АЗ РАДИКАЛИЗМ ТО ТЕРРОРИЗМ (НАЗАРИ ИЛМӢ)
Қисмати дуввум
Ҳамин тавр фарқ байни ифротгароӣ ва терроризм дар чист? Муҳаққиқи рус Г.Мирский ин фарқиятро чунин овардааст: «Экстремизм ва терроризм падидаҳои наздиканд, гарчанде алоқаи автоматӣ миёни онҳо вуҷуд надорад: маълум аст, ки ҳар як террорист экстремист аст, вале он чиз дуруст нест, ки дар симои ҳар як экстремист мо террористро бубинем.
Дуруст аст, ки экстремизм ҳамчун рӯҳияи маълум мантиқан ба ҳақ донистани террор мерасонад, вале ҳатмӣ то ин марҳила намерасад. То ҷое, ки сухан аз низоъҳои мусаллаҳона меравад, онҳо наметавонанд ҳатман зуҳуроти экстремизм ҳисоб шаванд: мешавад, ки дар зери таъсири ҳар гуна омилҳо нерӯҳое даргири якдигар шаванд, ки дар сиёсати худ аз экстремизм пайравӣ намекунанд». Шаклҳои зуҳури ифротгароӣ ва терроризм. Барои дарки моҳияти ҳама гуна падида бояд шаклҳои зуҳури онро муайян намоем. Терроризм ҳам мисли дигар падидаҳои иҷтимоӣ шаклҳои гуногуни зуҳур дорад, ки яқинан ба тақсимбандӣ ниёз доранд.
Масалан В.Витюк ва С.Эфиров дар китоби «Терроризми «чап» дар Ғарб: таърих ва ҳолати имрӯза» таснифи зерини терроризмро овардаанд: террори давлатӣ ва терроризми опозитсия; терроризмибайналмилалӣ ва фаромиллӣ; аз рӯи самти иҷтимоӣ: 1) иҷтимоӣ, 2) миллатгароӣ ва 3) динӣ
Муҳаққики рус М.П.Требин терроризмро чунин тақсимбандӣ мекунад:
1.Аз рӯи ҳудуд(ҷой)-и амал:
- терроризми дохилидавлатӣ;
- терроризми байналмилалӣ (фаромиллӣ).
Терроризми дохилидавлатӣ ба фаъолияти ҳам сохторҳои давлатӣ барои пахш намудани хилофандешӣ бо истифорда аз зӯроварӣ ва эҷоди фазои тарсу ваҳшат дар ҷомеа ва ҳам ба муборизаи нерӯҳои мухолифи давлат ба муқобили низоми мавҷуда бо мақсади тағйири пурра ва ё қисмии низоми иқтисодӣ ё сиёсии давлати худ аст. Терроризми дохилидавлатӣ марбути ин ё он давлати алоҳида аст ва аз ҳудуди он берун намебарояд.
Пайдоиши ин навъи терроризм (ба шакли террори давлатӣ) таърихан ба Инқилоби бузурги Фаронса вобастагӣ дорад. Дар бораи террори дохилидавлатӣ сухан гуфта наметавон аз фоҷиаи солҳои 1918-1920 ёдовар нашавем. Ин террори ҳам давлатӣ ва ҳам мухолифони давлат буд, ки бо номи террори «сафед» ва «сурхи» маълум аст. Дар натиҷаи он аз 12 то 15 млн. кас кушта шудааст. Дар ҳоле, ки худи талафоти ҷангӣ дар ҳудуди 800 ҳазор нафар будааст.
Терроризми байналмилалӣ аз тарафи Департаменти давлатии ИМА ҳамчун терроризме, ки «шаҳрвандон ва ҳудуди беш аз як кишварро фаро мегирад», муайян карда шудааст.
Терроризм он вақт байналмилалӣ ҳисоб мешавад, ки:
-ҳам террорист ва ҳам қурбониёни терроризм шаҳрвандони як давлат ва ё чандин мамлакат мебошанд, вале ҷиноят берун аз ҳудуди ин мамлакатҳо содир гардидааст;
- амали террористӣ ба муқобили касоне равона шудааст, ки дар зери ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд;
- омодагӣ ба амали террористӣ дар як давлат ва худи амал дар давлати дигар ба вуқӯъ мепайвандад;
-баъд аз татбиқи амали террористӣ террорист ва ё терористон дар кишварҳои дигар паноҳ мебаранд ва масъалаи супоридани онҳо ба давлати қурбони амали террористигардида, пайдо мешавад.
Кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон нисбати он мамлакат ва халқҳое, ки нисбат ба онҳо аз нигоҳи тараққиёти иқтисодӣ, молиявӣ ва низомӣ заиф мебошанд сиёсати бисёр сахт ва ноодилонаро пеш гирифтаанд. Ин вазъият ин халқҳо ва баъзе кишварҳоро, ки намехоҳанд бо ин зургӯӣ созиш кунанд маҷбур мекунанд, то ба воситаи роҳу равиши барояшон имконпазир, аз ҷумла бо роҳи террор, террори байналмилалӣ мубориза намоянд.
2. Аз нигоҳи муносибати субъектҳои фаъолияти террористӣ нисбат ба ҳокимияти давлатӣ:
-террори давлатӣ;
-терроризми ғайридавлатӣ.
Фарқ байни онҳо дар ин аст, ки террори давлатӣ зӯроварии кушоду равшан аз тарафи нухбагони ҳукмрон мебошад, ки ба иқтидори институтҳои давлатӣ такя мекунанд. Ин террори легетимӣ аст. Амали бисёрсолаи ИМА ва муттаҳидинаш ба муқобили Ироқ, давраи тулонии мухолифатҳои Амрикою Эрон, таҷовузи НАТО дар Балкан, Шарқи Наздик бо марказҳои шӯълавари ташаннуҷи худ, ҷанг дар Афғонистон- ин номгӯи хеле номуккамали зӯргӯии давлатҳои муқтадир бар зидди ин кишварҳо ва мардум аст.
Ин сиёсат, зоҳиран ба муқобили терроризми миллӣ ва байналмилалӣ равона шудааст, аммо моҳиятан худ метавонад ҳамчун террризми байналмилалӣ арзёбӣ гардад. Терроризми ғайридавлатӣ истифодаи зӯроварӣ ва тарсу ваҳшат аз тарафи гурӯҳҳое мебошад, ки дар фаъолияти мақомоти давлатӣ мустақиман саҳм намегиранд ва ё бо онҳо мухолифат доранд. Масалан мақсади фаъолияти террористии фирқаи ҷопонии «Аум Синрикё» (Ҳақиқати олии Аум) сарнагун намудани ҳукумат ва ба тахти императорӣ расонидани раҳбари худ Секо Асахару буд.
Фирқа заводҳои яроқсозӣ месохт, то яроқ истеҳсол кунад, вертолёти русӣ дар ихтиёр дошт ва дар 700 ҳазор доллар лабараторияе сохта буд, ки дар як моҳ метавонист 60-80 кг гази нервопаралитикӣ истеҳсол кунад. Ин миқдор газ метавонист 6-8 млн одамро нест кунад. Ҳамчунон фирқа мехост яроқи ядроӣ созад Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда яке аз олимони рус бо ин фирқа ҳамкорӣ мекард. Яроқи асосии террори давлатӣ таъқибот ва яроқи терроризми ғайридавлатӣ амали террористӣ мебошанд.
3. Аз нигоҳи ҳуввияти субъектҳои фаъолияти террористӣ:
- терроризми қавмӣ(этникӣ);
- терроризми динӣ.
Субъекти тероризми этникӣ гурӯҳҳое мебошанд, ки мақоми онҳоро таалуқоти этникии онҳо муайян мекунад. Ин шакли терроризм барои тағйири сохти давлатдорӣ, сохтани давлати мустақил ё тағйири вазъи гурӯҳҳои этникии давлат мебошад. Вобаста ба вазъияти сиёсӣ, анъана ва сохтори иҷтимоӣ онҳо ба идеологияҳои чапӣ (ЭТА-и баскҳо) ва ё ростҳо (террористони корсиканӣ) майл доранд. Ин қабил созмонҳо бисёр умри дароз мебинанд. Масалан Артиши Ҷумҳуриявии Ирландия(АҶИ).
Терроризми динӣ. Ба қавли М.П.Требин ба терроризми динӣ он созмонҳое дохил мешаванд, ки ба як дин таалуқ доранд. Вақте ки маҳдудиятҳо барои ин ё он гурӯҳи динӣ эҷод мешаванд ин ба авҷгирии экстремизм ва терроризми динӣ мерасонад. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши терроризм дар заминаи динӣ, ба қавли ин олими рус, бунёдгароӣ мебошад, ки ба ин ё он андоза хоси тамоми динҳои ҷаҳонӣ мебошад.
4. Аз нигоҳи самти иҷтимоӣ ва сиёсӣ:
- терроризми чап(инқилобӣ);
-терроризми ростҳо.
Такягоҳи чапҳо доктринаҳои марксистӣ-ленинӣ, тротскизм, анархизм, геваризм, маоизм, кастроизм ва ғайра мебошанд. Ҳадафи террори ин гурӯҳҳо нухбагони сиёсии ҳоким, маъмурони олирутбаи давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳибкорон ва дигар шахсони ба давлат ҳамкор мебошанд. Созмонҳои бештар машҳури чапгаро «Ҷиноҳи Артиши Сурх» (РАФ) дар ҶФО, «Бригадаҳои сурх» дар Италия мебошанд.
Терроризми рост ба арзишҳо ва докторинаҳои анъанавии миллат ва ходимони пешина такя мекунад. Фаъолияташон бар зидди ходимони фаъоли ҳаракати иттифоқҳои касаба, сиёсатмадорони чап ва озодандеш равона шудааст. Дар Россия солҳои 1905- 1907 «Иттифоқи Михаил Архангел», дар Аврупо гурӯҳҳои неофашистӣ, дар Амрикои Лотинӣ «эскадронҳои марг» фаъолият мекарданд.
5. Аз рӯи навъҳои таъсиррасонӣ ба объект:
-терроризми намоишӣ;
-терроризми василаӣ.
Терроризми намоишӣ мақсад дорад, ки таваҷҷӯҳро ба ин ё он масъала ҷалб кунад(проблемаи экологӣ, сохтмони нерӯгоҳи барқии зарравӣ(АЭС), ҳифзи муҳити зист). Субъектхои терроризми василаӣ таъсири психологии амали худро дуюмдараҷа ҳисоб мекунанд. Онҳо мақсад доранд бо роҳи куштори ходимони давлатӣ, таркишҳо ва дигар амалҳои террористӣ натиҷаи воқеӣ ба даст биёранд.
6. Аз рӯи воситаҳои истифодашаванда дар ҷараёни амалиёти террористӣ:
-терроризм бо истифода аз воситаҳои оддии қатл(яроқи сард ё яроқи оташфишон, воситаҳои таркиш, самолёт танк ракетаҳо ва ғайра;
- терроризм бо истифода аз яроқи қатли омм(биологӣ, химиявӣ, атомӣ ва ғайра).
Мутахассисон ба ин назаранд, ки дар оянда маҳз терроризм бо истифода аз яроқи қатли омм: биологӣ, кимиёвӣ, зарравӣ ва ғайра хатари ҷиддӣ дорад. Ҳамин тавр терроризм бисёрчеҳра аст, вай дар ҷояш намеистад, ҳамеша дар ҳоли рушд аст. Дар сол хои охир террористон аз дастовардҳои технологияҳои навин хуб истифодаь мекунанд.
Соли 1996 дар ИМА профессори риёзиёти донишгоҳ Т.Казинский ба ҳабс гирифта шуд, ки дар муддати 18 сол тамоми Амрикоро дар тарсу ваҳшат нигоҳ медошт. Ӯ ба воситаи почта дастгоҳҳои таркандаро мефиристод, дар натиҷаи таркиш даҳҳо нафар зарар дида буданд. Дар маркази таваҷҷӯҳи ӯ донишгоҳҳо, ширкатҳои ҳавоӣ, олимони соҳаи компьютер ва соҳибони мағозаҳои техникаи компютерӣ буданд.
Мақсади террорист-олим тағйир додани «самти рушди» инсоният, рушди ҷаҳони мутараққӣ буд. Мехост исбот намояд, ки Инқилоби илмӣ техникӣ, урбанизация марговар аст. Дар зери таҳдидҳои нави террористӣ ӯ рӯзномаҳои машҳури Амрикоро маҷбур намуд, то манифесташро, ки дар он нуқтаи назараш инъикос шуда буд чоп кунанд. Дарки моҳияти он «созукори(механизми) дохилии он, ки одамонро ба гурӯҳҳои муташаккил, ба олами террор мекашонад вазифаи мухими рӯз аст.
Адабиёт
1. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, № 9, мод. 68; №22, мод. 306; соли 1999, №12, мод. 316; соли 2001, № 4, мод. 149, 167; соли 2002, №11, мод. 675, 750; соли 2003, № 8, мод. 456, 468; соли 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452- 453; соли 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640)
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 № 846//Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №11, мод. 275
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм(ифротгароӣ) аз 8 декабри соли 2003 № 69//Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №12, мод. 697.
4. Договор между Республикой Казахстан, Кыргызской Республикой, Республикой Таджикистан, и Республикой Узбекистан о совместных действиях по борьбе с терроризмом, политическим и религиозным экстремизмом, транснациональной организованной преступностью и иными угрозами стабильности и безопасности Сторон. Ташкент, 21 апреля 2000 г.
5. Шанхайская конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом. Шанхай, 15 июня 2001 г.
6. Искандаров Қ. Афғонистон: толибон ва ташаккули марказҳои террористӣ.-Душанбе: «Ирфон», 2003.
7. Капитонов К.А. Террор.Война без правил. Израилско-палестинское противостояние. М.:АСТ:Восток-Запад, 2006.- 526 с.
8. Кеппель Жиль. Джихад. Экспансия и закат исламизма.- М.: Научно-издательский центр «Ладомир», 2004.- 467 с.
9. Косиченко А.Г., Ашимбаев М.С., Султанов Б.К., Шоманов А.Ж., --Бегалиев Н.К., Нурмухамедов Б.Ж. Современный терроризм: взгляд из Центральной Азии.- Алматы: Дайк-Пресс, 2002.-213 с.
10. Назиров Д. Проблемы терроризам и религиозного экстремизма в условиях глобализации.Ч.1.- Душанбе: Ирфон, 2009.
11. Назиров Д. Проблемы терроризам и религиозного экстремизма в условиях глобализации.Ч.2.- Душанбе: Ирфон, 2009.
12. Пластун В.Н. Эволюция деятельности экстремистских организаций в странах Востока.- Новосибирск:»Сибирский хронограф», 2002 г.- 712 с.
13. Требин М.П. Терроризм в XXI веке. Минск: Харвест, 2004.- 816 с.
14. Ғоибов Ғ. Ҳизби таҳрир чӣ мехоҳад. Душанбе, 2004.
15. Ҳалабӣ Алиасғар. Таърихи наҳзатҳои динӣ- сиёсии муосир. Теҳрон, 1384.
Искандаров Қосимшо, доктори илмҳои таърих, мудири шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ
Абдуллоев Раҳматулло, ходими илмии шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ
Назаров Носир, доктори илмхои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали Сардори Академияи ВКД ҶТ
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4192-2011-01-19-06-35-24.html