23:17:14 04-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ПАЁМ БА БОМИ ҶАҲОН АЗ КИШВАРИ ҲАЗОР ЧАШМАСОРОН!

Унсури муайянкунанда аз Ватанам – Тоҷикистон то маҳалли феълан истиқоматиам – Финляндия ин об аст. Чанд сол боз бо ҳамсар, писар ва духтарчаам дар Финляндия зиндагӣ мекунам, аммо солҳои кӯдакиямро дар лаби дарёи Қаратоғ гузарондаам, ки дар он ҷо эҳтиром ба тавоноӣ ва аҳамияти обро барои беҳтар кардани некӯаҳволии одамон ёд гирифтам. Об на фақат бахшандаи ҳайёт ба мавҷудоти гирду атроф аст, он ба мо инчунин имконияти беҳтар намудани зиндагиро медиҳад.

muzaffar-khudoykulov1221245.jpgМанзараи миллии Финляндия ин ҷангалҳо ва кӯлҳо мебошанд. Дар ин кишвар 187 888 кӯл мавҷуд буда, 68 % замини онро ҷангалҳо ташкил медиҳанд. Соҳилҳои Финляндияро оби баҳри Балтика мешӯяд ва аз ин сабаб он дорои захираҳои назарраси об мебошад. Касе, ки ба Тоҷикистон рафта бошад,  хуб медонад, ки манзараҳои миллии мо аз кӯҳҳо ва дарёҳо иборат аст. Кӯҳҳои сарбаланд, пиряхҳо ва барфҳои он қисми зиёди дарёҳои Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунанд: дарраҳои зебоманзар, водиҳои дорои иқлими субтропикии гарм, ки дар он ҷо саҳроҳои пахта, боғҳои ток ва мева саф кашидаанд ин ҳама зебогии Тоҷикистон аст.

Чуноне, ки дар урфият мегӯянд: ҳосилнокиро на замин, балки об баланд мекунад. Дар вақтҳои пеш деҳқонон мегуфтанд: «Чи қадар замин доштани маро мапурс, беҳтараш чи қадар об доштанамро бипурс». Тоҷикистон 55,4 % потенсиали оби Осиёи Марказиро дорост. Имрӯз зиёда аз 950 дарё, пиряхҳои сершумор, обанборҳо, сарбандҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои барқӣ обӣ некӯаҳволии сокинони Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Аз ин лиҳоз, Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои саъйю кӯшишашон баҳри  истифодаи қувваи об барои рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани рифоҳи мардуми Тоҷикистон қобили дастгирианд. Инчунин мустақилияти энергетикӣ, яъне бо роҳи тозаи экологӣ, ба мисоли сохтмони НОБ-ҳои Сангтуда-1, Сангтуда-2, Роғун ва Шӯроб низ муҳим аст. Чи тавре, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ гуфта буд: «Танҳо дар болои дарёи Панҷ, ки шохоби асосии ташкилкунандаи Амударё мебошад, аз нуқтаи назари иқтисодӣ сохтмони 14 шабакаи барқӣ обӣ бо иқтидори аз 300 то 4000 мегаватт бо  иқтидори 86,3 миллиард киловатт соат қувваи барқ дар як сол мантиқан дуруст аст».

Агар ба истилоҳи дигар гӯем, Тоҷикистон метавонист нерӯи обиро ба кишварҳои ҳамсоя содир намуда, ҳамзамон ба буҷаи кишвар даромади назарраси молиявӣ ба хотири пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро таъмин намояд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ буда, ҳамзамон дар идоракунӣ, истеҳсолоти захираҳои обӣ, интиқол ва содироти қувваи барқ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Бахусус дар Афғонистон ва Покистон феълан камчинии назарраси қувваи барк дида мешавад ва ин эҳтиёҷот рӯзафзун мегардад.

Воридоти барқ барои ин давлатҳо дар стратегияи таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ ва мустаҳкамсозии некӯаҳволии мардумашон муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, амалигардонии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон на танҳо барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми дохили кишвар, балки барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Покистон ва алалхусус барои эҳёи иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон мусоидат мекунад. Амалигардонии лоиҳаи CASA-1000 ва барномаи CASAREM (бозори байналмилалии савдои қувваи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ), бо истифодаи имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон бешубҳа алоқаҳои иқтисодӣ ва сиёсати босуботро дар яке аз минтақаҳои калидии геополитикии ҷахон мустаҳкам ва амиқтар менамояд.

На фақат барои тавлиди барқ зарур будани обро дар Финляндия мушоҳида намудам. Дар ин ҷо якчанд корхона ба савдои оби нушокии финӣ машғуланд, ки обро ба тамоми гӯшаи дунё содир мекунанд.

Манзараи зебо низ дар рушди сайёҳӣ метавонад манбаи  боарзиш гардад. Аҳолии Финляндия 5,3 миллион мебошад. Танҳо дар соли 2010 ба ин ҷо 5,7 миллион сайёҳ омада буд. Даромад аз соҳаи туризм 1,6 миллиард евроро ташкил намуд. Яке аз муҳимтарин потенсиали иқтисодии Финляндия ва ҳам Тоҷикистон ин табиат ва аз он ҷумла системаи обии онҳо мебошад. Тараққиёти соҳаи туризм барои Тоҷикистон вазифаи муҳим аст ва барои иҷрои ин вазифа имкониятҳои як қатор пиряхҳо, дарёҳо ва кӯлҳои дар кӯҳҳои биҳиштосои кишварамонро самаранок ва ба таври максималӣ истифода кард. Барои омӯзиши ҳаматарафа ва истифодаи таҷрибаи Финляндия дар ин соҳаҳо барои Тоҷикистон бисёр фоидаовар аст.

Тоҷикистон дорои имконоти бузурги обӣ, сарватҳои зеризаминӣ ва сайёхӣ буда, дар натиҷаи истифодаи ин соҳаҳо ба пешрафти баланди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ноил мегардад. Мардуми мо доно, боистеъдод, меҳнатдӯст ва амдист, ки баҳри ояндаи дурахшон мардонавор ва босаброна сахтӣ ва мушкилиҳои муваққатиро қодир аст паси сар намояд. Тоҷикистон барои ҳамкории созандагӣ дар ҳама соҳаҳои номбаргардида омода аст. Дар иртибот ба ин, ҳамаи соҳибкорон ва сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ, аз он ҷумла соҳибкорони Аврупоиро даъват менамоям, ки фаъолона ба иқтисодиёти кишвари ҷавони демократӣ бо вазъияти сиёсии субот ва шароити хуби сармоягузорӣ маблағгузорӣ намоянд.

Ман ва якчанд дӯстони Тоҷикистон аз миёни намояндагони бонуфузи соҳибкорӣ, фарҳангу маданият, доираи илмӣ ва бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел Ҷамъияти дӯстии «Финляндия-Тоҷикистон»-ро таъсис додем, ки мақсади он мусоидат ба рушди робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ-маданӣ, илмию таълимӣ, башардӯстӣ ва сайёҳи на фақат бо Финляндия, балки бо дигар кишварҳои Скандинавия (Шветсия, Норвегия ва Дания) мебошад.

Аз ин фурсати мусоид истифода бурда, Ватани азизам – Тоҷикистонро бо 20-умин солгарди истиқлолият табрику муборакбод намуда, бо суханони барои ҳар як тоҷик ганҷина, гуфтаниям – «Сулҳ ва шукуфоӣ насибат бод - Тоҷикистони азизам».

Музаффар Худойқулов, Раиси Ҷамъияти дӯстии «Финляндия - Тоҷикистон», соҳибкор, соҳиби ширкати «Ф& T Консалтинг» шаҳри Хелсинки, Финляндия



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi