10:41:45 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Як иддаъ аз нашрияҳои хусусии чопи Душанбе ин ҳафта дар посух ба маводҳое, ки дар матбуоти Русия дар иртибот бо суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо хабарнигорон рӯзи 8-уми декабр ба нашр расида  буданд, вокуниш нишон додаанд. Ҳафтаномаи «СССР» зери унвони «Суиқасди 7-ум ба ҷони Президенти Тоҷикистон» мақолаи сардабири он Сайёфи Мизробро, ки худ иштирокчии ҳамин дидорбинӣ будааст, чоп кардааст. Сайёфи Мизроб  Аркадий Дубнов, журналисти русро, ки  яке аз аввалинҳо шуда дар бораи ин мулоқот  хабар додааст, ба бесалоҳиятӣ ва дурӯғгӯӣ муттаҳам карда, азҷумла ин навиштаи ӯро, ки гӯё Эмомалӣ Раҳмон  гуфта бошад, ки «Самарқанду Бухороро  бозпас мегирад», ин тавр такзиб кардааст: 

«Дар асл ин фраза чӣ гуна садо дода буд? Ҳамту, Президент аз як бархӯрди худ бо Президент Каримов дар соли 1994 ёдовар шудаву гуфт, ки ахирӣ замоне миллатро ҳақир шуморидан дошт ва даъво мекард, ки Тоҷикон ҳунари давлатдорӣ надоранд ва будани давлатдории Тоҷиконро дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви СНГ зери суол мегузошт, ман гуфтам, ки мо на танҳо давлати худро месозем, ки лозим шавад, Самарқанду Бухороро обод мекунем!» 

Хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон» Аъзами Хуҷаста дар мақолаи худ «Матбуоти Русия тоҷиконро таҳқир мекунанд» сари мавзӯи Бухорову Самарқанд андешаронӣ карда, матбуоти Русияро барои доман задани ихтилофҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди интиқод қарор додааст. Ӯ азҷумла менависад: 

«Ин ҷо ҳамзамон ин пурсиш матраҳ мешавад, дар сурате, ки мавзӯи баҳс байни Тоҷикистон ва Узбакистон аст, чаро ин нашрияи русӣ («Сегодня. Ру») ба ҳимоят аз Узбакистон бархостааст? Зикри ин нукта ба маврид аст, ки мавзӯи Самарқанд ва Бухоро, ду шаҳри таърихии тоҷикон, доғи нангине дар таърихи муосири Осиёи Миёна ҳаст. Имрӯз барои ҳамаи соҳибони ақл чун рӯзи рӯшан маълум аст, ки ин ду гаҳвораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон бо чӣ найрангу дасисаҳое ба Узбакистон фурӯхта шуданд. Агар дар ҷаҳони мутамаддин имрӯз заррае адолат бошад, бояд Самарқанду Бухоро ба соҳибони аслиашон баргардонда шавад. Шояд бо гузашти замон ва бо рӯи кор омадани инсоне одил дар кишвари ҳамсоя, ин мавзӯъ бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро ёбад ва ин як амри ногузир аст». 

Сардабири «Боргоҳи сухан»  Сафват Бурҳонов дар сутуни анъанавии хеш «Салом азизон» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, бештар  ба муқоисаи роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон пардохтааст: «Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар замону макони худ аст. Ӯро халқ воқеан дӯст медорад. Аз халқ аст. Кӣ метавонад даъвое пеш орад, ки давлати мо бо суръати зиёд ва барои оянда (!!!) пеш намеравад? Дар кишвари мо яке аз ҳазор ҷурмҳое, ки дар дигар кишварҳо ҳаст, ба чашм намехӯрад. Ин ҷо одам қадр дорад. На ки мисли Ӯзбакистон барои як латифа 17 сол ҳукми судӣ гирӣ.Дӯстдории воқеии халқро бо авторитаризми каримовӣ чӣ ҷои муқоиса аст?». 

Хабарнигори  «Азия-плюс», нашрияи русзабон Аваз Юлдошев  низ Аркадий Дубновро барои мақолаҳои моҷароангезаш зери тозиёнаи танқид қарор дода, аз он ибрози таассуф кардааст, ки хабарнигорони тоҷик  ба ин вохӯрии нахустин бо Президенти кишвар ба таври бояду шояд омода набуданд ва аз ин мулоқот  натавонистанд манфиатҳои бештаре барои густариш ва рушди фаъолияти хеш ҳосил кунанд. 

Дар ҳамин ҳол  ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар гӯшаи «Ногуфтаниҳо… бо Дориюши Раҷабиён» матлаби ин журналисти варзидаро таҳти унвони «Таъбизи расонаҳо дар Тоҷикистон» ба чоп расондааст, ки асосан ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. Дар ин матлаб азҷумла омадааст: 

«Дар ҳоли ҳозир дар бораи изҳороти раисиҷумҳур дар он нишасти маҳрамона барои «матбуоти худӣ» метавон танҳо бо ҳадсу гумон ва бо такя ба шунидаҳои таъйиднашуда сухан гуфт. Аммо агар ба изҳори назари Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати хориҷа таваҷҷӯҳ кунем, ки мегӯяд, мақолоти мунташира дар Маскав дар бораи суханони Раҳмон бофтаи тахайюли нависандааш будааст, пурсиш ин аст, ки чаро ин «шоеа» офарида шуда? То набошад чизаке, мардум нагӯянд, чизҳо. Шоеа ё овоза замоне падид меояд, ки иттилоъ андак бошад. Ва иттилоъ замоне андак мешавад, ки манбаъ аз пахши он худдорӣ кунад. Агар дар нишасти 8-уми декабр рӯзноманигорон ба «худӣ»-ю «бегона» тақсим намешуданд, мақоми аввали давлат ҳам бо эҳсоси масъулияти бештар сухан мегуфт. Ва дар воқеъ, як сиёсатмадор ҳамеша бояд он масъулиятро мадди назар дошта бошад. Ба вижа агар бо рӯзноманигорон тараф аст. Рӯзноманигор «худӣ»-ю «бегона» надорад». 

Мавзӯи дигаре, ки дар нашрияҳои хусусии ин ҳафтаи Тоҷикистон бозтоби густурда пайдо кардааст, ин хабари Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи анҷом ёфтани таҳқиқи парвандаи ҷиноии марбут ба собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодда ва фармондеҳи пешини Иттиҳоди Нирӯҳои оппозитсияи тоҷик Мирзо Зиёев ва ба Додгоҳи олӣ барои баррасӣ супурда шудани он мебошад. 

Дар ин робита ҳафтаномаи «Миллат» мақолаеро таҳти унвони «Мирзо Ҷага ҳамроҳи кӣ мехост ҳукуматро бигирад?» ба чоп расондааст. Дар хулосаи мақолаи «Миллат» азҷумла омадааст: «Хабари қасди сарнагунии ҳукумат аз сӯйи Мирзо Зиёев ва ёрони ӯдар ҳоле пахш мешавад, ки ҳанӯз маълум нашудааст чӣ шахсиятҳои матраҳе дар сатҳи сиёсӣ ва низомии кишвар мехостанд дар қасди табаддулот бо ӯ ҳамдастӣ кунанд. Қаблан, Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев бо иттиҳоми қасди табаддулоти давлатӣ барои солҳои мухталиф равонаи зиндон шуда буданд». 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/1336-haftanomaho-chi-menavisand.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi