08:30:54 01-уми Июли 2025 сол

ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН ДАР РАШТ

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муъминова дар арафаи соли нави мелодӣ дар  ноҳияи Рашт бо ҷавонони  минтақаи Рашт вохӯрӣ баргузор намуд.

 

ГиёсовМ. Муъминова бо ҷавонон дар бораи татбиқи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 ахбороти мухтасар дод. Инчунин оид ба дастовардҳо дар  самти татбиқи Барнома, мушкилоти вобаста ба татбиқи самараноки Барнома  ва дурнамо, вобаста ба беҳдошти вазъи саломатии ҷавонон гуфта гузашт. Ба ҷавонон инчунин барномаи нави рушди саломатии ҷавонон барои солҳои 2011-2013, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро қабул намудааст, муаррифӣ карда шуд. Дар воҳӯри инчунин Қ. Миралиев сардори шӯъбаи сиёсати ҷавонони кумита, М. Аҳмадов муовини аввали раиси ноҳияи Рашт, И. Салоҳова муовини раиси ноҳияи Рашт, мудирон ва кормандони бахшҳои кумита дар минтақаи Рашт иштирок доштанд.

 

Далер САФАРОВ, махсус барои сомонаи «Рӯзгор» аз Рашт

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/4032-2011-01-02-09-19-53.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ