| АЗ ДАЪВАТ БА ҶОМИ АВРУПО ТО 7 МЕДАЛ АЗ ТОШКАНД |
| Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш | |||
| 16.12.2011 21:15 | |||
Ҳафт медали варзишгарони тоҷик дар Тошканд Варзишгарони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии бокси тайландӣ ё муай-тай миёни ҷавонону наврасон дар шаҳри Тошканд ҳафт медал ба даст оварданд. Нуриддин Саидов дар вазни 67 кг ва Нусратуллоҳ Ғайратов дар вазни 63 кг медалҳои тилло гирифтанд. Одил Фозилов (57 кг) ва Диловар Носиров (86 кг) бо медалҳои нуқра, Парвиз Зайдуллоев (75 кг), Ҷамшед Шарифов (60 кг) ва Шоҳини Шамсиддин (71 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Нахустин қаҳрамонони бадминтони Тоҷикистон Нахустин мусобиқаи қаҳрамонии бадминтони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Дар рақобатҳои инфиродӣ Хушнуд Катаеви душанбегӣ се медали тилло ба даст овард. Вай нахуст дар сабқати мардон дар рақобати яккаса ғолиб шуд ва баъдан дар сабқати ҷуфти мардона бо ҳамдастааш Саидакбар Давлатов мақоми аввалро касб кард. Медали сеюми тиллоиро Хушнуд дар ҳисоби дастаӣ соҳиб шуд. Дар сабқати занон дар рақобати яккаса Рухшона Нарзуллоеваи душанбегӣ ғолиб омад. Дар қувваозмоии ҷуфти занона Нилуфар Ёқубова ва Зулфира Гургулиева, ҳарду аз вилояти Хатлон, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Дар сабқати ҷуфти омехта Азизҷон Мирзобоев (вилояти Суғд) ва Сулҳияи Саидбек (Душанбе) пирӯз гардиданд. Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»
|






