11:55:37 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТРЕВОР МУР ВАРЗИШГАРОНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Рӯзи 27 июл Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон, ҷаноби Тревор Мур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маликшо Неъматов, ҳамчунин гурӯҳи варзишгарони тоҷикро, ки  барои ширкат дар Олимпиада-2012, дар Лондон омодагӣ мегиранд, пазироӣ намуд.

/images/stories/2011/07/29_dilshod-nazarov_29.07.2011.jpgИн ҷамъомад барои ҷашнгирии Олимпиадаи Лондон, ки расо як сол баъд оғоз мегардад, бахшида шуда буд. Дар  қатори меҳмонон Дилшод Назаров, гурзпартои машҳури тоҷик, ки аллакай  роҳхатро барои  ширкат дар мусобиқаҳои Лондон дар даст дорад, низ ҳузур дошт. Дар ҷамъомад ҳамчунин варзишгароне, ки дар намуди бокс, камонварӣ, гӯштини дзюдо ва тарзи озод  зӯрозмоӣ менамоянд, низ ширкат карданд.

Ҷаноби Тревор Мур ҳангоми суханронӣ таъкид намуд, ки «британиягиҳо омодаанд ҳамаи  онҳоеро, ки ба Британияи Кабир ташриф меоранд, гарму ҷӯшон пазироӣ намоянд». Ӯ ҳамчунон қайд намуд, ки аз рӯи нақша омодагӣ барои сохтмони иншоотҳои нав  хуб сурат мегирад. Сафорати Британияи Кабир бо Кумитаи Олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки ба сафари Лондон омодагӣ доранд, тайёр аст ҳамкорӣ намояд. «Мо дар сафорат ҳам тими  Британия, ва ҳамчунон тими Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳем кард», гуфт сафир.   

Дар ҷавоб, М. Неъматов  ба сафири Британияи Кабир ва кормандони сафорат барои пазироии гарму ҷӯшон  изҳори миннатдорӣ намуда,  боварӣ изҳор намуд,  ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Олимпии соли 2012 ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт. «Ман боварии комил дорам, ки варзишгарони тоҷик аз Лондон бо  медалҳо бар мегарданд», изҳор намуд Неъматов. Ӯ ҳузури имрӯзаи тими Тоҷикистонро дар қароргоҳи Сафири Британия ҳамчун “қадами аввал ба хоки Британия Кабир” дар роҳи сафар ба Лондон қабул намуд.

Варзишгарони ширкатнамуда, дар анҷоми маърака қайд намуданд, ки онҳо омода ҳастанд, то оғози мусобиқаҳои азим дар Лондон ҷиддан ба тармим машғул шаванд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi