12:36:12 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАШИД РАҲИМОВ РОҲБАРИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ «АМКОР» ТАЪИН ШУД

Футболбози машҳури тоҷик Рашид Раҳимов сартренери дастаи футболи «Амкор» - и вилояти Перми Федератсияи Русия таъин шуд. Бояд гуфт, ки Р.Раҳимов тӯли солҳои 2006 – 2007 ба дастаи мазкур роҳбарӣ мекард. 

Р.Раҳимов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дастаи футболи «Амкор» айни ҳол дар қисми поёнии ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Вай дар бораи сартренери пештараи даста Димитар Дмитров сухан ронда, зикр намуд, ки ӯ то ҳадди имкон кӯшиш кард, ки фаъолияти дастаро беҳтар созад. Р.Раҳимов зимни сӯҳбат бо раиси даста Валерий Чупраков нақшаи тадбири ояндаи тайёр намудани дастаро ба мусобиқаҳо муҳокима намуд.

Рашид Раҳимов соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ дастпарвари мактаби дастаи машҳури «Помир» мебошад. Рашид Раҳимов баъдан дар ҳайати дастаҳои футболи «Спартак», «Локомотив», «Валядолид» - и Испания, дастаҳои «Аустрия» ва «Адмири - Ваккор» - и Австрия, инчунин дар ҳайати дастаи миллии мунтахаби Русия бозӣ кардааст. Ӯ аз моҳи сентябри соли 2006 то моҳи ноябри соли 2007 сартренери дастаи «Амкор» ва аз соли 2008 то 2009 роҳбари дастаи «Локомотив буд.

Пайрав Назаров, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi