06:43:35 11-уми Декабри 2025 сол
Таҳдид ба озодии баён 01.03.2014 13:32 1337
Қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли ҷорӣ дар нисбати муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») –и Ольга Тутубалина («Азия-плюс», №40, аз 30.05.2013), бо даъвои панҷ иттиҳодияи илмию эҷодӣ бо ҳамроҳии 3 намояндаи зиёиёни кишвар...
Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст?! 25.01.2014 11:47 1664
Бо ибтикори Шӯрои ВАО, аз нимаи дуюми моҳи июл то охири декабри соли гузашта, вобаста ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», пайгирии (мониторинги) воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд.
Атохоҷа Мирхоҷа: Дар дарёфти посуху вокунишҳо аз вазоратхонаҳо мо ҳам душвориҳо дорем 11.01.2014 11:57 1546
Сар аз соли 2014 нашрияи Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон "Ҷумҳурият" ба рӯзнома табдил шуд ва қарор аст он акнун ҳафтае 5 маротиба интишор ёбад. "Ҷумҳурият" бо номҳои гуногун аз 15 марти соли 1925 интишор меёбад ва то ин замон шахсияҳои зиёде, аз қабили Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов ....
Қодиршои Муруват: "Паёми Ала Тоо" - садои ҳамватан аст" 09.01.2014 16:28 1655
Ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо шахсияти фарҳангии кишварро дар ақсои олам парешон кард. Имрӯз касе шумори дақиқи омӯзгорон, рӯзноманигорон, олимон ва фозилони миллатро намедонад, ки дар он солҳо тарки Ватан карданд ва дар кишварҳои дигар барои пайдо кардани макони амну осоиш ва дарёфти қут барои худу ...
Имиҷи байналмилалии Тоҷикистонро чӣ гуна баланд бардорем? 25.09.2013 09:16 1552
Мушкилоти ташкили имиҷи Тоҷикистон дар ВАО-и байналмилалӣ" чунин ном дошт, мавзӯи баҳсу мунозираи сардабирон ва дигар кормандони васоити ахбори оммаи кишвар, ки он дар Клуби мубоҳисавие дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ахири ҳафтаи гузашта баргузор гардид.Дар ин ҳамоиши журналистон, ки бо ибтикори нашрияи ҲХДТ "Минбари халқ", ташкилоти ҷамъиятии ...
«Бештари шикояти муҳоҷирин аз фаъолияти консулгариҳост» 19.09.2013 12:32 1469
Ғуфрон Ваҳҳобов, яке журналистони мувафаққест, ки хонандагони рӯзномаҳои русзабони Тоҷикистон ҳама бо номи ӯ шиносанд. Ин рӯзноманигори тоҷик, ки феълан дар Русия аст, вазифаи директории кулли медиахолдинги «TajInfo»-ро дар Русия ба уҳда дошта, ҳамвора талош менамояд, ки дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ҳалли соири масоили марбут ба муҳоҷират ....
Олга Тутубалина: Зиёиён бо "ишораи боло" ба додгоҳ рафтаанд 05.07.2013 15:15 4219
Намояндагони созмонҳои эҷодӣ алайҳи хабарнигор ва муҳаррири ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” Олга Тутубалина” ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, як нусхаи ин даъво рӯзи 5 июл ба ин расона расидааст.
О.Тутубалина: Фикрамро дар бораи зиёиён дигар накардаам 18.06.2013 12:39 3944
Олга Тутубалина, муҳаррири "Азия Плюс" мегӯяд, бо вуҷуди таҳдиди созмонҳои эҷодӣ, ки гуфтаанд, ӯро ба додгоҳ хоҳанд кашонд, назарашро тағйир надодааст.Ҳудуди 10 иттиҳодияву созмони эҷодӣ ахиран эълон карданд, ки алайҳи мақолаи - «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции»)-и Тутубалина ...
Султони Ҳамад: «Умедворем нашрияи «Рӯзгор» муваффақ шавад» 05.06.2013 13:14 4126
Дар фазои иттилоотии кишвар нашрияи наве бо номи «Рӯзгор» ворид гардид. Муассиси он Султони Ҳамад буда, соли 2009 аз Вазорати фарҳанги кишвар барои нашри ҳафтаномаи мазкур иҷозат гирифтаанд. Лозим ба ёдоварист, ки тӯли 4-сол аст, ки дар шабакаи ...
Рӯзгоратон ободу хуррам бод, ҳамватанони азиз! 05.06.2013 11:35 4109
Баробари ба фаъолият оғоз кардани ташкилоти ҷамъиятии «Рӯзгор» дар соли 2009 мо, муассисон, сайти онро бо ҳамин ном роҳандозӣ кардем. Сайти «Рӯзгор» яке аз аввалин торномаҳои мустақили тоҷикист, ки бо усули чандрасонаӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет матолиби хешро ба нашр мерасонад.
Ҷузъиёти "сӯҳбат"-и муфаттиши КДАМ бо Рамзия Мирзобекова 29.05.2013 17:40 4061
Муовини сардабири “Азия- Плюс” Рамзия Мирзобекова мегӯяд, дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ӯ дар бораи ҳаводиси Хоруғ, қазияҳои Димон Ашӯров ва Зайд Саидов ва ҳам аз эътилоф барои демократия суол кардаанд. Ноиби сардабири “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова баъд аз мулоқот бо муфаттиши Кумитаи ...
ИА аз ҳукуматҳо хост, барои матбуот фазои озод муҳайё кунанд 04.05.2013 16:19 3890
Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукуматҳо хост, барои хабарнигорон фазои бидуни тарс аз сензураро муҳайё кунанд. Кэтрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо бо пахши як баёния ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, сензура ва таҳдиду зуроварӣ алайҳи хабарнигоронро маҳкум кард.
ЗУҲУРОВ БА РӮЗНОМАНИГОРОН: "ДАР НАШРИ МАТОЛИБ ДАҚИҚКОР БОШЕД" 11.03.2013 20:58 4127
Раиси парлумони Тоҷикистон фаъолияти расонаҳои мустақилро омили рушди озодии баён дар кишвар арзёбӣ кард.Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар маросиме ба муносибати Рӯзи матбуот, ки бо ҳузури иддае ...
ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК: РӮЗИ МАТБУОТ БО "ЛЕНТАЧАҲОИ СИЁҲ" 10.03.2013 20:51 4190
Аҳмади Иброҳим, як рӯзноманигор ва муаррихи тоҷик, пешниҳод дорад, то рӯзи матбуотро рӯзноманигорон бо насби лентачаҳои сиёҳ дар либосҳои идона пешвоз бигиранд.Ин рӯзноманигор мегӯяд, пешниҳоди ӯ ҳамчун ҳамрайии журналистон ва эътироз зидди ...
АФЗОИШИ МУРОФИАҲОИ ДОДГОҲӢ НИСБАТИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК 12.02.2013 22:17 4143
Танҳо дар ду моҳи соли 2013 дар Тоҷикистон се мавриди ба додгоҳ кашида шудани журналистон сабт шудааст. Танҳо дар ду моҳи соли 2013 дар Тоҷикистон се мавриди ба додгоҳ кашида шудани журналистон сабт шудааст, ки ҳамаи онҳо рӯзноманигорони ҷавонанд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854