22:49:22 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 26 27 28 29 30

ИНТИХОБ: САФАРИ ҲАҶ Ё УЗВИЯТ ДАР ҲНИТ?

ҲНИТ иддао дорад, ки мақомот барои адои маросими ҳаҷ берун шудан аз узвияти ҳизбро тақозо мекунанд. Бино ба иддаои раҳбарони ҲНИТ, ниҳодҳои Кумитаи дини Тоҷикистон дар саросари кишвар дастур гирифтаанд, ки барои ба ҳаҷ рафтани аъзои ҳизб монеа эҷод намоянд. Ба гуфтаи онҳо, ин маворид дар вилоятҳои Суғду Хатлон "зиёд мушоҳида мешавад".

/images/stories/2012/06/25_hojiyon_250612.jpgСайид Умар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ба мо гуфт, дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон раиси ноҳия ба аъзои ҳизб таҳдид кардааст, ки "ҳатто агар хабари дар ҳавопаймо будани онҳо ба ӯ расад, онҳоро бармегардонад".

Айни замон, раҳбарияти ҳизб роҷеъ ба шумори дақиқи аз рӯйхати зоирон берун шудани аъзои ҳизб ба ин далел чизе нагуфтанд.

Дар ҳамин ҳол, Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон иддаои раҳбарияти ҲНИТ-ро бепоя мехонад. Вай гуфт, ҳамчунин дастури хаттӣ ё шифоҳӣ ба мақомоти маҳаллӣ дода нашудааст ва дар ин маврид касе ҳам ба кумита шикоят накардааст.

Айни замон, Муҳаммадалии Ҳайит, муовини дигари раиси ҲНИТ мегӯяд, ин идомаи иҷроиши дастурҳои ҳамон протоколи 32 аст, ки аз сӯи раҳбарияти Тоҷикистон соли гузашта ба тасвиб расидааст. Протоколи 32 аввали соли равон дар сомонаи zvezda.ru – и Русия ба табъ расида буд, ки ба таъқиб ва фишори сиёсии ҲНИТ даъват мекард.

Ин навиштаҷон дар маҳфилҳои сиёсӣ вокуниши зиёдро ба бор овард, вале то ҳол мақомоти Тоҷикистон дар робита бо он изҳори назар накардаанд. Тақозои ҲНИТ дар мавриди рӯшанӣ андохтан ба асл ё тақаллубӣ будани ин санад то ба ҳол бепосух мондааст, танҳо бархе аз раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ба таври ҷудогона гуфтанд, ки он сохта аст.

Ду моҳи қабл ҲНИТ барои таҳқиқи ин санад ва воқеияти мӯҳтавои он ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон муроҷиат карда буд, аммо то ба ҳол посух нагирифтааст.

Аммо ин танҳо мавриди фишор дар маҳалҳо ба аъзои ҲНИТ набудааст. Қаблан дар навоҳии Данғара ва Қумсангир мақомоти маҳаллӣ ба аъзои ин ҳизб иҷоза надоданд, ки дар толори Хонаи маданияти маҳаллӣ  аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi