АЗ СОЛИ ОЯНДА МУҲОҶИРОН ДАР РУСИЯ "ПАТЕНТ" МЕХАРАНД
Мақомоти Русия умедворанд, ки ислоҳот дар қонуни муҳоҷирати ин кишвар фаъолияти ғайриқонунии милюнҳо муҳоҷири хориҷиро ба танзим дароварад.
Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи панҷшанбеи 20 май ислоҳоти тасвибшуда дар Думоро имзо кард, ки шеваи ҷадиди қонунӣ кардани фаъолияти муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишварро дар назар дорад. Ҳамакнун муҳоҷирони омада аз кишварҳое, ки бо Русия низоми раводид надоранд, метавонанд дар ивази як ҳазор рубли русӣ патент ё имтиёзномае (иҷозаи кор) барои се моҳи кор дар ин кишвар дарёфт кунанд ва дар сурати зарурат муҳлати иҷрои онро тамдид намоянд.
Аммо бо ин санад муҳоҷирон иҷоза доранд, ки танҳо барои корфармоёни хусусӣ кор кунанд. Константин Полторанин, муъовини раиси бахши равобити умумӣ ва байналмилалии Сервиси муҳоҷирати Русия, дар мусоҳиба бо хабаргузории Интерфакс гуфта, ки ҳамасола 3-4 милюн нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ дар бахши хусусӣ барои тармими хонаҳо ё ба унвони доя ё парастор кор мекунанд.
Вай афзуд: "Онҳо ба таври қонунӣ дар Русия ба сар мебаранд, дар идораи муҳоҷират сабти ном шудаанд, аммо имкони расмӣ кардани шуғли худро надоранд. Онҳоро бояд аз зулмат бадар овард."
Ба гуфтаи оқои Полторанин, бо дарёфти патент ё имтиёзномаи муҳоҷиратӣ, шаҳрвандони хориҷӣ молиёти нисбӣ хоҳанд пардохт, ки бахше аз он ба буҷети ҳукуматҳои маҳаллӣ меравад.
Коргарони шоиста
Барои дарёфти ин санад шаҳрванди хориҷиро лозим аст аввал дар Русия ба унвони муҳоҷир сабти ном шавад ва баъдан ӯ метавонад баҳои имтиёзномаро пардозад ва ба кор дар ин кишвар оғоз кунад.
Сервиси федероли муҳоҷирати Русия бар ин назар аст, ки судури патент ё имтиёзнома барои муҳоҷирон дар ин кишвар имкон медиҳад фаъолияти милюнҳо нафар аз мардикоронеро, ки барои афроди воқеъӣ кор мекунанду иртиботи худ бо корфарморо расмӣ накардаанд, қонунӣ созад.
Ин ниҳоди умури муҳоҷират интизор дорад, ки дар соли 2011 бо судури имтиёзномаҳои муҳоҷиратӣ дастикам як милюн табаъаи хориҷӣ ин санадро харидорӣ кунанд. Ин имтиёз барои он даста аз муҳоҷирони корие ҳам дар назар гирифта шудааст, ки корфармо онҳоро мутахассиси варзида муъаррифӣ мекунад.
Аз аввали моҳи июл мутахассисони шоиста ва босалоҳият аз кишварҳои хориҷӣ метавонанд бидуни квота ё саҳмияҳои истисноӣ ва ё иҷрои муқаррароти печида, ки ҳоло вуҷуд дорад, вориди Русия шаванд.
Ҳоло як коргари хориҷӣ барои кор ва зиндагӣ дар Русия иҷозаи кор ва раводиди корӣ ба муҳлати то як солро дарёфт мекунад. Аммо тибқи муқаррароти тоза, вай фавран иҷозаи иқомат мегирад ва муҳлати буду бошаш дар Русия то ба се сол афзоиш дода мешавад.
Дар соли 2009 Сервири муҳоҷирати Русия эълом карда буд, ки дар ин кишвар беш аз ду милюн мардикори хориҷӣ машғули кор ҳастанд. Аммо коршиносони мустақил мегӯянд, ки дар Русия аз панҷ то 15 милюн муҳоҷири хориҷӣ кор ва зиндагӣ мекунанд.
Имтиёзномаи муҳоҷиратӣ (патент) аввалин талоши давлати Русия барои қонунӣ сохтани сели муҳоҷират ба ин кишвар нест. Пеш аз ин, бархе мақомот андешаи таъсиси ожонсҳои ҷудогона барои ҷалби мутахассисони хориҷиро низ матраҳ карда буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/muhojirat/2332-------qq-.html