21:59:54 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкории судманд - тракторҳои замонавӣ

Бо мақсади боло бурдани сатҳи самаранокии маҳсулоти кишоварзӣ Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” барномаи саҳмгузории дутарафа барои ташвиқи технологияҳои нав ва пешрафта пешниҳод кардааст, ҳамчунин хизматрасониҳои пулакӣ барои коркарди боғу токҳо ва дигар заминҳои кишоварзӣ ташкил кардааст.

1 tractor 1455445Қобили зикр аст, ки бадин васила даромади деҳқонон аз ҳисоби зиёд кардани ҳосилнокӣ ва сифати зироатҳо афзоиш ёфта, иқтидори фурушандаҳои масолеҳи кишоварзӣ дар ноҳияҳои зидахли Лоиҳа равнақ меёбад.

Дар чаҳорчуби ин барномаи саҳмгузории дутарафа, 18 деҳқон дар ноҳияҳои Хатлон соҳиби тракторҳои замонавӣ шуданд ва сентябри соли ҷорӣ ба 22 деҳқони дигар ин таҷҳизот супорида мешавад. Тибқи муқарарот 50% арзиши ин тракторҳоро лоиҳа пардохт карда, 50% дигарро худи деҳқонон мепардозанд.

Зимни маросими супоридани тракторҳо, ки нимаи аввали моҳи август дар ноҳияи Кушониён бо иштироаи намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Хатлон, ташкилоти байналмилалӣ “Кемоникс Интернейшнл”, Агентии ИМА оид ба рушди баналмилалӣ (USAID) иштирок карда, воридоти технология ва техникаи навинро ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон гоми муҳим арзёбӣ карданд.

2 tractor 1455445Иқдоми мазкур ба ҳолати моливу иҷтимоии хоҷагӣ таъсири назаррасе мерасонад, зеро ин даромади иловагӣ ба буҷаи хочагиҳо мешавад. Лоиҳа дар навбати худ барои ҷалби деҳқонон барои иҷораи тракторҳо мусоидат мекунад, то ки ҳам соҳибони трактор ва ҳам деҳқононе, ки имкони харидории тракторро надоранд, ин тракторҳоро ба иҷора гирифта, бо кор таъмин мешаванд ва маҳсулоти хушсифатро бо истифода аз техникаи муосир, бе истифодаи барзёи қувваи инсонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд.

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” (дар оянда «Лоиҳа») барои расонидани кӯмак ба деҳқонон дар минтақаи ҳадафии Лоиҳа дар ҷанубу ғарби вилояти Хатлони Тоҷикистон барои рушд додан, гуногун сохтан ва боло бурдани арзиши маҳсулоти кишоварзии онҳо, аз он ҷумла маҳсулоти ширӣ, бо мақсади ҳалли масъалаи камбудии ғизо ва барзиёд будани маҳсулот дар бозор таҳия шудааст. Мақсади Лоиҳа дастгирии деҳқонони маҳаллӣ, таввасути барномаи саҳмгузории дутарафа барои беҳтар намудани дастрасӣ ба таҷҳизоти кишоварзии пешқадам мебошад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi