05:26:54 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қатъи силаи раҳм гуноҳи бузург аст!

Муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз ба яке аз манбаъҳои асосии даромади қариб ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ табдил гаштааст. Тақрибан оилае нест, ки нафаре аз узви калонсоли он дар пайи дарёфти ризқу рӯзӣ ба кишварҳои хориҷ сафар накарда бошад.

rahmat-salimov 454545Мутаассифона, дар ин байн миёни ин ашхос нафарҳое пайдо мешаванд, ки на як солу ду сол аҳли байти худро фаромӯш карда аз хеш дарак намедиҳанд. Баъзе аз онҳо ҳатто издивоҷ намуда на танҳо зану фарзанд, балки падару модарро низ аз ёд мебаранд. Дар як суҳбати кӯтоҳи интернетие, ки бо  муовини имом Хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Ангарски вилояти Иркутскии Русия мулло Раҳмат Салимов доштем, дар оғоз аз ӯ дар ҳамин бора суол кардем.

Қаблан бояд бигӯем, ки мулло Раҳмат Салимов аз деҳаи Хулозии ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳия Нуробод буда аз соли 1997 ба ин тараф дар ин дуввумин шаҳри калонтарини вилояти Иркутск ба ҳайси сохтмончӣ кору зиндагӣ мекунад. Ҳамзамон дар масҷиди ҷомеи ин шаҳр ба ҳайси  як вазифаи ҷамъиятӣ масъулияти муовинии имом хатибро низ ба дӯш дорад.

-Дар шаҳри Шумо оё ҳастанд муҳоҷирони меҳнатие, ки солҳо аз зану фарзанд ва падару модарони хеш ёд намекунад?

-Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Мутаассифона, чунин ашхос дар ҳар куҷо ёфт мешаванд. Дар мо ҳам шояд бошанд. Вале банда ҳамеша дар намозҳо таъкид мекунем, ки ҳар як мусулмон бояд тавре рафтор кунад, ки волидайни ӯ, яъне падару модараш, аз ӯ розӣ бошанд, зану фарзандонаш муҳтоҷи дари касе набошанд.

Аз касе, ки падару модараш аз ӯ розӣ набошанд, Худо низ аз ӯ розӣ нест. Яке аз гуноҳҳои бузург ин қатъ кардани силаи раҳм аст. Қатъ кардани силлаи раҳм ин аст, ки  кас падару модар ва дигар хешу ақраборо ба гӯшаи фаромӯшӣ медиҳад. Зиёда аз шаш моҳу як сол ёди онҳо намекунад. Онҳоро кӯмак намекунад. Ин ҳама суханҳоро мо дар мавъизаҳои худ қабл аз намози ҷумъа ҳамеша таъкид карда меистем.

Аз сӯи дигар дар ҷамъомаду маҳфилҳое, ки ба муносибати ин ва ё он санаҳои фарҳангиву таърихӣ дар шаҳри мо, Ангарск ва дар маркази вилояти Иркутск бо ибтикори ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикон баргузор мегарданд, мо ин масъалаҳоро ҳамеша матраҳ мекунем.

-Натиҷааш хуб аст?

-Бале, натиҷаи хуб дорад. Баъди чунин суҳбатҳову маҳфилҳо баъзан мебинем, ки бархе аз муҳоҷирини меҳнатие, ки се солу чор сол ва ҳатто зиёдтар ба Ватан нарафта буданд, тараддуди бозгашт ба Тоҷикистонро мекунанд.

-Дар ин кор Ҷамъияти тоҷикон чӣ саҳм дорад?

-Ҷамъият хеле фаъол аст. Раҳбари он Муриватшо Маликов хеле зиёд заҳмат мекашад, ки мардумро ҳамеша аз гӯшаҳои мухталифи вилоят ҷамъу гирд мекунад бо онҳо суҳбатҳои муфид баргузор намояд. Як бурди Ҷамъияти тоҷикони Иркутск дар ҳамин аст, ки бо роҳбарияти шаҳру вилоят муносибти хуб дорад. Зеро корҳоеро анҷом медиҳад, ки дар баланд шудани обрӯ ва эътибори тоҷикон дар ин вилоят мусоидат мекунанд. Масалан дар масъалаи ободонии шаҳрҳо, дар шанбегиҳо фаъолона ширкат мекунем. Ба муассисаҳое, ки дар онҳо маъюбону бепарасторон ва пиронсолон нигоҳу бин карда мешаванд, кӯмаки моддӣ мерасонем.

-Масалан чӣ гуна кӯмак?

- Масалан ҳастанд нафарҳое ба мисли акаи Маҳмадназар, Маҳмуд, Ҳайдар, Тимур, Абдураҳмон, Сафар ва ғайра, ки дар заминҳои ба иҷора гирифтаашон сабзавот парвариш мекунанд ва аз ин ҳисоб ба муассисаҳои мазкур хайр мекунанд, ки ин албатта аз назари ҳукуматдорони маҳаллӣ пинҳон намемонад.

Аз ҳамин рӯ раҳбарони шаҳр ва муассисаҳои, ки ин хайрияҳоро дарёфт мекунанд, ба онҳо раҳматномаҳову ифтихорномаҳои зиёде медиҳанд.

-Ба фикри Шумо кадом масъала имрӯз барои муҳоҷирони меҳнатӣ ташвишовар аст?

-Ба фикри ман масъалаи ҳуҷҷату ҳуҷҷатдории муҳоҷирони меҳнатӣ имрӯз масъалаи муҳим аст. Муҳоҷирин аксаран бо ҳуҷҷатҳои аз ҷиҳати имлоӣ хато навишташуда меоянд. Масалан дар ному насаб ва номи маҳалҳо хато зиёд аст. Баъзан бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ меоянд. Ин бошад боиси мушкилот ва азият мешавад. Барои ислоҳи он маҷбуранд ба Тоҷикистон баргарданд, ки ин сарфи маблағи зиёдро талаб мекунад. Аз ин рӯ аз масъулини идораҳое, ки ба масъалаи ҳуҷҷатнигорӣ муваззаф ҳастанд, хоҳиш дорам, ки ба ин масъала аҳамияти бештаре диҳанд.

-Кадом аз мушкилоте, ки чанд муддат пеш доштед, имрӯз ҳалли худро пайдо кардааст?

-Масъалаи фиристодани маблағҳои пулие, ки ба даст меомад, ба хона кори хеле душвор буд. Муҳоҷирини меҳнатӣ на ҳамеша ҳамаи маблағҳои худро пурра ба хона метавонистанд бифиристанд. Маҷбур буданд, ки ё худашон шахсан гирифта баранд ва ё бо дасти касе бифиристанд. Баъзан пулҳо дар роҳ гум мешуданд.

Акнун ин мушкилот ҳалли худро пайдо кард. Намояндаҳои бонкҳои Тоҷикистон омаданд ва бо мардум суҳбат карданд. Мардум дар аввал бовар надошт. Акунун ҳама тавассути бонкҳо маблағҳои худро мефиристад. То ҳол мо камбудиҳои бонкҳоро дар масъалаи интиқоли маблағҳо надидаем. Ҳама хубанд.

-Шумо Тоҷикистонро ба ин наздикиҳо дидаед?

-Бале, чанд муддат пеш ба Тоҷикистон рафта будам. Рости гап, Тоҷикистон ҳам торафт ободу зебо мешавад. Махсусан шаҳри Душанбе ба тарафи мусбат хеле тағйир ёфтааст. Раҳбарияти Тоҷикистонро дар фикри ободӣ дарёфтам. Ман дар лаҳзаҳои холигӣ гоҳ-гоҳ фикрҳоямро ба қолаби назм медарорам. Ҳамон рӯзҳо ин мисраъҳоро бахшида ба раҳбари давлатамон гуфтам, ки агар бемалол бошад дар поёни суҳбатамон онҳоро биёред:

Ба ҳар ҷое, ки бошӣ боимон бош,

Гули хушбӯ миёни мардумон бош.

Ҳамеша соябони тоҷикон бош,

Расӣ бар сад ҳамон гули ҷавон бош!

-Ташаккур барои суҳбат.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi