04:45:38 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА БО АРОБАКАШӢ ВА ЧОЙФУРӮШӢ

 

Хуршед имсол синфи панҷумро хатм кард. Вай фарзанди калонии хонадони иборат аз панҷ узв буда, аз 1-уми июн инҷониб дар яке аз бозорҳои пойтахт ба чойфурӯшӣ машғул шуд. 

Вай рӯзе ба ҳисоби миёна 5 сомони ба даст меорад. Хуршед мегӯяд, ки модараш дар хона барои ӯ чойро тайёр мекунад ва баъд ў онро дар бозор мефурӯшад. Ба пули коркардааш барои оилаашон хӯрок мехарад: «Аз пули фоида дидагиам шакар, нон ва равған мехарам. Дигар ягон маблағ барои сару либос харидан ба худам намемонад». Хуршед падар ва модар дорад. Вале бо вуҷуди ин оилаи онҳо ба ёрдами ӯ ниёз доштааст. Хуршед аз соати 8 субҳ то 8 бегоҳ дар бозор машғули чойфурӯшӣ аст.

 

Вай мегӯяд, мехоҳад, ки дар қатори ҳамсолонаш дар фароғатгоҳҳои мактабӣ истироҳат кунад, аммо буҷаи оилавии онҳо тавони пардохти маблағи фароғатгоҳҳои Тоҷикистонро надоштааст. 

Ҳамсӯҳбати дигари Ояндасоз Карим, ки имсол синфи нуҳумро хатм кардааст, мегӯяд, давоми ду сол аст, ки таътили тобистонаро ба аробакашӣ дар бозорҳои пойтахт мегузаронад ва аз ҳисоби он барои худаш сару либоси мактаби мехарад. Вай меафзояд, «ҳар рӯз 10 сомонӣ кор мекунам, ду сомонӣ иҷораи ароба медиҳам, 8 сомонӣ ба худам мемонад. Ҷамъ мекунам барои худам сару либоси мактаби мехарам».

Ба гуфти Комил рӯзе нест, ки онҳо аз тарафи милисаҳои ва савдогарони калони бозор ҳарфи бад нашунаванд. Карим ба хулосае омадааст, ки баъди хатми мактаби миёна аробакаширо дар бозор хотима дода, ба ягон мактаби олӣ дохил шавад, то ки дар оянда соҳибкасб шавад. Аммо, боз ҳам мушкили камбуди маблағ барои дохил шудан ва дурнамои аробкашӣ ӯро нигарон мекунад. 

Феълан дар бозорҳои Тоҷикистон даҳҳо Хуршед ва Карим барин наврасон машғули аробакашӣ, селофанфурӯшӣ, чою дигар майдафурушию хизматрасонӣ мебошанд. Аксарияти ин наврасон аз оилаҳои камбизоат буда, буҷаи оилавии онҳо бо дастмузди ин кӯдакон танзим мешавад. 

Шояд ҳамин ниёзмандӣ ба пули кӯдак аст, ки волидон одат кардаанд ба монеаву мушкилоти пеши роҳи ҷигарбандонашон ҳангоми кор чашм мепӯшанд. Ҷомеашиноси ҷавон Эраҷи Акмал бар ин назар аст, ки новобаста ба мушкилот ва камбуди буҷа, ҳукумат бояд дар андешаи осон кардани рӯзгору сарнавишти ин кӯдакони коргару сарсон бошад. Вай гуфт, ҳадди ақал барои хонаводаҳои камбизоат, ки фарзандонашон ногузир ба кор машғул мешаванд, бояд имтиёзе қоил бошад, ки то ки ин бачаҳо аз андоза ҳуқуқи иҷтимоии худро ҳимоят карда тавонанд. 

Назар ба арзёбиҳои коршиносон, ҳоло ҳар нафари дуюм дар ҷомеаи Тоҷикистон камбизоат аст. Ҳарчанд дар гузашта шумори ин мардум бештар будааст, вале боз ҳам дар бахши қашшоқтарин қишри ҷомеа ҳамин кӯдакону занону пиронсолон ёд мешаванд. 

Эраҷи Акмал мегӯяд, ки дар сурати адами як сиёсати вижаи ҳимояти иҷтимоии ин бахши ҷомеа фардо мо бо пайомадҳои ногуворе рӯбарӯ хоҳем шуд.

Зайнаби Муҳиддин, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi