15:14:03 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муриватшо Маликшоев: «Тоҷик обрӯ дорад, вале ҳаммиллаташ ӯро ғорат мекунад»

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Мо силсиламусоҳибаҳои худро бо раҳбарони ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангии дар вилоятҳои Русия будаи муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон идома медиҳем. Ин дафъа суҳбате дорем бо Муриватшо Маликшоев, раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутскии Федератсияи Русия. Бояд эътироф кард, ки ин суҳбат аз мусоҳибаҳои қаблиамон бо он ҷиддан фарқ мекунад, ки мусоҳиби мо дар баробари гуфтани пешрафтҳо дар самти фаъолияташон бештар дар бораи мушкилоти муҳиҷирин бо овардани мисолҳои мушаххас ва роҳҳои бартараф кардани онҳо ҳарф зад. Донистани ин нуктаҳо дар баробари муҳоҷирин инчунин ба роҳбарон ва кормандони мақомоте, ки бо муҳоҷирини меҳнатӣ сару кор доранд, аз аҳамият холӣ нест.

1 murivvat 545656-Нахуст аз ҳамсуҳбатамон хоҳиш мекунем, ки барои хонандаи азизамон дар бораи худ маълумот диҳад. Марҳамат.

-Ман, Муриватшо Маликшоев соли 1958 дар деҳаи Хеки ноҳияи Дарвоз таваллуд шудаам. Аввалҳои солҳои ҳаштодум ба болои деҳаи мо як сел омад ва мардумро аз он ҷо ба ноҳияи Файзобод кӯчонданд. Феълан мардуми деҳа дар ҳамон ҷо зиндагӣ доранд. Мактаби миёнаи рақами яки ба номи Акашариф Ҷӯраевро дар маркази ноҳия соли 1975 хатм кардам.

Ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудам, вале ба сабаби касалӣ дигар таҳсилро давом дода натавонистам. Баъдтар ба факултети таърихи Донишкадаи омӯзгории пойтахт дохил шуда онро соли 1990 хатм кардам. Баъди хатми Донишкада чанд сол дар соҳаи маориф кор кардам. Қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва шуруи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар Кумитаи Марказии Иттиҳоди Ҷавонони Тоҷикистон, яъне комсомол кор мекардам.

-Аз кай боз бо муҳоҷирини меҳнатӣ риштаи иртиботро барқарор кардаед?

-Соли 1999 ба ҳайси намояндаи байниминтақавии тиҷоратии Вазорати иқтисоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Иркутск фиристода шудам. Вақте, ки бо тоҷиконе, ки дар он ҷо кору зиндагӣ мекарданд, аз наздик шинос шудам, аз онҳо пурсидам, ки оё онҳо ягон ҷамъияти милливу фарҳангие доранд, ки ҳамаи онҳоро муттаҳид мекарда бошад. Посух доданд, ки не, чунин ҷамъият онҳо надоранд. Вале гоҳ-гоҳ ҷамъ мешаванд ва баъзе масъалаҳояшонро дар миён мегузоранд.

Гуфтам: "Чунин ҷамъшавӣ ғайриқонунӣ ҳаст ва боиси ташвишу шубҳаи мақомоти дахлдори ҳукумати маҳалӣ шуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ мо бояд расман чунин Ҷамъиятро созмон диҳем ва дар мақомоти марбута сабти ном намоем". Пешниҳоди ман ба ҳама писанд омад. Маҷлиси ташкилиро гузаронидем ва аз ман хоҳиш карданд, ки бо ин кор машғул шавам. Дар ҳамон ҷо лоиҳаи Оинномаи Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутскро таҳия намудем ва баъди се моҳ дар вазорати Адлияи вилояти Иркутск сабти ном кардем. Банда дар баробари намояндаи тиҷоратӣ будан инчунин вазифаи раиси Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутскро иҷро мекардам.

-Аввалин кореро, ки дар ин вазифа анҷом додед, кадом буд?

-Ҳамон давра дар матбуоти Русия атрофи номи тоҷикон ҳангомаҳои зиёде навишта мешуданд. Аксари ин навиштаҳо дар робита ба даст доштани тоҷикон дар қочоқи маводи мухаддир буд. Пеш аз ҳама лозим буд, ки садди роҳи чоп шудани чунин мақолаҳои таҳқиркунанда дар матбуот ва барномаҳои сиёҳкунанда дар телевизионҳои маҳаллӣ шавем. Банда шахсан ба идораҳои рӯзномаҳо, радиову телевизионҳо мерафтам ва баҳсу мунозира мекардам, ки нашр кардани чунин маводҳо дар ҳаққи миллате, ки таъриху фарҳанги бой дорад, ҷуз туҳмат чизи дигаре буда наметавонад.

Мегуфтам, ки бо қочоқи маводи мухаддир на танҳо тоҷикон, балки намояндагони дигар миллатҳо низ машғуланд. Ҳар касе, ки ҷиноят содир мекунад новобаста аз миллаташ ӯҷинояткор аст. То андозае ин ҷаҳду талошҳои мо натоиҷи мусбат доданд. Торафт чунин намоишҳо дар телевизионҳо ва мақолаҳо дар матбуот камтар ба нашр мерасидагӣ шуданд. Мо соли 2006 таҳти унвони "Пули дӯстии Тоҷикистон -Иркутск" як силсилачорабиниҳоро гузаронидем, ки дар онҳо мардуми зиёде ҳам аз ҷумлаи тоҷикон ва ҳам аз мардуми таҳҷоӣ ва инчунин дигар халқҳои муқими Иркутск, ширкат карданд.

Пеш аз ҳама як гуруҳи калони ҳунармандони касбӣ ва варзишгарон аз Тоҷикистон ба Иркутск омаданд. Ҳунармандон бо барномаҳои консертӣ баромад карданд, варзишгарон, ки умдатан гӯштигирон буданд, дар мусобиқаҳои мухталиф қувваозмоӣ намуданд. Намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастӣ ташкил карда шуда буд. Дар чойхонае, ки ба ин муносибат бунёд шуда буд, ба мардуми ба чорабиниҳо омада хӯроки миллии тоҷикӣ пухта медоданд. Намоишгоҳи китобҳои адибони классик ва муосири тоҷик фаъол шуд, ки мардум аз он метавонист китобҳои мавҷудаи дилхоҳашонро харида бигиранд.

Ҳунармандони мо лаҳзаҳоеро аз маросимҳои миллӣ ва аз ҳаёти Хоҷа Насриддин рӯи саҳна оварда ба мардум нишон медоданд. Дар ҷамъбаст бошад ба роҳбарони вилоят шаҳри Иркутск рамзи эҳтиром ҷомаву тоқии миллии тоҷикӣ ҳадя дода шуд. Роҳбарони вилоят дар суханрониҳои худ аз баргузори чунин маъракаи муҳим ибрози хурсандӣ намуданд ва гуфтанд, ки баргузор кардани чунин маъракаҳоро мо бояд аз тоҷикон омӯзем. Бо иттилои мақомоти дохилаи вилояти Иркутск дар ин чорабинӣ тақрибан ҳафт- ҳашт ҳазор шаҳрванди муқими вилояти Иркутск ширкат кардааст. Соли 2007 низ чунин маърака гузаронида шуд ва бо шукуҳу ҳашамати боз ҳам хубтар. Акнун дар ин маърака беш аз 10 ҳазор одам ширкат карданд.

-Тибқи омори расмӣ дар вилояти Иркутск чӣ миқдор тоҷикон зиндагонӣ мекунанд?

-Тибқи омори расмии соли гузашта дар ҳудуди вилоят 22 ҳазор тоҷике зиндагонӣ мекард, ки расман мақоми шаҳрвандии Русияро низ доранд. Яъне ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам Русия мебошанд. Вале дар мавсими кор, яъне баҳору тобистону аввали тирамоҳ ба ин вилоят аз 35 то 50 ҳазор тоҷик мардикорӣ меояд.

-Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон асосан дар кадом соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Иркутск кор мекунанд?

-Беш аз 70 дар сади муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар майдончаҳои сохтмонӣ кор мекунад. Каме бештар аз 15 дар сади муҳоҷирин дар соҳаи савдо, дар дӯкону бозорҳо бо тиҷорат машғуланд. Аз 3 то 5 дар сади муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон соҳиби корхонаҳои хурд, дӯконҳо, мағозаҳо ва чойхонаву ресторанҳо, фермаҳои чорводорӣ, корхонаҳои дуредгарӣ, сехҳои чӯбу тахтабарорӣ мебошанд. Тақрибан як дар сади муҳоҷирон дар соҳаи тиб, маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораҳои давлатӣ кор мекунанд.

Хулоса мардум торафт ҷойҳои кории доимӣ пайдо карда истодаанд. Дар миёни муҳоҷирони иқтисодии дар вилояти Иркутск буда баъд аз муҳоҷирони чиноӣ муҳоҷирони тоҷик заҳматкашу меҳнатдӯст шинохта шудаанд. Умедбахшу хурсандиовар он аст, ки мардуми рус ва кордиҳандагони дигар торафт ба тоҷикон бештар эътимод мебастагӣ шуданд. Мушоҳида мекунем, ки кордиҳандагон, хусусан дар соҳаи сохтмон, хоҳишманданд, ки тоҷикон баъди истироҳати зимистона ба ҷойҳои кориашон ҳарчи тезтар баргарданд.

Ҳамватанони мо баъзеашон агарчи дипломи ин ва ё он касбро надошта бошанд ҳам, вале аз таҷриба ва бисёр кор кардан ҳамон ихтисосро чунон ҳам хуб ёд гирифтаанд, ки ҳатто беҳтару хубтар аз ашхоси соҳибдипломи маҳаллӣ гӯем хато намекунем. Барои ҳамин агар дар бозгашташон ба Иркутск каме дер кунанд, кордиҳандагон занг мезананд, хоҳиш мекунанд, ки тезтар баргарданд. Агар пул надошта бошанд пул мефиристанд, ки раҳпулӣ намоянд. Ин таҷриба торафт маъмул шуда истодааст. Вале дар баробари ин ҳанӯз бисёр масъалаҳое ҳаст, ки ҳалли худро пайдо накардаанд ва ташвишвовар низ ҳастанд.

-Мисол кадом масъалаҳо?

-Масалан якум масъалаи хеле муҳим ин ҳуҷҷату ҳуҷҷатдории муҳоҷирини меҳнатӣ мебошад. Муҳоҷирини меҳнатӣ қариб ки ҳамаашон ҳуҷҷатҳоеро, ки шахсияташонро муаррифӣ мекунанд, бо худ доранд. Вале қариб ҳамаи ҳамин ҳуҷҷатҳо бо хатоҳои имлоӣ иншо гардидаанд, хусусан агар вақте ба забони русӣ навишта шуда бошанд. Дар шиноснома ному фамилия як хел навишта шудааст, дар диплом ё шаҳодатномаи ронандагӣ ва ё ҳуҷҷати дигар дигар хел навишта шудааст.

Мисоле меорам, ки онро бо чашми худ дидам. Яке аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ба як нафар шаҳрванди ноҳия шаҳодатномаи таваллуд додааст, вале ба ҷои муҳри ҷамоати деҳот дар он муҳри мактаби миёна пахш шудааст. Шаҳодатномаеро, ки яке аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ёвон ба шаҳрвандаш додааст, нисфаш ба забони тоҷикӣ навишта шудааст, нисфаш ба забони ӯзбекӣ. Қисмате, ки бояд бо забони русӣ пур карда шавад, маъмулан хато навишта мешавад, ки ин боиси хандаву истеҳзо ва ҳатто ғазаби маъмурини марбута дар Русия мегардад.

Санадҳо маъмулан бо ҳусни хати хеле бад пур карда мешаванд. Хоно нестанд. Вақти он расидааст, ки тамоми аснод чопӣ, бо компютер пур карда шавад. Рафъи ин камбудиҳо дар маҳалҳои содир шудани ин ҳуҷҷатҳо хеле муҳим аст. Зеро онҳо муҳоҷирро дар ин ҷо, яъне дар Русия, моҳҳо овораву саргардон мекунанд. Ин гуна камбудиҳо бештар хоси мардуме, ки аз навоҳии марказ ва вилояти Хатлон ба Иркутск мераванд, мебошад. Дар мардуми аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон омада ин камбудиҳо камтар мушоҳида мешаванд. Мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи бештаре зоҳир кунанд.

-Боз кадом масъалаи муҳоҷирини меҳнатӣ ташвиши Шумо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷиконро ба бор овардааст?

-Масъалаи одоби рафтор ва гуфтори муҳоҷири меҳнатӣ. Фикр мекунам, ки бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Русия ва дигар кишварҳои хориҷ мераванд, қабл аз сафарашон дар мавзӯи одоби муҳоҷир агар машғулиятҳо гузаронида шаванд, хеле айни муддао мебуд. Имиҷи тоҷику тоҷикистонӣ ва Тоҷикистон пеш аз ҳама аз одоби рафтору гуфтори муҳоҷири меҳнатии мо вобастагии калон дорад. Тарзи рафтору гапзании онҳоро дар фурӯдгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан, дохили ҳавопаймоҳо, қатораҳо, дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мардуми таҳҷоӣ ва хориҷиёни аз кишварҳои мухталиф омада мебинанду мешунаванд ва арзёбӣ мекунад.

Мутаассифона, на ҳама муҳоҷирин нозукиҳои муомила дар ҷойҳои ҷамъиятиро медонанду риоя мекунанд.Масалан тарзи либоспӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро риоя намекунанд, нос мекушанду туф мекунанд, баланд-баланд гап мезананд. Ин масъала ҳам хеле муҳим аст. Зеро мушкили муҳоҷирати меҳнатӣ ин мушкили як солу ду сол нест, ки ҳалли худро пайдо кунад. Баръакс мо мебинем ки абъоди муҳоҷират торафт васеъ шуда истодааст. Сол то сол мардум бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Зеро маблағи калоне ҳам аз ҳисоби кори инҳо ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Пас коре бояд кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар мулки бегона овора нашаванд ва шаъну обрӯи тоҷикро на танҳо нарезонанд, балки баландтар кунанд. Барои чунин кор сурат бигирад заминаро дар ин ҷо бояд мустаҳкам кард. Бо онҳо бояд кор кард. Тавассути ташкилотҳои алоҳида, васоити ахбори омма, ашхоси барӯманд ва ғайра. Ба фикри ман замони он фаро расидааст, ки дар сохтори давлатӣ вазорати махсуси муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис ёбад. Ё ақаллан хадамоти муҳоҷират дар назди вазорати умури дохила ташкил мешуд ё худ марбути он мешуд, хубтар мебуд Замоне, ки Хадамоти муҳоҷират дар назди Вазорати дохила буд, мақомоти дахлдори Русия аз ин чиз розӣ буданд. Вале баъдан тағйиротҳои зиёде ҷорӣ шуданд, ки фикр намекунам, ки боиси қаноатмандии мақомоти Руссия шуда бошад.

-Ман фикр мекунам, ки барои мақомоти Русия муҳим он бояд бошад, ки муҳоҷирони меҳнатии аз Тоҷкистон омада босавод бошанд, мутахассиси хуб бошанд, забони русиро хуб донанд, ба урфу одатҳои мардуми Русия эҳтиром гузоранд, ба амнияти давлат ва ҷомеъа таҳдид накунанд ва ба ин монанд ҷиҳатҳои хуб, на ин ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон марбути кадом ниҳод бояд бошад ё ҳатман дар назди Вазорат дохила бошад.

2 murivvat 545656-Гап ин ҷост, ки ман бо кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират ҳамеша ҳамкорӣ мекунам ва дар тамос ҳастам. Аз кору борашон, каму беш аз фикру андешаҳояшон бохабар ҳастам. Ба фикри онҳо агар дар Тоҷикистон вазорати махсуси муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис ёбад, ё ақаллан дар назди вазорати дохила ташкил шавад, проблемаҳои муҳоҷирин тезтар ҳалли худро пайдо мекунанд. Барои чи дар назди вазорати дохила? Барои он ки худи ҳамин хадамоти федералии муҳоҷирати Русия аз ҳисоби кормандони вазорати дохила ташкил ёфтааст ва роҳбаронаш бар ин назаранд, ки мардуми низомӣ масъулиятро бештар эҳсос мекунанд. Ва аз уҳдаи иҷрои вазифа хубтар мебароянд.

-Шумо болотар дар бораи он ҳарф задед, ки муҳоҷирини меҳантии тоҷик бо меҳнати ҳалол ва садоқатмандонаи худ торафт миёни мардуми Иркутск соҳибобрӯ шуда истодаанд. Масъалаи маоши онҳо дар муқоиса бо маоши муҳоҷирини меҳнатии дигар кишварҳо чӣ гуна аст?

-Мушоҳидҳои мо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир қувваи кории арзон инҳо аввал муҳоҷирони меҳнатии чиноӣ ҳастанд ва дуввум муҳоҷирони меҳнатии ӯзбекистонӣ. Тоҷикистониён новобаста аз кадом миллат буданашон ба қадри меҳнати худ мерасанд. Аз кордиҳанда талаб мекунанд, ки барояшон маоши хуб бидиҳанд. Баъзан дар чунин баҳсҳо кордиҳанда ба мақсади фишори равонӣ овардан ба тоҷикистонӣ мегӯяд: "агар ба нархи мондаи ман розӣ нашавӣ рафта ӯзбакистониҳоро меорам ду баробар арзонтар аз Шумо ба кор розӣ мешаванд".

Ин баҳсҳо маънои онро доранд, ки тоҷикистониҳо азбаски хубтар кор мекунанд, сифати корашон хубтар аст, ба қадри меҳнати худ мерасанд. Кордиҳандагон низ билохира батадриҷ инро эътироф мекунанд.Ман гуфтанӣ нестам, ки ҳамаи сад дар сад тоҷикистоние, ки дар Иркутск кор мекунад, аз обрӯи баланд бархурдор аст. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар муқоиса бо солҳои пеш ва дигар миллатҳо дар ин самт пешравиҳо ҳаст. Масалан ман бо бисёр аз роҳбарони сатҳҳои гуногуни хоҷагии халқи Иркутск, ки тоҷикон дар хонаҳо, бӯстонсароҳои онҳо кору фаъолият мекунанд, ҳамсуҳбат мешавам.

Онҳо тарҷеҳ медиҳанд, ки асосан тоҷикистониёнро ба кор қабул кунанд. Зеро тоҷикистониён аввал қариб, ки аксаран арақ намехӯранд, сигарет намекашанд, дуввум корро ба таъхир намегузоранд,масалан мисли дигарон рӯзона аз соати 9 то 5 кор намекунанд, балки аз ин бештар кор мекунанд. Ба тоҷикистониён бештар бовар мекунанд. Дар баъзе хонаводаҳо кор ба дараҷае расидааст, ки тоҷикистонӣ узви хонаводаи ҳамон кордиҳанда барин ҳисоб мешавад. Худи кордиҳанда маоши муҳоҷирро гирифта аз тариқи бонк ба оилаи муҳоҷир ба Тоҷикистон мефиристад, телефонӣ бо онҳо суҳбат мекунад ва ғайраву ҳоказо.

-Вале боз ҳам мебинем, ки дар бархе расонаҳо маҳз ҳамин тоҷикистониҳо, аниқтараш тоҷикон, мавриди накӯҳишу истеҳзо қарор мегиранд?

-Шояд ҳамин хел ҳам бошад, вале ман фикр мекунам ин кор камтар шуда истодааст. Вале бояд гуфт, ки образеро, ки солҳо дар зеҳни мардум иҷборан офариданд, дар як муддати кутоҳ зудудан осон нест. Масалан бо қочоқи маводи мухаддир пеш аз тоҷикон, ҳатто дар замони шӯравӣ низ намояндагони дигар миллатҳо, аз ҷумла чиноиҳо, қирғизҳо ва ғайра машғул буданд. Онҳо низ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд, вале чунин "имиҷсозӣ" ё худ бадномкунӣ набуд. Пас чунин кореро анҷом додан ҷавобгӯи манофеи кадом гуруҳе будааст. Ман дар ин ҷо мехоҳам масъалаи дигари муҳими муҳоҷирини меҳнатиро матраҳ кунам.

-Боз кадом масъалаи муҳими муҳоҷирини меҳнатиро?

-Дар байни онҳое, ки аз Тоҷикистон ба Иркутск меоянд, ҳастанд нафароне, ки бо либосҳои дар тан гаронбаҳо ва тозаву озода доранд, мошинҳое, ки дар таги по доранд, хориҷиву қимматбаҳоянд, бегоҳиҳо дар тарабхонаҳои бонуфуз таъом мехӯранд, дар истироҳатгоҳҳои беҳтарин дам мегиранд.

-Шояд инҳо ҷаҳонгардонанд?

-Гап ҳам дар сари он аст, ки инҳо ҷаҳонгард нестанд.

-Пас инҳо киҳоянд?

-Инҳо дузду ғоратгаранд. Афроде, ки муҳоҷирини меҳнатиро ғорат мекунанд.

ӯи рост ғорат мекунанд?

- Инҳо аллакай як гуруҳи муташаккиланд, ки дар охири ҳар моҳ ба бозорҳо ва дигар ҷойҳои кории муҳоҷирини меҳнатӣ рафта сари ҳар одаме ба миқдори 500 то 1000 рубли русӣ иҷборан музд мегиранд. Масалан дар ҳамон бозор намояндагони дигар миллатҳо ҳам кор мекунанд ва онҳо бо чашми сар мебинанд, ки чӣ гуна тоҷик тоҷикро дар рӯзи рӯшан ғорат карда истодааст. Ин корро намояндагони дигар миллатҳо нисбати ҳаммилатони худ намекунанд.

-Агар ба онҳо пул надиҳанд чӣ?

-Шабона ба хонаҳояшон рафта лату кӯб мекунанд.

-Оё ҳукуматҳои маҳалӣ, мақомоти марбутаи онҳо садди роҳи ин бедодгариҳо намешаванд?

-Барои он ки мақомоти марбутаи ҳукумати маҳалӣ садди роҳи чунин корҳо шаванд, бояд асос дошта бошанд, яъне касе ба онҳо бояд бо ариза муроҷиат карда бошад то дар асоси ҳамон ариза ашхоси мушаххасро мавриди тафтиш қарор диҳанд. Аммо мутаасифона касе ба навиштани чунин ариза ҳозир нест. Пешниҳоди ман чунин аст: кормандони мақомоти умури дохилаи кишвари мо бояд бо мақомоти умури Русия дар ин масъала ҳамкорӣ карда коре намоянд, ки ин падидаи номатлубро аз байн баранд, ки боиси паст шудани обрӯи Тоҷикистони азиз шуда метавонад.

Ман дар бораи шахсе ба Шумо мегӯям, ки бо фиреб зиндагонии худро пеш бурда аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатӣ карру фар карда истодааст. Ин шахс Ширинов Алишер Ғиёсович ном дорад. Дар асл Ширинов Ҳилолиддин Ғиёсович мебошад. Аз деҳаи Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ.

Ин шахс бо роҳи фиреб аз ман нусхаи асноди ҷамъияти тоҷиконро гирифта Масква меравад ва дар Масква бо фиреб, ки раиси Ҷамъияти тоҷикони Иркутск ҳаст, худро узви Шӯрои ҳамоҳангсоз мекунад, ки он дар назди сафорат бо ибтикори сафир Абдулмаҷид Достиев ташкил шудааст. Мо шахсан барнома ва оинномаи ин Шӯроро то ҳол надидем, вазифааш аз чи иборат аст низ намедонем. Ман чанд бор дар бораи ҳамин Шӯро телефонӣ бо Абдулмаҷид Достиев суҳбат кардам.

Дар амал то ҳоло ягон корро анҷом надодааст. Баъд ҳамин шахс ба Иркутск баргашта аз ман гурехта мегардад. Мешунавам, ки гоҳ худашро сафир эълон кардааст, гоҳ консули генералӣ. Аз мақомоти марбутаи Иркутск хоҳиш кардам, ки санади дар дасти ҳамин одам бударо нусхабардорӣ кунанд то мо баъдан фаҳмем, ки ин шахс дар ҳақиқат кӣ ҳаст. Ҳамин хел карданд. Дидем, ки узви Шӯрои ҳамоҳангсоз мебошад. Бо ҳамин ҳуҷҷаташ ба боварии баъзе коркунон ва раҳбарони мақомоти марбутаи шаҳру вилояти Иркутск ворид шуда дарякҷогӣ бо онҳо бо ҳар баҳона аз муҳоҷирин маблағ ба даст дароварда зиндагияшро пеш бурда истодааст. Касе, ки ба ӯ маблағ надиҳад мавриди ғазаби ӯ қарор мегирад ва кораш то ба депортатсия рафта расиданаш мумкин аст.

-Пас ин роҳбари ҳамон гуруҳи муташаккили гуфтагиятон ҳамин одам аст?

-Не, не, ин як иҷрочӣ ҳаст. Ин роҳбар нест. Ин чӣ гуна пул ба даст меорад? Масалан ҳастанд баъзе муҳоҷирине, ки муҳлати буду боши расмияшон дар Русия ба охир расидааст. Аммо корҳояш ҳанӯз нотамом аст. Аз ин вазъият ӯ бо роҳҳои худаш дарак ёфта ба дӯстонаш дар мақомоти марбута хабарро мерасонад. Онҳо омада муҳоҷирро барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия зиндагӣ кардан дастгир менамоянд. Ин одам гӯё тасодуфан аз мушкили муҳоҷир бохабар мешавад ва кӯмаки худро ба ивази ришва додан гӯё ба намояндаи мақомоти марбута пешниҳод мекунад. Муҳоҷир агар розӣ шавад ба ивази маблағи муайяне иқомати худро идома медиҳад, агар не аз мамлакат ихроҷ мешавад. Ин шахс бо ҳамин шева пул ба даст меорад.

Боз як нафари дигаре ҳаст бо номи Ғайратов Вайсиддин Шамсиддинович, намояндаи Биржаи меҳнатии "Тоҷикхориҷакор". Вале худашро намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Иркутск эълон кардааст. Аслан ташкилоте, ки ӯ кор мекунад ташкилоти тиҷоратӣ аст, вале ташкилоте, ки ӯ худро намояндаи он мегирад, ташкилоти давлатӣ мебошад. Расман аз Хадамоти муҳоҷират пурсидем, ки чунин намоянда онҳо дар Иркутск доранд ва ё не, посух доданд, ки не, чунин намоянда надоранд. Ӯ низ мисли Ширинов ба корҳои номатлуб, яъне бо баҳонаҳои гуногун ҷамъ кардани пул аз муҳоҷирин машғул аст. Шояд бо корҳои биржаи худаш низ машғул бошад, вале чунин корҳои номатлуб низ, мутаассифона, мекунад.

Ҳамин камбудиҳоеро ки ман гуфтам агар ба пуррагӣ ислоҳ кунем, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Иркутск ва дигар ҷойҳо боз бештар ба манфиати шаҳрвандони мо Тоҷикистони азиз ҷараён хоҳад дошт.

-Ба корҳоятон комёбиҳо орзумандем.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №28, 11 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi