17:51
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ДУ МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР АРМАВИР
Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш
12.12.2011 22:58

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии самбо барои дарёфти ҷоизаи Ашот Маркарян, қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва Аврупо, ду медал ба даст оварданд. Ин мусобиқаи пурнуфуз бо ширкати варзишгарони Арманистон, Гурҷистон, Беларус, Исроил, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Укроин барои бори ҳаштум дар шаҳри Армавири кишвари Краснодари Русия баргузор шуд.

/images/stories/nabimuhammad-khorkashev_121.jpgМаҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон, ба мо гуфт, “дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳашт гуштигир намояндагӣ кард ва ду нафари онҳо барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд. Неъматуллоҳ Асронқулов дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 90 килограмм ҷойҳои сеюмро касб карданд. Ба онҳое, ки дар ин мусобиқа ғолиб шуданд, мукофотпулӣ ба маблағи 2 ҳазор долларӣ, барои ҷойҳои дуюм 1200- долларӣ ва барои ҷойҳои сеюм 600- долларӣ супурда шуд.”  

«Озодӣ»
Миқдори нигориши мавод: 149

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh