ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА АРТИШ: "ВОЕНКАМАД БЕД, МАНА ДОШТАН..."
Ҳарчанд ба таври иҷборӣ аз кӯча дошта ва ба хидмати сарбозӣ бурдани навҷавонон мамнӯъ эълом шудааст, аммо дар шаҳри Панҷакент чунин амал ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад. Абдуссамеъ, номи мустаъори як хонандаи синфи 11 аст, ки мегӯяд ӯро ду рӯз пеш чанд низомӣ иҷборан бо худрави худ ба кумисериёи низомии ноҳияи Панҷакент бурда ва ҳатто ба ҷонаш таҳдид кардаанд.
Ин иттифоқ ҳангоме рух додааст, ки Абдуссамеъ барои пул гузарондан ба ҳисоби телефуни ҳамроҳаш аз хона берун омада буд. Абдуссамеъ мегӯяд: "Ман гуфтам, ки мактабхон ҳастам, аммо як нафар аз кормандони кумиссериёи низомӣ гуфт, ки "гап назан, ки мекушам. Тамом, ту акнун рафтӣ…" Вай афзуд: "Баъдан ман пинҳонӣ ба тағоям СМС фиристодам, аммо онҳо гӯшиамро гирифта, таҳдид намуданд, ки "ту аз ин ҷо дигар намебароӣ. Аз ин ҷо лингатро ба хонаатон мебаранд."
Ба гуфтаи вай, пас аз ёфтани парвандааш низ ӯро озод накарда, баръакс гуфтаанд, ки "ин парвандаи бародарат аст на аз худат." Аммо хароши зери лабаш, ки дар акс низ намоён буда, боъис шудааст, ки ба ӯ бовар кунанд ва озодаш намоянд. Абдуссамеъ афзуд, ки ин бори дуюм аст, ки ӯро боздошт мекунанд. Бори аввал як нафар шиноси падараш, ки дар кумисериёи низомӣ ҳузур дошта, ӯро наҷот додааст.
Як ҷавони дигари маҳаллӣ низ, ки номашро ифшо накард, гуфт, ки вай ахиран бо чунин вазъияте рӯбарӯ шудааст. Вале азбаски вай яккаписари хонавода буда, мақомоти кумисериёи низомӣ пас аз мутолеъаи парвандааш ӯро ҷавоб додаанд. Ибодулло Фатҳуллоев, ҳуқуқдоне мустақил, мӯътақид аст, ки боздошти навҷавонон дар хиёбонҳо ва бурдани онҳо ба хидмати сарбозӣ, ки дар миёни мардум бештар ба истилоҳи русии "облава" (гирудор) маъруф аст, як навъ нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад.
Вай афзуд: "Аз кӯча дошта, ба хидмати аскарӣ фиристодан хилофи қонун аст. Таҳдид ба ҷон тамоман мумкин нест. Ҳангоми боздошт шудан ва таҳдид шунидан фарди озордида метавонад ба мақомоти зидахл шикоят бубарад."
Як корманди кумиссериёи низомии шаҳри Панҷакент, ки худро ронандаи одии ин идора муъаррифӣ кард, вуҷуди мавориди "облава"-ро рад кард ва афзуд: "Дар мо облава нест. Ин амали ғайриқонунист." Аммо мардуми маҳаллӣ дар ноҳияи Панҷакент мегӯянд, ки ин амал ҳанӯз ҳам роиҷ аст. Онҳо мегӯянд агар мақомот бо "облава" ҷавононро ба хидмати сарбозӣ равона накунанд, эҳтимолан саффи нерӯҳои мусаллаҳро бо роҳҳои дигар наметавонанд такмил кунанд.
Сӯҳбат бо мақомҳои кумисериёи низомӣ дар ноҳияи Панҷакент муяссар нашуд. Аммо Саттор Ризоев, сардори кумисериёи низомӣ, аз телефун гуфт, ки вай ҳақ надорад бидуни иҷозаи вазорати дифоъ бо расонаҳо ва хабарнигорон сӯҳбат кунад. Бо ин ҳол, як мақоми низомӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки боздошти ҷавонон барои фиристодан ба хидмати сарбозӣ қонунӣ аст, зеро ин кор пас аз фиристодани даъватнома ба ҷавонон сурат мегирад.
Ба гуфтаи вай, ҷавонон маъмулан пас аз дарёфти даъватномаҳои кумисериёи низомӣ дар он ҷо ҳозир намешаванд, ки ин амр худ ҷиноят маҳсуб мешавад ва дар натиҷа мақомот ночоранд онҳоро ба таври иҷборӣ ба хидмати сарбозӣ фиристанд. Бар асоси фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло мавсими пойизии эъзоми навҷавонон ба артиши ин кишвар идома дорад. Тибқи ин фармон, ҷавонони 18 то 28-сола ба хидмати сарбозӣ ҷалб карда мешаванд.
Хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон иҷборӣ аст, аммо касоне, ки дар хонавода писарони танҳо ҳастанд ва ё дар донишгоҳҳо ва муассисоти олӣ таҳсил мекунанд, аз хидмат муъоф ҳастанд. Гузоришҳо дар бораи "облава" ё боздошти ҷавонон барои фиристодан ба хидмати сарбозӣ дар ҳолест, ки бархе аз мақомҳои низомии Тоҷикистон мегӯянд мавориди довталабона ба артиш рафтани ҷавонон дар солҳои ахир зиёд шудааст.
Бо ин ҳол , ба назар мерасад, ки на ҳама ба хидмати довталабонаи низомӣ дар Тоҷикистон омодаанд. Бисёре аз ҷавонон талош мекунанд қабл аз фарорасии мавсими даъват ба хидмати сарбозӣ ба кишварҳои дигар, умдатан Русия, барои дарёфти иштиғол муҳоҷират кунанд. Бештари ҷавонон ҳамчунин аз мавориди меҳтарсолорӣ (дедовшина), озору азияти навсарбозон, камбуди маводди ғизоӣ ва густариши бемориҳои мухталиф дар воҳидҳои низомӣ ибрози нигаронӣ мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3548-----q---q.html