БОЗГАШТИ СЕ ҶАВОНИ ДАНҒАРАГӢ АЗ МАДОРИСИ ПОКИСТОН
Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Данғара, дар ҷануби Тоҷикистон, аз бозгардондани се ҷавони тоҷик, ки дар мадрасаҳои исломии Покистон таҳсил мекарданд, хабар доданд. Маҳмадулло Саидов, раиси ноҳияи Данғара, рӯзи душанбеи 11 октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки аз ин ноҳия 16 нафар аз ҷавонон дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ки синну солашон умдатан 17-18-сола аст.

Ба гуфтаи вай, то кунун бо кумаки мақомоти маҳаллӣ се нафар аз ҷавонони тоҷик аз Покистон баргардонда шудаанд. Оқои Саидов афзуд, ки ҳамчунин, 13 нафари дигар аз ҷавонони маҳаллӣ бояд аз кишварҳои мухталифи исломӣ ба Тоҷикистон бозоварда шаванд. Аммо ин зоҳиран омори ниҳоӣ нест. Ба гуфтаи мақомҳои ноҳияи Данғара шумори ҷавононе, ки ба таври ғайрирасмӣ дар мадориси кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, мумкин аст бамаротиб бештар бошад. Зеро гуфта мешавад, бархе аз волидон ҳатто намедонанд, ки фарзандонашон дар куҷо ҳастанд.
"Бемору гурусна"
Гузашта аз ин, ба гуфтаи раиси ноҳияи Данғара, дар Покистону Арабистони Саъудӣ ҳоло чанд оилаи ҷавон аз ин ноҳия ҳастанд, ки бо зану кӯдаконашон рафтаанд. Оқои Саидов дар бораи се ҷавони овардашуда аз Покистон гуфт: "Онҳо хеле лоғар ва бемор шуда буданд. Пизишкон мегӯянд, ки онҳо аз гуруснагӣ лоғар ва бемор шудаанд. Баъд аз табобат дар бемористонҳо ин се ҷавон ба хидмати сарбозӣ фиристода шуданд."
Ба гуфтаи оқои Саидов, ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Данғара 50 дарсад аз хароҷоти роҳи ҷавононеро, ки аз кишварҳои мухталифи исломӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд, пардохт мекунад. Панҷоҳ дарсади дигари хароҷоти роҳ ба дӯши волидон аст. Қарор аст гурӯҳе аз ҷавонон ҳангоми бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Макка дар шаҳри Зоҳидони Эрон бо онҳо ба ватан баргарданд.
Раиси ноҳияи Данғара ҳамчунин гуфт, ки дар байни ҷавонони маҳаллӣ, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ҳастанд афроде, ки дар таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротгаро ва терурист қарор доранд. Вай ҳамчунин ишора кард, ки дар фиристодани ҷавонони данғарагӣ ба кишварҳои исломӣ ё роҳбаладии онҳо бархе аз мақомҳои маҳаллӣ дар ноҳия даст доштаанд, вале мушаххасан аз касе ном набурд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи манобеъи Кумитаи дини Тоҷикистон, беш аз 1400 тан аз ҷавонони тоҷик ҳоло дар донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.
"Бозгардондан иҷборӢ нест"
Масъулони ин кумита рӯзи душанбеи 11 октябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ин иттилоъ аз хонаводаҳои ин ҷавонон дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст. Мавлон Мухторов, муъовини раиси ин кумита, таъкид кард, ки ин маълумоти ниҳоӣ набуда ва то ҳол аз бархе аз навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва водии Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, дар ин замина иттилоъ ворид нашудааст.
Ҳамзамон, оқои Мухторов гуфт, ки бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ ба таври иҷборӣ сурат нахоҳад гирифт ва танҳо аз падару модарон даъват шудааст, ки фарзандони худро аз мамолики исломӣ ба ватан бозгардонанд. Масъулони кумитаи дин мегӯянд, ки дар Тоҷикистон як донишкадаи давлатии исломӣ ва 15 мадрасаи дигар вуҷуд дорад ва ҷавонон пас аз бозгашт ба ватан метавонанд дар ин ҷоҳо таҳсил кунанд. Ҳамчунин, дар назар аст дар чанд соли оянда теъдоди мадориси исломӣ дар Тоҷикистон то ба 68 адад афзоиш ёбад.
Аз сӯйи дигар, Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, низ рӯзи душанбе дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт донишҷӯёне, ки аз кишварҳои исломӣ ба ватан бармегарданд, метавонанд дар донишгоҳҳои кишвар таҳсили худро идома диҳанд. Оқои Раҳмонов гуфт, ки бештари ҷавонони тоҷик тавассути саҳмияҳои гурӯҳҳо ё созмонҳои мазҳабии хориҷӣ барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафтаанд ва фаъолияти ин афрод дар хориҷи кишвар таҳти назорат нест.
Ҳушдори вазири маъориф
Вай ҳушдор дод, ки мумкин аст донишҷӯёни тоҷик дар мамолики исломӣ ба гурӯҳҳои тундрав пайваста ва мафкураву ақоидашон, ба гуфтаи вазири маъориф, “заҳролуд” шавад. Ҳамзамон, вазири маъорифи Тоҷикистон гуфт ҷавононе, ки бо роҳхати кумитаи дин ва вазоратҳои хориҷаю маъориф ба донишгоҳҳои исломии хориҷӣ рафтаанд, таҳсили худро дар ин кишварҳо идома хоҳанд дод.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот бо сокинони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар авохири моҳи август аз сокинони кишвар даъват кард, то фарзандони худро, ки дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ба ватан бозгардонанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки дар ғайри ин сурат "Онҳо ҳама терурист ва экстремист (ифротгаро) мешаванд."
Дар ҳоле ки масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон наҳваи бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷиро довталабона арзёбӣ мекунанд, аммо Президент Раҳмон гуфта буд, ки давлат дар мавриди бозгардондани донишҷӯён ба ватан бо бархе аз кишварҳои исломӣ вориди музокира шудааст. Зимнан, пас аз дидори Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури вақти Покистон аз Тоҷикистон дар авохири моҳи майи соли 2002, беш аз 70 тан аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар мадориси исломии Покистон таҳсил мекарданд, иҷборан ба ватан бозгардонда шуда буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3327-2010-10-11-15-28-54.html