МУҲОҶИРАТ ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО?
Имрӯзҳо дар бархе кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон шароити пасти зиндагӣ инсонро маҷбур сохта, то баҳри ризқу рӯзӣ падару модар, зану фарзанд, хешу пайвандон ва аз ҳама муҳим Ватанро, ки хуни нофаш онҷо рехта, тарк карда, хешро ба кӯи ҳиҷрат бизанад. Агар бигӯем, ки раванди муҳоҷират дар Тоҷикистон характери умуми гирифтаст, иштибоҳ нахохад шуд, чун ҳамасола мушоҳида менамоем, ки теъдоди аъзами аҳолии Точикистон бо мақсади дарёфти ризқу рӯзи ба сафар мебароянд.
Он гуна ки дар хабар аст, мувофиқи омори ҷаҳонӣ дар дунё зиёда аз 200 миллион нафар муҳоҷирони меҳнатӣ кору зиндагӣ доранд, ки онҳо одатан аз мамолики дорои қувваи зиёд ва мамлакатхои низёзманди қувваи корӣ ба давлатҳои рушди иқтисодияшон баланд мераванд. Дар мисоли Руссия, ки қисми зиёди мардуми Точикистон ба ин сарзамин муҳоҷир мешаванд. Ва ман фикр мекунам пазируфтани муҳоҷирон аз тарафи Руссия ин далели ниёзмандии он ба қувваи арзони муҳоҷирон аст. Ва ин ниёзмандӣ ҳаргиз қатъ намешавад.
Умуман агар ба муҳоҷират ҳамчун як падидаи табии назар намоем, дармеёбем, ки он дар тӯли таърих дар пайванду васли тамаддунҳо, дар боварии тамаддунҳо, дар пайдоиши тамаддунҳо, дар густариши тамаддунҳову фарҳангҳо нақши бузургу боризе доштааст ва метавонад дошта бошад. Муҳоҷират як падида ва асли бисёр арзишманди инсонист, ки он дар тӯли таърих васлкунандаи миллатҳо будааст.
Бубинед, вақте ки миллатҳо бо якдигар иртиботи наздик ҳосил мекунанд, аз якдигар чизҳое мегиранд ва ба якдигар чизҳое медиҳанд.Дар якдигар таъсир мерасонанд ва аз ҳамдигар мутаассир мешаванд.Яъне ки як навъ доту ситоди маънавӣ дар байни онҳо сурат мегирад, ки он аз манфиат холӣ нест.ва табист, ки ҳар миллате, ки аз лиҳози тамаддуни боло аст, бештар таъсир мебахшад ва камтар таъсир мепазирад. Ва оне ки дар сатҳи тамаддуни поинтар қарор дорад, мутаасир мешавад ва камтар таъсир мегузорад.
Суду зиёни ҳиҷрон
Албатта як мӯҷиби асосии рӯ овардан ба кӯи ҳиҷрат- ин бартараф кардани камбудиҳои рӯзгор ва ба ҳаракат даровардани заврақи рӯзгор ба ҷониби фардоҳост. Чаро ки дар чунин як давраи сахти гузариш ҳеҷ кас намехоҳад, ки бо мақсади тамошову саёҳат ба сафар барояд. Ҳарчанд муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари фоидаи молӣ расондан ба буҷети оила ва иқтисодиёти кишвар, инчунин мушкилотеро дар муҳити хонадон эчод мекунад ва ин мушкилот умумист. Чаро ки муҳоҷират дар ҳама давлатҳо ва мамолики ҷаҳон вуҷуд дорад.
Ва чи тавре ки ба мо маълум аст, вазъи буду бош ва зиндагии мардумони тоҷик дар Руссияву дигар манотиқ он қадар хуб нест.Бар болои ҳамаи ин чун сардори оила-падар моҳҳо ва солҳои тӯлониро дур аз фарзандон мегузаронад, албатта тарбияи фарзандон ба зиммаи модар мешавад, ки ӯ аз ӯҳдаи ин масъулият намебарояд. Ва ин мебарад ба бесаводиву ҷаҳолату қафомондагиву дигар самтҳои манфӣ. Як тан аз шаҳрванде, ки худро Маҳин ном бурд, дар ин хусус ҷиҳатҳои манфии муҳоҷиратро чунин гурӯҳбандӣ кард:
«Муҳоҷирати меҳнатӣ барои тоҷикон дар Руссия чунин «имтиёзҳо» медиҳад:
1). Кушташавии муҳоҷирони кори аз ҷониби сартарошидаҳои рус. 2). Аз аҳли хонавода, фарзандон дур мондани падару модар ва таъсири ин раванд дар тарбияти онҳо. 3). Бо ин восита паҳн шудани бемориҳои сироятӣ ба монанди СПИД. 4). Бе мутахассис мондани корхонаҳои давлатии Тоҷикистон (утечка мозгов). 5). Ба ҳайси ғулом истифода шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия. 6). Поймолшавии ҳуқуқи онҳо дар ин кишвар ва ғайраҳо»
Имрӯз вазъи буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ҳама маълум аст. Ва то чи андоза эшонро «қадр» мекунанд, ин ҳам маълум аст. Имрӯз кишварҳои муҳоҷирпазир дар мисоли Руссия ба қувваи арзони муҳоҷирон ниёзманд ҳаст ва гардиши иқтисодии кишварашро аз ҳисоби меҳнати муҳоҷирон бояд бидонад.Набиюллоҳи Суннатӣ коршиноси умури сиёсии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомат ва пешрафтӯ тараққиёти Руссияро аз баракати муҳоҷирони меҳнатӣ медонад:
«Бешак Руссия як минтақаи бузургест, ки на танҳо тоҷикон, балки милали дигарро низ ба кор фаро мехонад ва бояд иқрор шуд, ки воқеан метавонад. Аммо як чизи муҳимтар аз ҳамаро бояд зикр кард, ки шукӯҳи Русия низ аз дасти муҳоҷираконест, ки бо фулусу пашиз ба эшон қасру зисти шоҳонаро муҳайё месозанд.
Вагарна ягон табаъаи Русия ба 10-15 ҳазорак рубл маош наметавонд корҳоеро ба сомон бирасонад, ки тоҷикон бо ҷону дил ба ҷой меоваранд. Гузашта аз ин, фишангдории ҳукумати Русия қудрати парешон намудани скинхедҳоро надорад ва дурусттар ин ки намехоҳад эшонро аз пушти пардаи ҷиноят бурун кашад. Зеро пушти ин сартарошидаҳо агар нафаре аз ҳукумати кишвараш набошад, то ба ин гуна разолату ваҳшониятро ба кӯчаҳои Русия намерехтанд.
Онҳо як чизро ҷиддан медонанд ва аз он ғайрмунсифона истифода мебаранд: Ин ҳам бошад, набудани ҷойи кору маоши иктифоӣ дар кишвари Тоҷикистон, ки мулоимтарин ва ҳассостарин узви кишвар аст. Ба ин хотир милали муҳоҷир (на танхо тоҷик)-е, ки имрӯз дар сохтмонҳои бузурги Русия саҳим ҳастанд, бо вуҷуди он ки аз ҷониби мақомоти ин кишвар бо фарти ҳақорату қабоҳат назар карда, ба вижа миллатҳои осиёӣ барои онҷо аз ҳайвон болотару аз инсон поёнтар унвон мешавад. Мутаассифона!»
Харчанд муҳоҷират ҷиҳатҳои хубе дорад, аммо дар баробари манофеи моли расондан ба буҷети оила инчунин мушкилотеро дар муҳити хонадон эчод мекунад. Дар ҳоле, ки сардори оила ба муддати 365 рӯз ё 1 сол ба Русия меравад, бечора модар ҳамаи кору бори зиндагӣ, тарбияи фарзандон, таъмини оила ва дигар корҳоро бар дӯш дорад, ки ин масъулияти хеле вазнин аст. Ин ҳолате, ки имрӯз модар ё зани тоҷик дорад, ба гуфти Шоҳмирзо Хӯҷаев коршиноси умури сиёсӣ «ҳолати солҳои ҷанги 2-юми ҷахон»-ро ба хотир меоварад ки модарони мо ба сар мебурданд. У меафзояд: «Ҳама ба фронт буд, фақат зану бачаҳо дар хона. Шиор чунин буд: "Ҳам ба ҷои худ ва ҳам ба ҷои он рафиқи дар ҷабҳа меҷангидагӣ". Зани бечора хеле бори вазнин дошт. Ҳоло он манзарае, ки солҳои ҷанг занон доштанд, дар имрӯза ҳолат модарон низ соҳибанд.»
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас илло ғариб
Воқеан дарду азоби муҳоҷиратро танҳо оне медонад, ки боре худ «шаҳди» он чашида бошад. Абдумалики Нодирпур, ки 10 солест аз ин «шаҳд» баҳраманд аст, дар бораи муҳоҷират ва доираи танг доштани муҳоҷирон дар Русия чунин нақл мекунад:
«Ҷиҳатҳои мусбии зиёде метавонад дошта бошад. Масалан яке бародарро дар донишгоҳ дохил мекунонад, дуюми иморату бино бунёд мекунад, сеюми бошад дар тую маросимҳои издивоҷӣ кӯмаки хешро мерасонад ва умуман вазъи иқтисодии хешро беҳтар мекунад. Имрӯз Хадамоти муҳоҷирати Русия майдонро барои мо муҳоҷирон чунон танг карда, ки ҳеҷ имкони дифо аз ҳуқуқи хешро наметавонем дошта бошем.
Бубинед, ки ин хадамот танҳо 3 рӯз мӯҳлат дода, ки ҳар як муҳоҷир бояд худро ба қайди давлатӣ дарорад.Аммо ин ҳаргиз барои як муҳоҷири нав аз ватан омада иктифо нест.Хуб мешавад агар ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ нишон медод.Ман ба Русия 9-10 сол боз омаду рафт дорам ҳамчун муҳоҷир.Рӯйдодеро нақл мекунам. Банда 8 марти соли гузашта аз Тоҷикистон ба шаҳри Сургут сафар доштам ва вақте, ки ба Сургут расидам он бо 9 март, яъне рӯзи ғайрикорӣ рост омад.
Рӯзи 10-ум вакте, ки ман ба нуқтаи бақайдгирӣ омадам,аз ман пешниҳод кардани як зумра санадҳоеро талаб намуданд, ки ман ҳаргиз имкони дар як рӯз иҷро кардани онҳоро надоштам.Ва баъд аз 20 рӯз хадамоти муҳоҷирати Русия маро дар шаҳри Фёдорови Русия боздошт намуда ба ватан депорт намуданд.»
Ва бояд хотирнишон намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари ин ҳамчун як падидаи ҷамъиятӣ ҷиҳатҳои мусбӣ ва хуби зиёде низ дорад. Яке аз ҷиҳатҳои мусбат аз он иборат аст, ки муҳоҷирон дар баробари гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ, бо забон ва таъриху тамаддуни халкҳои дигар ошноӣ пайдо карда, ҳамзамон соҳиби ҳунару ихтисоси хуб мешаванд, инчунин ҷаҳонбинии хешро ғаниву бой мегардонанд. Аммо инҷо боз Маҳин танҳо як паҳлӯи мусбӣ доштани муҳоҷиратро зикр мекунад:
«Махсусан барои Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо як паҳлӯи мусби дорад. Ин ҳам ба даст овардани даромад барои шаҳрвандон ва ба ин восита пур шудани буҷаи давлат аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик. Ҳамаи мо медонем кисми зиёди буҷаи давлати Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, таъмин мешавад ва ин албатта паҳлӯи мусбиаш аст.»
Дар урфият мегӯянд то мусофир нашавӣ мусулмон намешавӣ. Ё
Бисёр сафар бояд то пухта шавед хоме,
Сӯфӣ нашавад софӣ то дар накашад ҷоме.
Муҳоҷирати меҳнатӣ воқеан ба Тоҷикистон ва ба мардуми он бисёр чизҳо ва имтиёзҳо ҳадя кард ва биёед дар зер назари коршинос Шоҳмирзо Хӯҷаевро мутолиа намоем, ки ӯ чунин изҳори назар мекунад:
«Муҳоҷират як мактаб аст, мактаби одаму одамгарӣ, мактаби ихтисосу ҳунару касб, мактаби фарҳангу тамаддун аст.Муҳоҷират мактаби имтиҳон аст, инсон худи хешро ба даст меорад. Ва аз ҳама муҳимаш одам ниёзу бениёзиро эҳсос мекунад.Бубинед то 10 соли гузашта ки медонист ки ба Тоҷикистон ба истилоҳ "евроремонт", "шпаклевка" меомад? Ҳеҷ кас. Ана ҳамин мафҳум дар фарҳанги мо набуд ва маҳз муҳоҷират мӯҷиб гашт то ин чизҳо ба фарҳанги мо омад.
Ва маҳз ин "неъматҳо"-ро мӯҷиб Русия гаштаст.Имрӯз ғуломвор меҳнат кардани муҳоҷирон дар Русия миллиардҳо даромад ба буҷи Руссия ворид карда истодааст, ки Русия шокир буданаш лозим. Аммо мебинем, ки бо вуҷуди ин манфиатҳои аз тарафи муҳоҷирони тоҷик дарёфткунанда, ҳанӯз дар он ҷо болои онҳо бо ангушти таҳқир ишора мекунад.
Аз ин ки чаро муҳоҷирон гирифтори ҳар гуна ташвишҳо мешаванд, ман фикр мекунам, ки худи онҳо муқассиранд,чаро ки мо хаққи худро намедонем. Мо намедонем, ки дар ҳқлати тахкиршуданамон ба кӣ ва чӣ гуна муроҷиат намоем. Фарҳанги ҳифзи ҳуқуқи манфиатхои худамонро намедонем.Мо гунаҳкорем. Аз мост ин ҳама»
Муҳоҷират ва таҳқир
Яке аз мушкилоте, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо он рӯ ба рӯ мешаванд ин надонистани забону меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қавонини ин кишвар аст ва ман фикр мекунам дар ин росто муқассир худи муҳоҷиронанд, ки ҳатто забонро надониста «боифтихор» роҳии Русзамин мешаванд. Хуб мешавад агар дар маҳалҷойҳо нуқтаҳои қабули муҳоҷирон ташкил карда шаванд (ҳарчанд, ки вуҷуд доранд дар баъзе ҷойҳо) ва бо мақсади таъмини ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муҳоҷирон амал намоянд.
Имрӯз ҳатто хонандаи ҳанӯз дар мактаббуда, ки ҷуз «да , нет» чизеро балад нест, роҳ ҷониби ҳиҷрат дорад. Нӯъмони Раҷабзода коршиноси ҷавон шиддат гирифтани суръат ва тезтар гаштани раванди муҳоҷиратро дар Тоҷикистон натиҷаҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ медонад. «Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон баъди оне, ки ҷанги шаҳрвандӣ кишварро фаро гирифт,муҳоҷират барои мардуми тоҷик як амри табиӣ гардид.
Агарчӣ аз истиқлолият 18 сол мегузарад, аммо ин раванд ҳанӯз идома дорад.Муҳоҷират танҳо дар Тоҷикистон нест, он дар ҳама давлатҳо вуҷуд дорад. Масалан дар Туркиё мардум ба кишварҳои Аврупо ва Амрико мераванд. Дар мо бошад қисмати аъзами муҳоҷиронро ҷавонон ташкил мекунанд, ки рӯ меоранд ба Русия. Хуб, аз расонаҳои хабарӣ имрӯз огоҳ ҳастем, ки тоҷикон аз тарафи мақомоти қудратии Русия ва скинхедҳо ҳамвора мавриди таҳқиру азият қарор мегиранд,ки ин воқеан боиси ташвиши ҷомеа аст.
Ҳарчанд, ки дар мулоқоти ахираш Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳову қарордодҳои ҳамкориро бо Русия ба имзо расонид, аммо ҳанӯз таҳқиру поймолкунӣ дида мешавад. Ва имрӯз, ки бӯҳрони моли ҷаҳонро фаро гирифтааст, Русия тасмим гирифтааст, ки теъдоди муҳоҷиронро дар кишвараш коҳиш диҳад.Аммо бо вуҷуди ин мо набояд танҳо ба умеди Русия бошем, бояд масири муҳоҷиратро бо кишварҳои Араб боз кард ва муҳоҷиронро ба он ҷо ҷалб намоем.
Имрӯз бадии кор дар он аст, ки ҳатто хонандагони ҳанӯз дар мактаббуда ва забони русиро надониста ба Русия мераванд ва аз сабаби ана ҳамин надонистани забон ва камии таҷрибашон мавриди озори шиканҷа қарор мегиранд.Ман фикр мекунам, агар муҳоҷирони тоҷик соҳиби ҳунару касби хуб бошанд, агар забони русиро хуб балад бошанд, ҳаргиз дучори ҳеҷ саргардониҳову таҳқир намешаванд»
Аммо инҷо Абдумалики Нодирпури 10-солаи собиқаи ҳиҷратдошта бар гуфтаҳои оқои Раҷабзода садои эътироз буланд мекунад ва мегӯяд, ки соҳиби ҳунару ихтисоси хуб ва донандаи забон ҳам наметавонад дар ин кишвар мавриди шиканҷа қарор нагирад.
«Дар мавриди ин ки муҳоҷирон гӯё ҳуқуқи хешро намедонанд ва гунаҳкори асоси худи онхоянд, ман комилан зид ҳастам.Чунки агар дар Русия шумо аз ҳаққи худ дифоъ карданӣ шавед ва новобаста аз оне ки шумо соҳиби ҳунари хубе ҳастед,, мавриди лату кӯби бераҳмонаи онҳо қарор мегиред ва ман шоҳиди зинда ҳастам.
Хуб ҳар давлат бояд имиҷи сиёсии худро дошта бошад ва мутаассифона, Тоҷикистон дар Русия ин имичро надорад. аз ин ҷост, ки моро таҳқир мекунанд, азият медиҳанд ва арзиш намекунанд.Моро ҳамчун як миллат эътироф намекунанд».
Пас чӣ кор бояд намуд, то дар Русия моро ва Тоҷикистонро эътироф намоянд. Ин суолест, ки танҳо бо роҳи гуфтугӯи ҳукуматҳои тарафайн ҳаллу фасли худро меёбад, бечора аҳолӣ коре аз дасташ намеояд.
Ин дар ҳолест, ки президенти кишвар бо як шарафмандиву ифтихор мегӯяд, ки ҳар як муҳоҷир ё сафаркарда ба хориҷ аз Тоҷикистон бубояд, «Оинаи миллат дар хориҷ халқи худро бо сатҳи баланди фарҳангу маърифат ва рафтору одобаш муаррифӣ намояд. Инро набояд фаромӯш кард, ки мо тоҷикон соҳиби анъанаву суннатҳои нек ва тамаддуни кӯҳанбунёд мебошем»
Аммо дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар Русия ба истилоҳ «қудрат»-и худро надорад, наметавон ҳадс зад, ки моро ва миллатамонро эътироф бикунанд. Пас мо яъне ҳукумат метавонад, ки дар асоси қарордоду санандҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои Араб, Кувайт, Сурия, Дубай, Катар ва дигарҳо масири муҳоҷиратро боз намояд ва бо ин роҳ муҳоҷиронро ҷиҳати кор ба ин кишварҳо бихонад.
Имрӯз баъзе ҷамъиятҳои дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, ки дар бархе аз шаҳрҳои Русия амал мекунанд, танҳо ҷанбаи хонаводагӣ доранд ва танҳо дар доираи маҳал амал мекунанд,Онҳо ба доди касе намерсанд.Танҳо дар ҳолатҳое ҷамъ мешаванд , ки агар ягон чорабиние барпо шавад,аммо на ба он тарзе ки масалан аз рӯи нақшае амал кунанд, ки аз ҳоли муҳоҷирони худ хабар дошта бошанд.
Ба ҷои охирсухан
Оё мо бо вуҷуди ин ҳама нукоте, ки перомуни муҳоҷират гуфта гузаштем метавонем, ки ба муҳоҷират бо диди бад ва таҳқир бингарем? Посух: На!Мо наметавонем ба ин падида бо назари нафрат бингарем, чаро ки маҳз ана ҳамин раванд буд, ки моро як андозае аз фақру камбизоатӣ бираҳонд. Ва як нафар ҳаргиз набояд хаёл бикунад, ки дар ҷомеа ҷойгоҳи хубе ё муҳиме надорад. Албатта бисёр ҷойгоҳи муҳиме метавонад дошта бошад, ба шарте, ки :
1.Ба ҳуввият ва асли худ пойдор бошад.
2. Ҳичраташ ба нияти меҳнати ҳалол бошад.
3.Воқеан «оинаи миллат» ва муаррификунандаи фарҳангу тамаддуни халқи худ бошад.
Фирдавси Аъзам, махсус барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/muhojirat/1570-2010-01-18-19-57-55.html