ОРОМИИ НИСБӢ ДАР МИНТАҚАИ РАШТ
Субҳи имрӯз маркази ноҳияи Рашт оромтар ба назар мерасид ва дар чеҳраи мардум хушҳолӣ дида мешуд. Ба дунболи музокироти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва Амирқул Азимов-дабири Шӯрои Амният бо фармондеҳи собиқи мухолифини ҳукумати Тоҷикистон Мирзохӯҷа Аҳмадов, хушбиниҳо ба оянда бештар шудааст.

Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров дирӯз ҳини аз бинои ҳукумати ноҳияи Рашт берун шудан то маҳали чойхонаи болои об пиёда ҳаракат карданд. Дар ин маврид Мирзохӯҷа Аҳмадов бо мардум самимона ҳолпурсӣ ва саломуалейк кард. Мирзохуҷа Аҳмадов баъд аз мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ки барои оромӣ ва сулҳу салоҳ дар минтақа ҳама талоши худро хоҳад кард. Аз собиқ аъзои шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар минтақаи Рашт дар ин рӯз вайро Ҳоҷӣ Қамаруддин ва собиқ размандаи ИНОТ Сайриддин Азизов ҳамроҳӣ мекарданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамсар ва модари Мирзохуҷа Аҳмадов низ дар байни издиҳоми мардум будаанд. Мардуми минтақа аз мулоқот истиқболи гарм намуданд. Дар посух ба суол дар мавриди афроди боқимондаи гурӯҳи Мирзохуҷа Аҳмадов, Ҳоҷӣ Қамарудддин гуфт, ки онҳо ҳама дар офият ба сар мебаранд, ки дар миёни онҳо Олим Одилов ҳам мебошад.
27 НАФАР ДАР РАШТ СИЛОҲҲОИ ХУДРО СУПУРДААНД
ШУРӮЪИ ХАЛЪИ СИЛОҲ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН БО ГУРӮҲҲОИ МУСАЛЛАҲ МУЗОКИРА КАРДААСТ
Маҳмуди Шодӣ, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/3355-2010-10-15-12-27-58.html