00:42:39 16-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

САИДОВ: "ТОҶИКОНУ ҚИРҒИЗҲО ИХТИЛОФОТИ ҶИДДӢ БО ҲАМ НАДОРАНД"

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон мегӯяд, ки марзи муштараки ин кишвар ва Қирғизистон дар муқоиса бо қисматҳои марзи Тоҷикистон бо кишварҳои дигар нисбатан ором аст.

/images/stories/2012/03/17_assomiddinsaido-17312.jpgАсомуддин Саидов гуфт, ки ҳеҷ муноқишаи сиёсии ҷиддие дар миёни сокинони марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон низ рух надода ва даъвоҳои андаке, ки бархе авқот миёни сокинон, бавижа дар навоҳии марзии вилояти Ботканд ва Исфара сар мезанад, бештар "маъишӣ" будааст.

Дар Қирғизистон беш аз панҷоҳ ҳазор нафар аз мардуми тоҷиктабор ба сар мебаранд ва ҳудуди 28 ҳазор нафар аз онҳо дар ҷануби ин кишвар сукунат доранд. Барои тоҷикони муқими Қирғизистон 7 мактаби тоҷикӣ, аз ҷумла се мактаби комилан тоҷикӣ, се мактаби ӯзбакӣ-тоҷикӣ ва як мактаб ба забони қирғизӣ-тоҷикӣ фаъъолият мекунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон чанде қабл сафаре панҷрӯза ба ҷануби он кишвар дошта, ки дар ҷараёни он бархе аз баҳсҳои навоҳии марзиро бо мақомоти маҳаллӣ дар миён гузоштааст. Ҳамчунин оқои Саидов, ки бо тоҷикони муқими ин минтақа мулоқотҳо анҷом додааст, дар сӯҳбат бо ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бархе аз паҳлӯҳои ин сафари хешро шарҳ додааст.

-Оқои Саидов, лутфан бигӯед, ки дар ҳамоиши ахири мақомоти тоҷику қирғиз дар ҷануби он кишвар чи мавзӯъот дар мавриди масоили марзӣ баррасӣ шуд?

-Дар масоили марзӣ ҳозир ҳамаи корҳо даъом доранд. Ва мо аниқ ягон хел ҳуҷҷатҳоро имзо накардаем. Ҳоло ман аниқ дар ин маврид ба Шумо чизе гуфта наметавонам.

-Чи қадар манотиқи мавриди баҳс байни Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дорад? Ва то кунун чи миқдор аз хатти марзии байни ду кишвар мушаххас шуда ва чи қадар боқӣ мондааст?

-Инҳо ҳастанд ва ин масъалаҳо оҳиста-оҳиста ҳал шуда истодаанд. Ин ҷо кумисиюни ҳукуматӣ ҳаст ва ин кумисиюн кор карда истодааст. Дар ин масъала ман наметавонам иттилоъи зиёде бидиҳам, вале умуман, ин масъала ҳал шуда истодааст.

-Яъне гуфтан мумкин аст, ки гиреҳи ин мушкил дорад боз мешавад?

-Ман намегӯям, ки ҳамаи ин гиреҳҳо кушода шудааст, вале ҳар ду ҷониб кӯшиш карда истодаанд, ки ин гиреҳҳоро кушоянд.

-Тоҷикистон чи роҳҳоеро барои ҳалли масоили марзӣ ва аломатгузории марзӣ пешниҳод мекунад? Оё мавзеъгирии Қирғизистон дар ин бора чи гуна аст?

-Умуман, ман дар масъалаи марз ҳоло омода нестам, ки ба саволҳои Шумо ҷавоб диҳам. Ман боз ҳам такрор мекунам, ки доир ба ин масъала кумисиюни ҳар ду тараф кор мекунад. Ва дар масъалаи марз ягон ҳарфи изофа гуфта наметавонам.

-Соли гузашта Тоҷикистон қитъае аз замини баҳсиро дар Мурғоб ба Чин вогузор кард, ки баҳсҳоеро ба дунбол дошт. Оё имкон дорад, аз чунин таҷрубае бо Қирғизистон низ истифода шавад?

-Мешавад, мешавад. Ман боварӣ дорам, ки ин масоил ҳамин солҳои наздик ҳал мешаванд. Чунки ҳар ду тараф ойид ба ин масъала кӯшишҳои зиёд карда истодаанд ва ҳар ду тараф ҳам хоҳиш доранд, ки ин масъала ҳал шавад.

-Шумо дар сафар ба ҷануби Қирғизистон ҳатман аз рустоҳои тоҷикнишини онҷо низ дидан кардед. Лутфан бигӯед, ки дар мулоқотҳое, ки бо тоҷикон доштед, бештар чи масоил матраҳ шуд?

-Ман сафари корӣ ба ин минтақа доштам. Моро ҷонишини губернатори вилоят ҳамроҳӣ карданд, намояндагони вазорати хориҷии Қирғизистон ва мақомоти маҳаллӣ низ ҳамроҳӣ карданд. Дар митақаҳои тоҷикнишин бо мардум вохӯрдем. Ва мо бо тоҷикони он ҷо сӯҳбатҳои оромона, дӯстона ва озодона доштем ва бо онҳо баъзе аз масъалаҳоеро, ки дар ҳақиқат вақтҳои охир пайдо шудааст, ҳал кардем.

-Чи масоилеро мардуми он ҷо бо Шумо дар миён гузоштанд?

-Мушкилоти асосӣ нарасидани китобҳои дарсӣ, нарасидани синфхонаҳо ба забони тоҷикӣ аст. Яке аз душвориҳое, ки мардум дар борааш мегуфтанд, он буд, ки шогирдони синни мактабии тоҷикон дар мактабҳои тоҷикӣ не, балки дар мактабҳо ба забонҳои дигар таҳсил мекардаанд, зеро солҳои пеш ба ин масъала кам аҳаммият дода мешуд. Баъзе масъалаҳое буданд, ки мо кӯшиш мекунем, ки онро ҳал кунем.

-Яке аз масоиле, ки худатон ба он таъкид кардед, камбуди кутуби дарсӣ барои кӯдакони тоҷик дар Қирғизистон будааст. Дар ҳоле ки кӯдакон дар Тоҷикистон низ душвории мушобеҳеро дар ин робита доранд, чи тавр мешавад, ки ин мушкилоти тоҷикони Қирғизистонро ҳал кард?

-Дар ин бора мо бо раҳбарияти вилояти Ботканд ва масъулони Вазорати маъорифи Қирғизистон сӯҳбатҳо доштем ва онҳо ваъда доданд, ки дар солҳои наздик дар худи Қирғизистон китобҳои дарсӣ барои шогирдони макотиби тоҷикӣ чоп кунанд.

Албатта, ин душвор аст, зеро ин китобҳоро тарҷума кардан даркор (лозим) аст, чоп кардан лозим аст, маблағҳои зиёде даркор аст, лекин онҳо ваъда додаанд, ки аз уҳдаи ин кор мебароянд ва солҳои наздик кӯдаконро бо кутуби дарсӣ таъмин мекунанд.

Ва чи қадаре, ки имконият доштем, аз ҷумҳурии Тоҷикистон баъзан китобҳое, ки хеле зарурӣ ҳастанд, пайдо кунем. Падару модарон низ худашон мекӯшанд, ки китобҳоро дастрас кунанд. Умуман, каму беш ҳам бошанд, шогирдон бо китоб таъмин ҳастанд.

-Ба ҷуз аз душвориҳои омӯзишу парвариш тоҷикони муқими Қирғизистон дар ҷануби он кишвар чи масоили дигареро дар мулоқотҳо матраҳ карданд?

-Баъзе аз масъалаҳое, ки онҳо матраҳ карданд, на танҳо тоҷикони он ҷо доранд, балки ҳамаи миллиятҳо дар он ҷо ин мушкилотро доранд. Яке аз масъалаҳо камбуди манзили маскунӣ аст, чунки дар бархе аз хонаҳо ду-се то ё ҳатто то панҷ оила зиндагӣ мекунанд. Ин мушкилоте ҳастанд, ки ба ҳамаи миллиятҳо ва минтақаҳо дахл дорад. Вале новобаста ба ин, масалан, дар маҳаллаи Андарак ҷонишини губернатор (устондор) ва раиси ноҳия ваъда доданд, ки якбора нею албатта оҳиста-оҳиста ин масъаларо ҳал мекунанд.

-Оё дар миёни тоҷикони Қирғизистон хонаводаҳое ҳастанд, ки аъзои онҳо барои муҳоҷират ба Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ рафтаанд?

-Ҳа, бисёр ҳастанд. Соли гузашта дар ҷараёни сафарам ба ин минтақа, масалан дар қишлоқе, ки Қурғон мегӯянд ва қирғизҳо аз он Коргон ном мебаранд, ҳудуди 100 хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекунанд, ки чаҳорсад сол пеш ба ин минтақа омадаанд. Ҳудуди панҷсад нафар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Ва ҷолиб он буд, ки дар тӯли ин солҳо ин мардум тамоман забони худ ва суннати мардумии худро гум накардаанд ва мактаби қирғизӣ ва забони тоҷикӣ фаъъол аст.

Онҳо кӯҳистонӣ будани худро он ҷо нишон медиҳанд ва ба тамоми мушкилиҳо тоб меоранд. Бо мардуми таҳҷоӣ муносибати хубе доранд. Вале баъзан аз мушкилоте, ки ин сокинон доранд, ин нарасидани замин ва ҷойи кори доимӣ буд. Сокинони ҷавони ин ҷо гуфтанд, ки аз ҳамаи хонаводаҳо ҷавонон ба Русия барои кор рафтаанд.

-Баъд аз ҳодисоти ахир дар ҷануби Қирғизистон беш аз 100 гуреза аз он кишвар ба Тоҷикистон паноҳ бурданд. Оё дар як соли ахир ин гурезаҳо ба ҷануби Қирғизистон ва бавижа ба шаҳри Ӯш бозгаштаанд?

-Тоҷикони муқимие, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекарданд, ҳамаашон ба хонаҳояшон бозгаштанд. Ва ман шоҳиди он набудам, ки касе гуфта бошад, ки гурезаҳо бознагаштанд. Вале умуман дар ин минтақа миёни тоҷикон ва миллатҳои дигар ягон хел зиддиятҳо нашуда буд. Ва касе, ки ин ҳарфҳоро мегӯяд, дурӯғ аст.

-Дар гузашта низоъҳое байни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Ботканд ва Исфара мушоҳида мешуд. Аслан баҳси онҳо бар сари чист? Чи роҳе барои ҳалли мушкилоти онҳо вуҷуд дорад?

-Як чиро мегӯям, ки ин низоъҳо ҳамеша низоъҳое ҳастанд, ки тавре ки рафиқони рус мегӯянд, "бытовой" яъне низоъҳои маъишӣ, хоҷагидорӣ буданд. Яъне баҳси як ҷӯйбори об аст, ки ба ту об асту ба ман нарасид ва ё баҳси роҳ аст, ки роҳи мо санг асту роҳи шумо дигар хел. Баҳси купрук (пул) аст. Ин хел баҳсе, ки зиддиятҳои миллӣ дар он ҷо бошад, умумуан дар он ҷо набудааст.

Ин хел даъвоҳо дар қишлоқҳое (рустоҳое), ки аҳолии онҳо аз як миллат иборат аст, мешаванд. Барои ҳамин, мо ин хел баҳсҳоеро, ки хусусияти сиёсӣ дошта бошаду муносибати ду кишварро халалдор кунад, мо инҳоро ин хел баҳсҳо ҳисоб намекунем. Ин баҳсҳои пурра маъишӣ, ҳамсоягӣ ва хешутаборӣ ҳастанд.

Барои мисол, яке аз мушкилот камбуди об дар шимоли кишвар аст ва даъвоҳо миёни сокинони ду кишвар бар сари об дар вилояти Суғд ба мушоҳида расидааст.

-Оё Шумо, ки бо масоили ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон бештар ошноӣ доред, ягон пешниҳоди мушаххасе барои ҳалли ин мушкилот доред?

Ойид ба ин масъала тамоми кишварҳои Осиёи Миёна ин мушкилотро доранд. Бараъакс, ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон, ин ду кишвари минтақа, ки дар манотиқи болооб қарор гирифтаанд ва нисбат ба дигар кишварҳо аз ҳама ҷиҳат оби фаровон доранд.

Лекин баъзе минтақаҳое ҳастанд, ки албатта дар он минтақаҳо об камчин аст. Баъзан мумкин аст норасоиҳо бошад. Лекин ҳоло дар сатҳи ду тараф мо кумисиюнҳои байниҳукуматӣ дорем ва агар ба шарте масъалаҳо пайдо шаванд, албатта, ин кумисиюн ин масъалаҳоро мебинад ва аксари вақт ҳал мекунанд.

Ин як ва дувум ин ки ҳоло миёни вилояти Ботканд ва вилояти Суғд кумисиюнҳои дутарафаи вилоятӣ ҳам кор мекунанд. Байни сарҳадбонҳо ҳам ҳамин гуна мақомот вуҷуд доранд ва доимо дар рафтуомад ҳастанд. Ва баъзе вақт агар каме ҳамин хел ташвиш пайдо шавад, дар ду тараф ҷамъ шуда, ин масъаларо ҳал мекунанд. Ва дигар намегузоранд, ки ин низоъҳо пайдо шаванд.

Марзи байни ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳатҳо нисбат ба дигар марзҳо ором аст ва мардуми минтақаи ҷануби Қирғизистон ба вилояти Суғд рафтуомад ва тиҷорат мекунанд.

-Оё миёни ин сокинони тоҷик ва қирғиз хешу таборӣ низ бақарор мешавад? Яъне издивоҷҳои ду тараф вуҷуд доранд ё хайр?

-Ман ҳаминро мегӯям, ки баназдикӣ, ки ин масъала пайдо шуд, ман ба раиси ноҳияи Ҷиргатол телефунӣ сӯҳбат кардам ва пурсидам, ки дар қаламрави Тоҷикистон низ миёни қирғизҳо ва тоҷикҳо чи гап мегузарад.

Вай ба ман гуфт, ки дар ноҳия мушкили миёни тоҷикон ва қирғизҳо вуҷуд надорад. Зеро панҷоҳ дар сади издивоҷҳое, ки дар миёни мардуми ин ноҳия мешавад, миёни тоҷикону қирғизҳо аст ва мардум ба ҳамдигар хешутабор ҳастанд. Яъне издиҷвоҷҳои миёни ҷавонони қирғиз ва тоҷик зиёд аст.

-Лутфан бигӯед, ки аз Наврӯзи имсол тоҷикони Қирғизистон чи тавр таҷлил хоҳанд кард?

-Мо ҳамасола таҷлил аз Наврӯзро дар сатҳи хеле боло мегузаронем. Имсол низ меҳмонҳои зиёде ба маҳофили ҷашнӣ меоянд. Ин маҳфилро якҷо бо ҷамъияти Рӯдакии тоҷикони Қирғизистон баргузор мекунем ва меҳмонони зиёдро даъват хоҳем кард.

Имсол намояндагони тоҷикони Қирғизистон аз ҷануби ин кишвар ба маҳфили наврӯзӣ даъват шудаанд. Ҳамчунин, намояндагони ҳудуди 600 донишҷӯйи тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд, дар ин маросим ширкат хоҳанд дошт.

-Барои сӯҳбат сипосгузорам.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi