19:34:12 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/14_--01-a-aaaaabank_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/14_--01-a-aaaaabank_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/14_--01-a-aaaaabank_2.jpg'

БАРНОМАҲОИ ADB ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗРАСӢ МЕШАВАНД

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфтааст, барои бозрасӣ ва ё аудити барномаҳои кумаки Бонки осиёии рушд (ADB) дар ин кишвар тендер баргузор мекунад. Дар ин бора Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба хабаргузории «Азия плюс» иттилоъ додааст. Интизор меравад ширкати ғолиби тендер 13 барномае, ки Бонки осиёии рушд дар соли 2009 дар Тоҷикистон таъмини молӣ кардааст, мавриди бозрасӣ қарор бидиҳад.

 

Ҳадаф аз ин бозрасӣ таъмини шаффофияти истифодаи маболиғест, ки давлати Тоҷикистон тайи соли 2009 аз Бонки осиёии рушд дарёфт кардааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбе, 15 март, мудири кулли Бонки осиёии рушд Хуан Миранда бо як сафари якрӯза вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

 

Ҳадаф аз ин сафар музокирот бо раҳбарони ҳукумати Тоҷикистон ва баррасии барномаҳои ояндаи Бонки осиёӣ дар ин кишвар гуфта мешавад. Мулоқоти Хуан Миранда бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар дошта шудааст.

 

Тоҷикистон аз соли 1998 ба узвияти Бонки осиёии рушд пайвастааст ва тайи ин муддат аз ин ниҳоди молӣ ба маблағи 560 миллион доллар қарзу кӯмакҳои моливу фаннӣ дарёфт кардааст. Маҷмӯи кӯмакҳои билоиавази Бонки осиёӣ ба Тоҷикистон дар соли равон 74 миллион доллар баровард мешавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/1930--adb-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854