13:09:34 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Б.Файзуллоев: "Кумита ҳаққи бастани суратҳисобҳои моро надорад"

Масъулони "Babilon-M" мегӯянд, Кумитаи андоз то анҷоми баҳси додгоҳӣҳаққи бастани суратҳисобҳои онҳоро надорад. Кумитаи андоз барои ситонидани қарзи ин ширкат ба бонкҳо нома фиристодааст.

behzod-fayzulloev_2015.jpgБеҳзод Файзуллоев, раиси ширкати мухобиротии "Babilon-M" мегӯяд, Кумитаи андози Тоҷикистон то анҷоми баҳсҳои додгоҳияшон, ҳаққи бастани суратҳисоби онҳоро надорад. Ӯ гуфт, "Babilon-M" дар ин замина аз Додгоҳи олии иқтисодӣ санад гирифтааст.

Кумитаи андози Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба бонкҳои кишвар аз онҳо хостааст, 337 миллион сомонӣқарзи ин ширкатро ба нафъи онҳо биситонанд. Ҷаноби Файзуллоев рӯзи 3 феврал дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо мо ибтидо ба ин масъала дахл кард ва аз ҷумла гуфт:

- Кумитаи андоз мехоҳад, суратҳисоби моро дар тамоми бонкҳо маҳкам кунад, то ки дуруст фаъолият карда натавонем. Ба фикри мо, ин ғайриқонунӣ аст. То замоне ки баҳсҳои мо дар судҳои иқтисодӣ идома дорад, бояд суратҳисобҳои мо маҳкам набошад. Он маблағе, ки Кумитаи андоз аз мо талаб дорад, бо он розӣ нестем ва барои ҳамин баҳс дорем. Аз он маблағе, ки Кумитаи андоз аз мо талаб кард, додгоҳ бо қарори худаш 3 миллиону 228 ҳазор сомониашро бекор кард ва дар ҳоли ҳозир 337 миллион “қарз” боқӣ мондааст. Дар сурати маҳкам кардани суратҳисобҳо, мо дигар ягон амалиёти молиявӣ гузаронида наметавонем. Маблағҳо ҳамааш ба андоз меравад. Аз рӯи қонун дар сурати маҳкам шудани суратҳисоб, мо танҳо пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, ба мисли пардохти пули барқро, анҷом медиҳем. Аммо мо аз Додгоҳи олии иқтисодӣ низ ҳуҷҷат дорем, ки дар он гуфта мешавад, то анҷоми баҳсҳои судӣ Кумитаи андоз ҳаққи маҳкам кардани суратҳисобҳои моро надорад.

-Аслан Кумитаи андоз аз кадом ҳисоб ширкати Шуморо қарздор кард? Дар кадом асос?

-Кумитаи андоз ахиран марҳилаи солҳои 2011−2012−2013−ро тафтиш кардааст. Содда карда фаҳмонам, Кумитаи андоз гуфтааст, агар Шумо дар ҳамин давра нархҳоятон 1 сомонӣ не, 2 сомонӣ мешуд, ҳамин қадар андоз мешуд. Шумо, ки нархатонро 2 сомонӣ накардед, мо ҳамин миқдор андозро ҳисоб мекунем, ба болояш ҷарима ва фоизашро зам менамоем. Бо ҳисоби онҳо 217 миллион сомонӣ андоз, 50 миллион ҷарима ва 73 миллион сомонии дигар фоизҳояш шудааст. Мо ба масъулини андоз фаҳмондем, ки нархномаҳои мо бо Хадамоти зиддинҳисорӣ мувофиқа шудааст.

Гузашта аз ин, мо дар бозори алоқаи мобилӣ танҳо нестем, рақобат зиёд аст, наметавонем нархоямонро баланд бардорем. Аммо ҳамаи ин ваҷҳҳо ва далелҳои моро рад карданд. Суд ҳам далелҳои моро ба инобат нагирифт. Тасаввуроте ба вуҷуд меояд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои онҳо вуҷуд надорад. Агар ин тавр бошад, биёем мо ҳамаи тарофаҳоямонро дар Кумитаи андоз мувофиқа кунем! Мо зиёда аз 10 сол шуд, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунем, наход мо қонунҳои ҷории кишварамонро надонем. Хирсро дар сирк дар муддати як сол велосипедрониро ёд медиҳанд, наход мо аз хирс беҳтар нафаҳмем!

-Ин баҳсҳои додгоҳӣ бо Кумитаи андоз то кунун ба фаъолияти ширкат чӣ таъсир расондааст?

-Мо чандин бор дар суҳбат бо масъулини андоз гуфтем, то анҷоми баҳсҳои судӣ суратҳисоби моро маҳкам накунед. Мо бо конрагентҳоямон шартномаҳои зиёд дорем, ҳаққи онҳоро бояд диҳем пули иҷораро диҳем. Чунки дар сурати бастани суратҳисобҳо, фаъолияти мо маҳдуд мешавад, муфлис мешавем.

-Дар пасманзари ин баҳсҳо дар маҳофил ин андеша низ садо медиҳад, ки ин формон аз зинаҳои боло аст. Вагарна Кумитаи андоз мустақилона ҷуръат намекунад бо ширкати бузурге чун "Babilon-M" чунин рафтор кунад. Назари шумо чист?

-Ман сад дар сад гуфта метавонам, ки дар ин ҷо баҳс танҳо байни мо ва Кумитаи андоз аст. Лекин дар ин маврид Кумитаи андоз аз тамоми имкониятҳояш истифода мекунад. Мумкин мераванд, ба судяҳо гӯянд, ки ин пули буҷа аст. Дар ин сурат судяҳо низ тарафи моро намегиранд ва онҳо парвандаро ба дурустӣ баррасӣ карда наметавонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi