НАВРӮЗ ҶАШНЕ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪЛОМ ШУД
Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид пас аз зуҳри сешанбеи 23 феврал Наврӯзро ба унвони як ҷашни байналмиллаӣ эътироф кард. Созмони Милал Наврӯзро асолатан ҷашни эронӣ хонда ва онро чунин муъаррифӣ кардааст: "Наврӯз, ки маънояш рӯзи нав аст, 21 март, дар рӯзи эътидоли баҳории шабу рӯз тавассути беш аз 300 милюн нафар дар ҷаҳон ба унвони рӯзи Соли Нав таҷлил мешавад."
Дар мусаввабаи СММ дар ин бора мехонем, ки Наврӯз тӯли 3000 сол дар манотиқи Балкан, ҳавзаи дарёи Сиёҳ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна таҷлил мешавад. Созмони Милал аз кишварҳои узви ин созмон, ки аз ин рӯз ҷашн мегиранд, хостааст, ки иттилоъоти бештаре дар бораи таърих ва расму суннатҳои ин ҷашнро ба ҷомеъаи байналмилалӣ арза кунанд ва ҳамасола ин ҷашнро баргузор кунанд.
Матни тасмим дар бораи байналмилалӣ хондани ҷашни Наврӯзро намояндаи Озарбойҷон дар СММ муъаррифӣ кард. Дар ин матн Наврӯз "исботи тавозуни зиндагӣ ва табиъат, дарки пайванди ҷудоинопазири кори созанда бо гардиши табиъат ва нигарониву эҳтиром нисбат ба манобеъи табиъии зиндагӣ" хонда мешавад.
Ин тасмими СММ дар ҳоле иттихоз мешавад, ки пештар масъулони Маркази фарҳанги Эрон дар Сан Диёгуи Колифурниё унвонии Бон Ки-Мун, дабири кулли Созмони Милал, дархосте бо садҳо ҳазор имзо ирсол карда буд. Дар ин дархост аз ҷумла омада буд: "Тақрибан кулли ҷамъияти беш аз 300-милюнӣ , ки ҳамасола Наврӯзро ҷашн мегиранд, дар кишварҳои узви СММ ба сар мебаранд, вале мутаассифона, ин рӯз дар ҳеҷ кадом феҳристи ниҳодҳои СММ ба монанди бархе аз ҷашнҳои миллатҳои дигар, ба унвони ҷашн зикр нашудааст."
Ин дар ҳолест ки 30 сентябри соли гузашта UNESCO ё Муассисаи илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии СММ Наврӯзро дар феҳристи "Мероси ғайрималмуси башарӣ" ворид кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1814-2010-02-24-13-54-16.html