21:10:36 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИЖТ – он бояд чӣ гуна бошад?

Зимни анҷумани навбатии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи гузашта бо иштироки вакилону намояндагони ҳамаи нашрияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, шабакаҳои радио ва телевизион, агентиҳои иттилорасони интернетӣ ва дигар намудҳои ВАО баргузор гардид, паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Иттифоқи журналистон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он мавриди таҳлил ва баррасӣқарор дода шуданд.

Ҳузур доштани Абдуҷаббор Раҳмонзода — Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, суханронии муфассал ва ҳидояту роҳнамоиҳои ӯ ба журналистони мамлакат дар анҷумани мазкур, аз таваҷҷуҳи самимии роҳбарияти мамлакат ба соҳаи журналистика ва фаъолияти касбии рӯзноманигорон шаҳодат медиҳад. АМИТ «Ховар» ба журналистони шинохтаи кишвар муроҷиат карда, фикру мулоҳизаҳои онҳоро нисбат ба фаъолияти Иттифоқи журналистон пурсон шуд.

Hurshedi-Atoullo.jpgБа андешаи Хуршеди Атоулло, муассиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ВАО пешорӯи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон чанд мушкили ҳалталаб истодааст, ки бояд дар кӯтоҳтарин фурсат роҳи ҳалли худро ёбанд. Х. Атоулло чунин гуфт: «Мавзӯи асосии анҷуман ба журналистикаи давлатию мустақил ҷудо шудани расонаҳо буд. Фикр мекунам чанд кореро бояд анҷом дод, то ин ҷудоӣ дигар рух надиҳад. 

Дар масъалаи баҳсҳои судии журналистон, мушкилоти умумии журналистика, ба мисли дастрасӣ надоштан ба маълумоти расмӣ, таҳқир шудан аз ҷониби баъзе мақомоти маҳаллӣ, камбуди молии нашрияҳо, тағйирот ба қонунҳои вобаста ба ВАО журналистон бояд яктану якдил бошанд. Дар масъалаи пур кардани фазои иттилоотӣҳангоми баҳсҳои байнидавлатӣ ва зери хатар мондани манфиати миллию давлатӣ бояд ба таври оҷилӣ маркази ягонае ташкил дода шавад, то маълумоти зарурӣ сари вақт омода шуда, ба чандин забон тарҷума шавад ва ба сомонаҳою расонаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣҳақиқати ҳол расонида шавад.

Дар тамоми чорабиниҳое, ки расонаҳои давлатӣ мегузаронанд, иштироки намояндагони расонаҳои мустақил ҳатмӣ дониста шавад. Ва баръакс, дар тамоми конфронс, ҷаласа, мизҳои мудавваре, ки бо ширкати расонаҳои мустақил, созмонҳои журналистӣ мегузаранд ва масъалаҳои журналистика ба баҳс кашида мешаванд, ширкати намояндагони расонаҳои давлатӣ бояд ҳатмӣ бошад. Масъалаи дуввум – ин қабули аъзои тасодуфӣ ба сафи Иттифоқи журналистон аст. Собиқ раиси ИЖТ Акбари Саттор барои тоза кардани сафи онҳо кӯшишҳо кард, вале ҳанӯз ҳам ин мушкил ҳал нашудааст ва бояд чун яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пеши раису раёсати нав бошад.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ақаллан мисли дигар созмонҳои журналистӣ АМВАОМТ ва Шӯрои ВАО сомонаи фаъол надорад, чӣ расад ба нашрияи алоҳида. Фикр мекунам ин норасоӣ бояд бартараф карда шавад. Масъалаи кӯмак ба журналистони муҳтоҷу барҷомонда ҳам дар анҷуман масъалаи доғ буд. Бояд дар ин маврид чораҷӯӣ кард. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз сернуфустарин созмони рӯзноманигории кишвар аст. Ду раиси ахир — Мирзоҳаёт Давлатов ва Акбари Саттор муддати тӯлонӣ раисӣ карданд ва шояд ба ин хотир буд, ки дар анҷуман чанд маротиба пешниҳод шуд, то муддати роҳбарӣ мисли Шӯрои ВАО ба муддати ду сол, он ҳам дар ҳолати соли дуюм аз нав интихоб шудан бошад».

Bahtiyor-Hamdam.jpgБахтиёри Ҳамдам, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» гуфт, ки: «Ҳафтаномаи «Минбари халқ» ба истиқболи анҷумани навбатии ИЖТ бо саволи «Фаъолияти ИЖТ дар аҳди шӯравӣ чӣ гуна буд ва онро минбаъд чӣ гуна дидан мехоҳед?» ба журналистони варзидаи кишвар муроҷиат карда, назару мулоҳизаҳои онҳоро чоп намуд. Банда бо таваҷҷуҳ онҳоро мутолиа кардам. Дарёфтам, ки журналистони мо бештар ба се камбудӣ дар фаъолияти ИЖТ ишора кардаанд, ки бояд фавран ислоҳ шаванд. Нахуст бояд аз узвияти псевдожурналистон, яъне рӯзноманигорони тасодуфӣ пок кардани сафи ИЖТ ва қабул кардани журналистони ҳирфавӣ – соҳибкасб роҳандозӣ карда шавад.

Дуввум, дар сатҳи бояду шояд ба роҳ мондани ҳимояи ҳуқуқҳои журналистон ва ба таври муассир ба роҳ мондани фаъолияти худи Иттифоқ татбиқ шавад. Бо ин гуфтаҳои журналистон комилан мувофиқам, вале гумон мекунам фаъолияти ИЖТ бояд боз ҳам фарохтару густурдатар бошад. Фаразан, имрӯз мо ба журналистони ҳирфаие, ки дар сатҳи байналмиллалӣ бояд манофеи миллии моро ҳимоя кунанд, сахт ниёз дорем. Дар ин замина ИЖТ имкон дорад дар робита бо донишгоҳҳои ватанӣ ва ё хориҷӣ корҳои ҳасана ба анҷом расонад. Аз дигар тараф, вақте ки матбуоти имрӯзаи тоҷикро варақ мезанӣ, чунин ба назар мерасад, ки бештар дар мавриди сиёсат ҳарф мезананд.

Мутаассифона, журналистикаи иқтисодӣ ва бахусус иҷтимоӣ дар мо хеле заиф аст. Мо бояд дар ин самт бештар фаъолият кунем ва дар рушди ин рукнҳои муҳими журналистика саҳм гузорем. Шодравон Акбари Саттор лоиҳаҳое дошт, ки мутаассифона, панҷаи аҷал имкон надод онҳоро роҳандозӣ кунад. Ин таълифи донишномаи мукаммали соҳавӣ, таъсиси маҳфили сардабирон ва бо манзил ва ё ҳадди ақаллан қитъаҳои наздиҳавлигӣ таъмин намудани журналистоне буд, ки ба манзили зист ниёз доранд. Гумон мекунам агар ин корҳо пиёда шаванд, ИЖТ аз обрӯи хосе бархурдор хоҳад буд».

Sajyofi-Mizrob.jpgСайёфи Мизроб, муассиси ҳафтаномаи СССР ба масъала назари амиқ дорад. Зимни суҳбат С. Мизроб чунин гуфт: «Сароғоз мушаххасан муайян шавад, ки ИЖТ дар хидмати кист: ҳукумат ва ё журналистика, ҷамъияти ҳукмрон ё шаҳрвандӣ? Албатта, дилхоҳ ниҳоди ҷамъиятӣ бояд дар хидмати давлати тоҷикон қарор гирад. Аммо давлатро аз вазир, мансабдор, раис бояд фарқ кард. Хидмати давлати тоҷикон ба маъное нест, ки ИЖТ мақари мадҳиягӯёну ура-патриотизми хушку холӣ гардад. ИЖТ ниҳодест, ки ба он миллат, халқ, ватан, давлат ниёз доранд.

Ба пиндори ман, пеши раёсати нави ИЖТ чанд вазифа истодааст. ИЖТ бояд манфиати журналистикаи ҳирфаиро ҳифз кунад. Дар ҳар мурофиаи судӣ, ки бар зидди ин ё он журналисти касбӣ доир мегардад, бо он ҳамкасб дар паси мизи ҷавобгарӣ нишинад, зеро ҳифзи манфиати журналисти касбӣ — ин ҳимоят аз озодии баён, демократия ва ворастагист. ИЖТ набояд лаббайгӯйи созмону фондҳои хориҷӣ гардад. Имрӯз дар амал мебинем, ки ин созмонҳо ҷаҳони ба истилоҳ сеюм, дунёи исломиро, ки мо низ ҳомили онем, ба чӣҳоли бад оварда расонидаанд.

Имрӯз сафҳои ИЖТ онгуна олудаву полуда шуданд, ки кас намедонад нафаре, ки дар дасташ ҳуҷҷати узви ИЖТ аст, аслан чӣ касб дорад?! Инҳоро бояд ронд! Пешниҳод дорам, ки ҳуҷҷатҳои тамоми аъзои ИЖТ бозпас хонда шаванд ва аз сари нав, танҳову танҳо ба журналистони ҳирфаӣ ин аснод дода шавад.

Узви ИЖТ бояд факултаи журналистикаро хатм кунад, баъдан, на камтар аз 7 сол дар расонаҳои иттилоотӣ фаолияти бе восита дошта бошад! Барои узви ИЖТ шудан бояд на камтар аз ҳафт тавсиянома пешкаш гардад ва аз ин миён се сардабири газетаҳои фаъол чунин тавсияномаро ба муддаӣ диҳанд. Барои узви ИЖТ шудан ҳама садорати ИЖТ бо шумули муовинҳо ва ҳатто созмонҳои вилоятӣ (агар муддаӣ аз музофот аст) овоз диҳанд. Овоздиҳӣ барои узви ИЖТ шудан бояд пӯшида доир шавад.

Раиси нав ва раёсати ИЖТ бояд бо лоиҳаҳои ҷадид ба ҳукумати марказӣ муроҷеъ шаванд, то обрӯ ва нуфузи барбодрафтаи ин ниҳод барқарор гардад. Ҳама медонем, ки имрӯз бархе аз ВАО дастгоҳи таблиғи ҷангу набардҳо ва ифротгароӣ шудааст. Зимнан, ИЖТ аз ҷиҳати молиявӣ бояд пурқувват гардад, то миёни ВАО нуфуз ёбад. Имрӯз дигар замоне нест, ки бо ура-патриотизму шиорҳои хушку холӣ метавон расонаҳоро гирди худ овард.

ИЖТ бояд ҳадди ақалл қудрати пуливу молии як ниҳоди хориҷиро дошта бошад, ки бо додани грантҳо бо ВАО машғуланд. Танҳо дар ин зимн расонаҳо метавонанд гирди ИЖТ ҷамъ шаванд, дар сурати лозим аз як гиребон сар бароранду манофеи давлату ватану миллатро ҳифз намоянд. Ҳукумат бояд ба ИЖТ грант ҷудо кунад, то дар навбати худ ИЖТ ба рӯзномаҳои патриот ва ватанхоҳ субсидия дода тавонад. ИЖТ бояд нуфузи қаблии дар даврони СССР доштаи худро баргардонад, сафҳои худро поккорӣ кунад».

АМИТ “Ховар”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi