| ҶОМИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ: 4 ДАСТА – ДАР 1/2 ФИНАЛ |
| Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш | |||
| 05.07.2010 10:15 | |||
|
Чаҳор дастаи миллӣ - Ҳолланд, Уругвай, Олмон ва Испониё ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 роҳ ёфтанд. Тимҳои Бразил, Гана, Аргентина ва Парагвай аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуданд.
Натоиҷи бозиҳои 1/4 ниҳоӣ чунин аст:
3-уми июл. Йоханнесбург. Варзишгоҳи “Эллис Парк”. Парагвай - Испониё - 0:1 (0:0). Гол: Д. Виля, дақиқаи 83-юм.
О.Кардосо – Парагвай дар дақиқаи 58-ум ва Х.Алонсо – Испониё дар дақиқаи 61-ум аз пенолти истифода карда натавонистанд.
Ба ин тартиб дар бозиҳои ниманиҳоӣ 6-уми июл Уругвай - Ҳолланд (соати 23.30 бо вақти Душанбе) ва 7-уми июл Олмон – Испониё (соати 23.30) рақобат хоҳанд кард. Дастаҳои ғолиби даври ниманиҳоӣ рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ ширкат меварзанд. Дастаҳои мағлубшуда 10-уми июл барои ҷои 3-юм талош хоҳанд кард.
Бояд тазаккур дод, аз 7 тиме, ки дар муддати 80 сол ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст, танҳо 2 тим – Уругвай (1930, 1950) ва Олмон (1954, 1974, 1990) муборизаро барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 идома медиҳанд. 5 тими миллӣ, ки солҳои мухталиф барандаи Ҷоми ҷаҳон шудаанд – Бразил (5 бор - 1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё (4 маротиба -1934, 1938, 1982, 2006), Аргентина (2 бор - 1978, 1986), Инглистон (1966) ва Фаронса (1998) аз идомаи мубориза барои Ҷоми ҷаҳон-2010 маҳрум шуданд.
Давид Виля, бозигари Испониё, ки то ҳоло 5 гол задааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳон-2010 дар ҷои аввал мебошад. Мюллер (Олмон), Клозе (Олмон), Снейдер (Ҳолланд), Игуаин (Аргентина) ва Виттек (Словакия ) 4-голӣ ба самар расондаанд. Фабиану (Бразил), Суарес (Уругвай), Форлан (Уругвай) ва Донован (ИМА) 3-голӣ задаанд.
Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/2606----4----12-.html
|






