12:18:30 03-уми Июни 2025 сол

МАҶЛИСИ ШӮРОИ ТИҶОРАТӢ ДАР САФОРАТХОНАИ РУСИЯ

 

Дар Сафоратхонаи Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии Шӯрои тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти сафорат, намояндагии тиҷоратӣ, намояндагони ҷамъиятҳои саҳомии «Газпром зарубежнефтегаз», «НБО Сангтӯда - 1», «Таком», «Созандагӣ», «Сармоягузорӣ ва идора», «Газпромнефт - Тоҷикистон» ва филиали идораи Ҷамъияти саҳомии Роғун дар НБО «Сангтӯда - 1» ширкат варзиданд. 

Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ширкатҳои Русия дар Тоҷикистон дар давоми соли 2008 ҷамъбаст намуда, нақшаҳои кори онҳо дар соли 2009 муайян карда шуданд. Зикр шуд, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Русия соли 2008 - ум 1,2 миллиард доллари ИМА - ро ташкил дод. Ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду кишвар дар давоми се соли охир 3,5 баробар афзуд. 

25 фоизи ҳаҷми умумии хариду фурӯши мол ба Русия рост меояд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Русия соли 2009 қариб 930 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Федератсияи Русия аз ҷумлаи мамлакатҳоест, ки ба Тоҷикистон мунтазам кӯмаки башардӯстона мерасонад. Охири моҳи марти соли равон аз Русия ба Тоҷикистон бо се ҳавопаймо ба маблағи як миллион доллари ИМА кӯмаки башардӯстона фиристода шуд. Маблағи кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон соли 2008 қариб 7 миллион долларро ташкил медиҳад. 

Ҳамзамон таъкид шуд, ки корхонаю ширкатҳои Русия зимни фаъолияташон дар Тоҷикистон бо баъзе душвориҳо ва проблемаҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ҷумла, директори генералии Ҷамъияти саҳомии «НБО Сангтӯда - 1» Раҳматулло Олҷонов зикр кард, ки бо сабаби мунтазам напардохтани маблағи қувваи барқи истифодашуда сохтмони баъзе иншоотҳо қисман боздошта шуд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов соҳибкорону тоҷирони мамлакаташро дилпур сохт, ки сафорат манфиати онҳоро дар Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳимоя хоҳад кард.

Жасмин Назарова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854