12:12:43 01-уми Июни 2025 сол

"ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН НОКОФИСТ"

Вузарои фарҳанги Афғонистон ва Тоҷикистон гуфтаанд, ки мизони ҳамкориҳои фарҳангию ҳунарӣ миёни ин ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба имконоту зарфиятҳои мавҷуда нокофист. Бо ин ҳол, ба гуфтаи ҳар ду вазир, дар панҷ соли ахир табодули фарҳангӣ ва ҳунарӣ ва сафарҳои ҳунармандони афғон ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр ҳунармандони тоҷик ба Афғонистон то андозае афзудааст.

asrori_rahin3043332.jpg

Сайид Маҳдум Раҳин, вазири фарҳанг ва иттилоъоти Афғонистон, ки бо даъвати ҳамтои тоҷики худ ба ин кишвар омада, рӯзи ҷумъаи 13 май бо масъулони Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва осори хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мулоқот дошт. Оқои Раҳин гуфт, ки дар ду соли ахир ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, бавижа дар арсаи теотр ва синемо, миёни кишвараш ва Тоҷикистон рушд кардааст.

Вале вай афзуд: “Заминаҳои бисёр вуҷуд дорад, ки ин ду миллати бародар метвонанд ҳамкориҳои муштарак дошта бошанд. Мо фарҳанг ва таърихи муштарак дорем ва дар масоили мусиқӣ, осорхонаҳо ва нусахи хаттӣ арсаи фарохест, ки ин ду кишвар ҳамкориҳои бештаре метавонанд дошта бошанд.”

Оқои Раҳин мегӯяд, ки дар ин рӯзҳо низ иддае аз ҳунармандони мусиқӣ ва овозхонҳои афғон ба Тоҷикистон барои ширкат дар ҷашнвораҳои мусиқӣ омадаанд. Ба гуфтаи вазири фарҳанг ва иттилоъоти Афғонистон, дар даҳ соли ахир мардуми Афғонистон машғули эҳёи ҳунарҳо ва муассисоти фарҳангие будаанд, ки дар тӯли ҷанги тӯлонӣ садамоти зиёде дида буданд.

Оқои Раҳин мегӯяд, ки бархе аз бахшҳои ҳунарӣ дар даҳ соли ахир дар Афғонистон тавсеъаи назаррасе дидаанд. Вале ба гуфтаи ин масъули фарҳангии давлати Афғонистон, ҳанӯз бисёре аз бахшҳои фарҳангӣ ниёз ба беҳбудӣ доранд.

Дар Донишгоҳи шаҳри Кобул донишкадаи ҳунарҳои зебо ҷавонони он кишварро ба омӯзиши бахшҳои мухталифи ҳунарӣ фаро гирифтааст. Ҳамчунин, дар вазорати фарҳанги он кишвар низ ду маркази вижа барои кӯдакон ва ҷавонон дарсҳои мусиқӣ медиҳанд.

Омӯзиши ҷавонони афғон

Яке аз аҳдофи сафари Саид Махдум Раҳин, вазири фарҳанг ва иттилоъоти Афғонистон, ба Тоҷикистон дастёбӣ ба тавофуқот дар заминаи таҳсили ҷавонони Афғонистон дар муассисаҳои ҳунарии Тоҷикистон унвон мешавад.

Оқои Раҳин мегӯяд: “Муссаламан, мо кӯшиш мекунем, ки мутаносибан бо фароҳам шудани имконот ҷавонони афғонро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар кишварҳои ҳамҷавор таълими мусиқии ҳирфаӣ бидиҳем.”

Мирзошорух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, низ мегӯяд, ки Тоҷикистон алоқаманди ҳамкориҳои бештари фарҳангӣ бо Афғонистон аст.

Оқои Асрорӣ афзуд: “Мо зарфиятҳои хеле бузурге барои ҳамкориҳо дорем, вале мутаассифона то ҳол аз ҳамаи онҳо истифодаи хуб накардаем. Мо метавонем дар арсаҳои мухталифи фарҳангӣ ва ҳунарӣ, аз ҷумла ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, табъ ва нашр, ҳифозати ҳуқуқи муаллиф ва синемо ҳамкориҳои танготанг дошта бошем.”

Ба гуфтаи оқои Асрорӣ, дар солҳои ахир дар бархе аз бахшҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, аз ҷумла теотр, миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориҳои назаррасе анҷом шудааст.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ишора ба сафарҳои ҳунарии теотри ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов ба Афғонистон ва ҳамин тавр, сафарҳои ҳунарии теотрҳои Афғонистон ба ин кишвар, мегӯяд, ки қарор аст дар оянда ҳузури донишҷӯёни Афғонистон дар ҳунаристонҳо ва донишгоҳҳои марбут ба омӯзиши фарҳангу мусиқӣ дар Тоҷикистон низ афзоиш ёбад.

Дар ҳоли ҳозир теъдоде аз ҷавонони донишҷӯ аз Афғонистон дар донишкадаҳо ва ҳунаристонҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Имкони рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи бархе аз ҳунаршиносон дар Тоҷикистон, баргузории ҷашнвораҳои теотрӣ ва синемо бо ширкати ҳунармандони афғон дар даҳ соли ахир дар ин кишвар барои бисёре аз сокинон имкони ошноии бештар бо ҳунари теотр ва синемо дар кишвари ҷангзадаи Афғонистонро додааст.

Аммо аз сӯйи дигар, масъулони умури фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки филмҳои бештари коргардонҳои тоҷик, ки дар ду даҳаи ахир таҳия шудаанд, дар Афғонистон банудрат намоиш меёбанд. Ва аз ин рӯ, тамошочии афғон аз ҳунари синемои Тоҷикистон ошноии зиёде надоштааст.

Шамсулҳақи Ориёнфар, кордори фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт, ки филми “Дар ҷустуҷӯйи падар”, ки телевизиюни Тоҷикистон таҳия кардааст, дар Афғонистон чандин бор дар телевизиюнҳо намоиш ёфта ва мардуми афғон онро хуб пазируфтаанд.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздиди чаҳоррӯзаи Сайид Махдум Раҳин, вазири фарҳанг ва иттилоъоти Афғонистон, аз Тоҷикистон ва мулоқоти вай бо масъулони фарҳангии ин кишвар бархе аз мушкилоти мавҷуд дар ҳамкориҳои фарҳангии миёни ин ду кишвар, аз ҷумла табодули филмҳо, низ баррасӣ шавад.

Оқои Раҳин, ки бо даъвати ҳамтои тоҷикистонии худ ба ин кишвар омадааст, қарор аст дар охирин рӯзи сафараш бо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, як санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла таҳсили ҷавонони афғон дар ҳунаристонҳои ин кишвар, ба имзо расонанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854