06:19:29 05-уми Июни 2025 сол

Н. ДАВЛАТОВ: «ОМИЛҲОИ ДАРОМАДИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ЗИЁДАНД»

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳамаи қишрҳои аҳолӣ мавриди ҳамовозӣ ва ҷонибдорӣ қарор гирифта, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба хубӣ дарк намуданд, ки ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат, қабл аз ҳама, фароҳам сохтани имконоти мусоид барои зиндагии арзанда ва дар ин замина боло бурдани сатҳи иқтисоди миллӣ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ аст.

 

Оид ба то кадом андоза амалӣ шудани нуқтаҳои ин Паём сӯҳбате доштем бо раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов, ки фушурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

 

-Нусратулло Муқимович, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи Шумо чи гуна арзёбӣ мекунед ва амалишавии онҳо чӣ натиҷа ба бор хоҳад овард?

 

-Бо мақсади саривақт ва дар сатҳи дахлдор иҷро намудани дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 баён гардидаанд,  Фармони Раиси  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 125 аз 21 майи соли 2010 ба имзо расида, дар асоси он Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардиданд.   

 

Дастуру супоришоте, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, дар маҷлиси умумии Кумита бо иштироки ҳамаи кормандон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

 

Кумитаи андоз тибқи чорабиниҳои Паёми навбатӣ оиди иҷрои 17 чорабинӣ вобаста гардидааст, аз ҷумла;

 

- мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ намудани усули ҳисоботи пурраи оморӣ доир ба вазъи воқеии иқтисодиёт ва ба кормандони мақмоти андоз омўзонидани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ;

 

- пешниҳоди таклифҳои мушаххас оид ба содда намудани низоми андозбандӣ ва оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёри ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ, инчунин бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта;

 

-иштирок дар корҳо вобаста ба гузаштан ба таҳияи буҷети сесолаи давлатӣ ва дар асоси барномаҳои махсуси соҳавӣ баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ;

 

-иштирок дар таҳлили самаранокии имтиёзҳои амалкунандаи андозию гумрукӣ ва пешниҳоди таклифҳои дахлдор;

 

-пешбурди доимии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва барои андозсупорандагон ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самти андозсупорӣ;

 

-иштирок дар семинарҳо бо мақсади таъмини устувории макроиқтисодӣ дар соҳаи пуливу қарзӣ андешидани чораҳо оид ба татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати боздошти сатҳи таваррум, зиёд кардани дороиҳои бонкӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати пуливу қарзӣ бо сиёсати андозии буҷет;

 

-иштирок дар таҳлили ҳамаҷониба ва пешниҳоди хулосаҳои дахлдор оиди ба Кодекси андоз ва қонунҳо мутобиқгардонии «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот» ва «Дар бораи консессияҳо»; 

 

-ҷорӣ кардани таълими фарҳанги андозсупорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олӣ, олии касбӣ ва такмили ихтисос.

 

Амалӣ гардидани тадбирҳои номбурда пеш аз ҳама ба таъмини иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, содда намудани низоми андозбандӣ ва оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёри ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ, инчунин бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта дар қонунгузории андоз, баланд бардоштани  фарҳанги андозсупорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва боз ҳам кам шудани хароҷоти соҳибкорӣ вобаста ба андозбандӣ мусоидат хоҳад намуд.

 

-Нақшаи кории соли гузашта вобаста ба дастуру супоришҳо аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 чӣ гуна амалӣ шуд?

 

-Бо мақсади саривақт ва дар сатҳи дахлдор иҷро намудани Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 баён гардидаанд, аз 15 майи соли 2009 Фармони Раиси  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расида, Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

 

 Кумитаи андоз тибқи Нақшаи чорабиниҳо оиди иҷрои 14 банди қарори номбурда вазифадор гардида буд.

 

Доир ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришоте, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, бояд қайд кард, ки Паёми мазкур (банди 1) дар маҷлиси умумии Кумита бо иштироки ҳамаи кормандон мавриди омӯзиш қарор дода шуд ва ба кормандон китобчаҳои (брошюраҳои) Паёми мазкур ҳамчун дастури коргузории ҳаррӯза супорида шудааст.

 

Дар соли 2009 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009” ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 105,4% таъмин гардид ва ба ҷойи 2337,6 милион сомонии пешбинишуда ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 2464,6 милион сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 126,9 милион сомонӣ зиёд аст. Воридоти маблағҳо дар соли 2009 нисбат ба маблағҳои дар соли 2008 воқеан ҷамъоварӣ гардида ба андозаи 646,9 млн. сомонӣ ё худ 35,5% зиёд мебошад.

 

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар соли 2009 аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 101,2% иҷро гардида, ба ҷойи 471,5 млн. сомонӣ, ба буҷет 477,3 млн.сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 5,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.     

 

Нисбати маъмурикунонии андоз як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 таҳти №493 ва аз 19 майи соли 2009 таҳти №525 “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд.  Тибқи тағйироту иловаҳои  мазкур тартиби ҳисобу пардохти як қатор андозҳо нисбатан содда гардида, нисбати андозсупорандагон як қатор сабукиҳои андоз фароҳам оварда шуд, аз ҷумла:

 

1. Бо мақсади беҳтар намудани тартиби андозбандии супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда андозбандӣ мешаванд, аз пардохти андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд.

 

2. Тарҳи пардохтҳо барои ташкилоти эҳсонкорӣ ва иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ дар ҳаҷми воқеии маблағҳои пардохтшуда, аз 5 фоиз ба 10 фоизи фоидаи (даромади) андозбандишаванда баланд карда шуд.

 

3. Аз объекти андозбандии андози ягона аз истесолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ масоҳати замини истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзие,  ки мутобиқи моддаи 271 ва қисми 4 моддаи 267 Кодекс андоз аз андози замин озод карда шудаанд, хориҷ карда шуд.

 

Аз ҷумла, бо мақсади кам кардани таъсири манфии бўҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар ва паст кардани гаронии андоз ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 ба 18 фоиз ва андоз аз фоида аз 25 ба 15 фоиз паст карда шуд.

 

Дар баробари ин, барои андозсупорандагоне, ки тибқи низоми соддакардашуда фаъолият менамоянд, ҳадди ниҳоии даромади умумӣ аз 600 ҳазор сомонӣ ба 800 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин имкон медиҳад, ки андозсупорандагон дар ҳолати то ба 800 ҳазор сомони расидани даромади умумӣ фаъолияти худро тибқи низоми соддакардашудаи андозбандӣ идома диҳанд.

 

Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани истифодаи дурусти имтиёзҳои андозӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои гранту кредит амалӣ  мешаванд, мунтазам корҳо бурда шуда истодааст.

 

Кумитаи андоз бо мақсади бештар ба кор фаро гирифтани кадрҳои баландихтисос, забондон, дорои малакаи нави идоракунӣ (банди 56) ва истифода аз технологияҳои компютерӣ чораҳои зарурӣ андешида, тибқи талаботи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 10 «Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» дар мавриди интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ва мутобиқ будани довталабон ба критерияҳои зикршуда диққати бештар дода истодааст.

 

Бо ташаббуси Кумитаи андоз ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таъйини ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳангоми ихтиёран барқарор намудани зарари расонидашуда лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод шуда, мавриди ҷонибдорӣ қарор ёфт ва бо қабули қонун аз  11 марти соли 2010 таҳти №600 тасдиқ гардид.

 

Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки аз натиҷаи вохӯрӣ бо соҳибкорон дар санаи 25 декабри соли 2007 ва Паёми соли сипаригашта (соли 2009) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» таҳия ва аз 19 майи соли 2009 бо №508 қабул гардид.

 

Мақсади асосии Қонуни номбурда ҷорӣ намудани тартиби соддакардашудаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ буда, татбиқи он барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани фазои мусоид ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, ҷалб намудани сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ ва зиёд намудани даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.

 

Қонуни мазкур ҷорӣ гардидани тартиби соддакардашудаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродиро дар асоси принсипи «равзанаи ягона» пешбинӣ менамояд.

 

Бо назардошти содда гардонидани амали ҳуқуқии барасмиётдарории воқеияти таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ иҷрои вазифаи бақайдгирии давлатии он ба зиммаи мақомоти андоз вогузор карда шудааст.

 

Тартиби нави бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ нисбат ба қонуни қаблан амалкунанда бартариятҳои зеринро дорост:

 

-дар мавриди тартиби нави бақайдгирӣ теъдоди расмиёти марбути бақайдгирӣ аз 13 адад то ба 3 адад кам карда шуд. Дар баробари ин, теъдоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мақсадҳои бақайдгирии давлатӣ аз тақрибан 30 адад барои шахсони ҳуқуқӣ то 7 адад кам карда шуд;

 

 

ӯҳлати бақайдгирӣ, ба туфайли истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ, ташкили махзани ягонаи маълумот, бунёди шабакаи электронии Кумитаи андоз бо мақомоти ҳудудӣ ва мақомоти омору ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин истифодаи Рақами ягонаи мушаххас аз 49 рўз то ба 5 рўз (барои шахсони ҳуқуқӣ ва филиалу намояндагиҳо, филиал ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ), ва 3 рўз (барои соҳибкорони инфиродӣ) кам карда шуд;

 

-рўйхати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ зарур дар худи Қонун инъикос ва номгўи онҳо то қадри имкон маҳдуд гардидааст. Минбаъд барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳоди Оиннома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ташаккули сармояи оиномавӣ талаб карда намешавад, ҳуҷҷати мазкур ба мақомоти бақайдгирӣ дар мўҳлат як сол  пас аз бақайдгирӣ пешниҳод карда мешавад. Инчунин ташхиси ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои мақсадҳои бақайдгирӣ гузаронида намешавад;

 

-дар ҳолати тағйир ёфтани маълумот оид ба субъекти соҳибкорӣ ба Феҳрасти давлатӣ воридшуда, азнавбақайдгирии давлатии он талаб карда намешавад. Дар асоси аризаи чунин субъекти соҳибкорӣ ба мақомоти андоз маълумоти аниқшуда дар мўҳлати 2 рўз ройгон ба Феҳраст ворид карда мешавад.

 

Дар оғози давраи ба мақомоти андоз вогузор гардидани масъулияти бақайдгирӣ 4 нуқтаи бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо амал мекард, айни замон бошад теъдоди ин нуқтаҳо ба 55 адад расида имконият фароҳам оварда шудааст, ки хароҷотҳои вобаста ба бақайдгирӣ кам карда шаванд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки расмиёти бақайдгирӣ бо истифода аз технологияи муосир анҷом дода мешавад.

 

-Оё имсол дар соҳаи Шумо силсилаи навовариҳо, лоиҳаҳои нав, тағйироти назарраси истеҳсолӣ ва нақшаҳои бузурги дорои аҳамияти миллӣ дар назар аст?

 

-Айни замон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода гардида дар арафаи мувофиқакунонӣ қарор дорад. Лоиҳа дар асоси Супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз вохурӣ бо соҳибкорон дар таърихи 15 январи соли 2010 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, таҳия шуда, барои такмили маъмурияти қонунгузории андоз, мустаҳкам намудани заминаи воридоти буҷаи давлатӣ аз он ҷумла аз ҳисоби манбаъҳои нав равона гардидааст.

 

Бо мақсади бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта бо дигар соҳаҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» таҳия гардида истодааст.

 

Ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи давлатии татбиқ ва таҳияи технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкили шабакаи ягонаи табодули маълумот дар назди Кумита КВД «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз» ташкил карда шудааст, ки он ба фаъолият оғоз намуда, фаъолияти он маҳз ба иҷрои ҳамин корҳо равона карда шудааст.

 

 Созишномаи сетарафа оиди доду гирифти маълумот доир ба воридоти андозҳо байни Кумитаи андоз, Вазорати молия ва Амонатбонк ба имзо расид.

 

Барои суръатфизоии ҷорӣ намудани  системаи иттилооткунонӣ дар мақомоти андоз бо таваҷҷуҳи махсус додан ба паҳншавии системаи бақайдгирӣ ва баҳисобгирии андозсупорандагон, аз он ҷумла бо истифодаи системаи электронӣ, дар Кумитаи андоз якчанд барномаҳои компютерӣ  аз қабили Системаи иттилоотии андоз (СИА) «Бақайдгирии андозсупорандагон», «Баҳисобгирии андозҳо» ва «Бақайдгирии андоз аз арзиши иловашуда ва пайгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда» таҳия гашта, дар 12 нозиротҳои андоз ба таври таҷрибавӣ амалӣ гашта ин иқдом идома дода мешавад.

 

Сомонаи Кумитаи андоз дар шакли нав таҳия карда шуда ва дар он  ба соҳибкор имконият дода мешавад, ки ба маълумотҳо оиди ҳисоббаробаркунӣ доир ба андозҳо аз рўи   ҳисобварақаи худ шинос шаванд. Бо мақсади такмили минбаъдаи ташкили ҳамкориҳои мақомоти андоз бо андозсупорандагон ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ Стандартҳои ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон аллакай қабул гардида дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шуд.

 

Барои оммафаҳм ва содда намудани муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 5 апрели соли 2010 ҷаласаи аввали гурўҳи корӣ гузаронида шуда, аз иттиҳодияҳои соҳибкорӣ хоҳиш карда шуд, ки нисбати масъалаи мазкур таклифҳои худро пешниҳод намоянд.

 

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши соҳибкорон доир ба масъалаҳои пешбурди ҳисоботи андоз дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияҳои соҳибкорӣ оиди «Тартиби истифодабарии соддакардашудаи  ҳисобот ва баҳисобгирӣ дар субъектҳои соҳибкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2009 №80 тасдиқ гардидааст, семинар-машваратҳо гузаронида шуданд.

 

Кумитаи андоз ҷиҳати иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2009 таҳти №253 тасдиқ гардидааст, як қатор корҳоро ба сомон расонида истодааст. Дар семоҳаи аввали соли 2010-ум Кумитаи андоз  дар баробари иҷрои оҷилии вазифаҳои дохилӣ ва нақшавӣ пайваста бо ВАО чопиву электронии ватанӣ алоқаи зич намуда, корҳои таҳлиливу фаҳмондадиҳиро бо ҷалби мутахассисони соҳа ва андозсупорандагон ба роҳ монд.

 

Аз тарафи мутахассисони Кумитаи андоз дар семоҳаи аввали соли 2010 тариқи шабакаҳои мухталифи телевизионии давлатию маҳаллӣ, маҷаллаю рўзномаҳо, марказҳои иттилоотӣ ва радиоҳои гуногун қариб 120 намоишҳои таҳлилию аналитикӣ зери унвони «Андоз -- бақои давлат», «Дар мавзўи рўз», гузоришҳо барои барномаҳои иттилоотии шабакаҳои радио ва телевизионҳо, мақолаю сўҳбатҳо дар рўзномаҳои даврӣ нашру пешкаши бинандагон ва шунавандагон гардониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум (120-102) 18 адад бештар мебошад.

 

Айни замон бо мақсади иҷрои супориши паёмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04.2010 оид ба ташкил намудани курсҳои бозомўзӣ дар соҳаи андоз дар байни кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон бо Фармони Раиси Кумитаи андоз аз ҳисоби мутахассисон пуртаҷрибаи Дастгоҳи марказии Кумита гурўҳи корӣ ташкил карда шуда истодааст, ки тибқи он дар ш. Душанбе вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ бо иштироки кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон семинар-машваратҳо гузаронида мешавад. 

 

Кумитаи андоз дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи   кори   худ  карда, баҳри иҷрои онҳо,  ғановати буҷети давлат ва таъмини иҷрои барномаҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаҷониба кўшиш бахарҷ медиҳад. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва маҳдуд кардани хароҷоти дуюминдараҷа дар мақомоти андоз Фармони Кумитаи андоз аз 27 феврали соли 2009 таҳти №58 қабул гардидааст. Тибқи фармони мазкур дар Кумита комиссияи босалоҳият таъсис дода шуда, ба зиммаи он назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ вогузор шудааст.

 

 Инчунин, вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009” таҳти №507, дар соли 2009 сметаи маблағҳои хароҷотии Кумитаи андоз ва мақомоти ҳудудии он дар асоси Фармони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2009 таҳти №08-01-17/148 ба маблағи 5927,8 ҳазор сомонӣ кам карда шуда буд.

 

Дар соли 2009 бо мақсади сарфаи маблағҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба исрофкорӣ дар сметаи хароҷотии Кумитаи андоз маблағ барои таъмири бино, хариди таҷҳизот ва хариди нақлиёт ба нақша гирифта нашудааст. Яъне аз ин гуна хароҷотҳо худдорӣ карда шуд.

 

Мусоҳиб Дилшодаи Ҷонмард, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/2542---l----r.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854