11:58:20 03-уми Июни 2025 сол

УБАЙДУЛЛОЕВ ХОСТОРИ ТАНЗИМИ НАРХҲО ДАР БОЗОРҲОИ ШАҲР ШУД

 

 Ҷиҳати таъсиррасонӣ ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардум ва маводи сӯхт аз 1 июн то 1 декабри соли 2009 дар бозорҳои зертавозун ва дигар бозорҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ нуқтаҳои алоҳидаи савдо барои Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. 

Маҳсулоти аз ҷониби Агентӣ пешниҳодшаванда назар ба нархи бозор 10% арзон ба савдо гузошта мешаванд. Дар ин хусус шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи корӣ карор қабул намуд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, мақсад аз андешидани ин тадбир коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони молиявӣ дар бозори истеъмолӣ ва таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагони пойтахт мебошад.

Ҷиҳати татбиқи ин муқаррарот тамоми масъулини соҳа ва мақомоти дахлдор муваззаф карда шуданд, ки барои аз ҷониби Агентӣ ба фурӯш гузоштани анвои мухталифи маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла орд, шакар, бензин, солярка ва керосин ҳамаҷониба мусоидат намуда, ҳамзамон ғанӣ гардонидани бозори истеъмолиро аз ҳисоби захираи бозорҳо таъмин созанд.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854