуда, номбурдаро латукӯб намудааст. Ин ҳолатро завчааш Муродова М. дида ҳамсояҳоро барои ҷудо намудани номбурдагон даъват намудааст.

Ҳамсояҳо Баротов З.Г. ва Аҳмадов Д.У. ба ёрӣ шитофта, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намудаанд. Сайдалиев Р.А. ба ин нигоҳ накарда аз ҳиссиёти авбошӣ бели дар дохили ҳавлӣ қарордоштаро гирифта, нисбати ҷамъият беъэтиноӣ зоҳир намуда, ҳамчун авбош худро аз ҳама боло гирифта , ба сӯи Давлатов П.Ш. такроран ҳуҷум намуда, ба сару рӯи номбурда якчанд маротиба бо бел зарба зада, ӯро аз пой афтонида, кирдори чиноятии худро давом дода, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани Давлатов П.Ш. ба сару рӯи номбурда якчанд маротиба зарбаҳои қатӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ӯ задааст. Дар натиҷа Давлатов П.Ш. дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати Сайдалиев Р.А. моҳи июли соли 1993 аз тарафи прокуратураи шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар рафти тафтишоти пешакӣ мавсуф аз тафтишот ба ҷои номаълум ғайб задааст.

Парвандаи ҷиноятии мазкур аз тарафи прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар соли 2025 аз нав ба ҳаракат дароварда шуда, айбдошаванда Сайдалиев Р.А. дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ нисбаташ ба итмом ва бо тасдиқи фикри айбдорӣ баъди 32 сол барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми судӣ вилояти Хатлон аз 8-уми январи соли 2026 Сайдалиев Р.А. дар содир намудани ҷинояти куштор бо моддаи 104 банди “б”и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бе бадарғаю мусодираи молу мулк бо адои ҷазо дар коллонияхои ислоҳиии низомашон пурзӯ таъин карда шудааст. Аз адои ҷазои таъингардида, дар асоси моддаи 7 банди “а” Карори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи умум” аз 13-уми ноябри соли 1998 таҳти №796 , нисфи мӯхлати ҷазои адонагардида кам карда шудаст.

“ДӮСТИ ҚОТИЛ!”

2. Сокини шахри Бохтар Ҳамроқулов Акмалҷон Абдуллоевич соли таваллудаш 1985, санаи 18-уми сентябри соли 2025 бо рафиқаш Саъдуллоев Улуғбек Ҷаҳонгирович, ки тӯли якунимсоли охир дар як хона зиста, нӯшокии спиртӣ истеъмол мекардаанд, байнашон муноқиша сар зада, дар натиҷа мавсуф фаррошчӯбро гирифта ба сару рӯи Саъдуллоев У.Д. зада, ӯро аз хонааш пеш намудааст. Мавсуф аз зарбаҳои гирифтааш ба замин афтида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати Ҳамроқулов А.А. бо аломатҳои моддаи 110 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Точикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ аз тарафи прокурори шаҳри Бохтар ба суд ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар аз 14 -уми январи соли 2026 Ҳамроқулов А.А. бо моддаи 110 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

“ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО!”

3. Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шудаст, ки Раҳимов Сайфулло Баротович, соли таваллуда 1981, сокинони шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба фурӯши ғариқонунии моддаҳои мухаддира аз аз ҳисоби сарчашмаҳои ба тафтишот номаълум, воситаҳои нашъадорро харидорӣ намуда, ба фурӯши ғайриқонунии он машғул гаштааст, ки дар маҷмӯъ вазни холиси маводҳои ба Чолов Арсен Пириевич, барои истиъмол ва фурӯш додааш,ки аз тарафи кормандони фаврӣ моҳи июли соли 2025 гирифта шуда, 37,5532 (сивуҳафт бутуну аз даҳҳазор панҷҳазору панҷсаду сиву ду) грамм воситаҳои нашъадори навъӣ “Метамфетамин”-ро ташкил додааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Кӯшониён аз 12-уми январи соли 2026 Раҳимов С.Б. бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ҷиноятӣ дар моддаи 200 қисми 3 бандҳои “а” ва “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудароро, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани маводҳои нашъадорро такроран, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ муқарар менамояд гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

“МУОМИЛОТИ АСЪОР НАЗОРАТ ДОРАД!”

4. Носиров Сафаралӣ Хушвахтович, соли таваллудаш 1971 сокини шаҳри Левакант, ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ машғул гаштааст.

Чунончӣ санаи 17-уми ноябри соли 2025 дар назди даромадгоҳи бозори ҶДММ “Фаровон”-и шаҳри Бохтар бо харидори шартӣ Гиёев Д.Ш. дар хусуси ивази 100 доллари баробар ба 927 сомонӣ ва 4700 доллар баробар ба 43570 сомонӣ маслиҳат намуда, барои бехатарӣ ва пинҳон нигоҳ доштани ин амали ғариқонунияш Гиёев Д.Ш-ро ба дохили ошхонаи “Фарангис” даъват карда, онҷо аз охирин маблағи 4700 доллари ИМА-ро ба ивази 43570 сомонӣ гирифтааст.

Нисбати мавсуф бо моддаи 286 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи вилоят оғоз гашта, баъди итмоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар 19-уми январи соли 2026 Носиров С.Х. бо моддаи 286 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбата ҷазои чарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 22500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Зайниддинов В.Д., Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оиди таъминоти ҳуқуқӣ ва монитринги қонунгузорӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ