17:41:41 04-уми Июни 2025 сол

СОХТОРИ АЛОҲИДАИ МУҲОҶИРАТ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД? - МУҲОҶИРАТ 2

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то соли 2007 масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, алалхсус амалисозии Созишномаи мазкур ба ӯҳдаи онҳо буд, ҳамагӣ як маротиба ҷаласаи якҷоя гузаронида   шудаасту халос. Ҳадамоти муҳоҷират, ҳамзамон барои ёфтани бозорҳои нави меҳнат низ тадбирҳои заруриро андешида, кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ , Қатар, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Чехия, Полша, Австрия, Украина, кишварҳои назди Балтика ва Белорус шартномаҳо бандад.

 

Аллакай лоиҳаи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия, Кореяи Ҷануб, Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Белорус дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия гардида, барои баррасӣ фиристода шудааст.

 

Инчунин, таҷрибаи бою ғании давлати Филиппинро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ омӯ хта, мувофиқ бо менталилети Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2010-2015-ро таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуд, ки айни ҳол дар арафаи тасдиқшавӣ қарор дорад.

 

Ҳадамоти муҳоҷират бо Шӯрои роҳбарони мақомотҳои муҳоҷиратии ИДМ, Созмони шартномаҳои дастаҷамъии бехатарӣ (ОДКБ), Кумитаи ҳамоҳангсозии Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё (Интеграционный Комитет ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (БКБОП) оиди вазъи муҳоҷирати меҳнат ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайри қонунӣ, ташаккули муназзами бозори умумии меҳнат ва танзими қувваҳои корӣ дар давлатҳои  аъзоёни  ИДМ  ҳамкориҳоро дар соҳаи сиёсати муҳоҷират пурзӯр намуд.

 

Инчунин, як қатор чорабиниҳои мушаххас аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ , алалхусус Агентӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ ва рушдӣ (АКТЕД), Бонки умумиҷаҳонӣ , Раёсати Олии Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (УВКБ ООН), Созмони Байналмилалии Меҳнат (МОТ), Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (МОМ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) ҷиҳати гузаронидани тренингҳо барои кормандони Ҳадамоти муҳоҷират ва воҳидҳои он дар ҷойҳо, ташкил кардани конференсияҳо ва семинарҳо дар кишварҳои хориҷи наздик ва дур оид ба масъалаҳои танзими раванди муҳоҷиратӣ, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда ва пешқадам дар соҳаи муҳоҷирати меҳнат амал гардида истодааст.

 

 Ҳадамоти муҳоҷират дар доираи амалисозии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ ва рушдӣ (АКТЕД), ки 6-уми апрели соли 2009 ба имзо расидааст, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз он ҷумла, ҷиҳати созмон додани Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Ҳадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия намудани буклетҳо ва ёддоштҳо барои муҳоҷироне, ки аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷ мераванд, омода намудани роликҳои таблиғӣ оид ба фаҳмондан ва пешгирии хатарҳои эҳтимолии муҳоҷирати меҳнатӣ, Дастурамал оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнат барои кормандони Ҳадамоти муҳоҷират, ворид намудани махзани ҳуқуқии марказонидашуда (правовая база) "Адлия" дар Ҳадамоти муҳоҷират, ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонва ғайра.

 

Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, пештар шумораи рафтуомади муҳоҷирони меҳнат ба хориҷи кишвар мавҷуд набуд. Аз ин лиҳоз бо ташаббуси Ҳадамоти муҳоҷират бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ , аз он ҷумла пешгирии муҳоҷирати-ғайри қонунӣ, ба ҳисобгирии рафтуомади теъдоди муҳоҷирони меҳнат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 378 аз 1 августи соли 2008 "Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби ба қайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар" тасдиқ карда шуд, ки ба он бо Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таҳти 622 тағйирот дароварда шуд.

 

Дар асоси ин қарор аз ҳисоби худ маблағгузории Ҳадамоти муҳоҷират шӯъбаи назорат ва ба ҳисобгирии муҳоҷират таъсис дода шуд. Аз 01 январи соли 2010 шурӯъ карда, Ҳадамоти муҳоҷират пурра рафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хориҷа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро ба ҳисоб мегирад. Инчунин кормандони шӯъбаи мазкур бағайр аз ба ҳисоб гирифтани рафту омади муҳоҷиронӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва риояи қоидаҳои будубоши онҳоро таъмин менамоянд.

 

Ҳадамоти муҳоҷират таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ додани иҷозат барои корро пешниҳод намуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 529 аз 31 октябри соли 2008 тасдиқ карда шудааст. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур 5771 маводҳо барои гирифтани иҷозат барои кор ба расмият дароварда шудааст.

 

 Аз додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ 4 миллиону 421 азору 300 сомон ба буҷаи давлат ворид гардидааст. Дар маҷмӯъ васеъ гардидани доираи фаъолият ва пайдо гардидани самтҳои гуногуни муҳоҷират, инчунин таъмини ҳарчи беҳтари ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд, таҳкиму танзими муносибатҳои меҳнатӣ, зарурати таҳдиди сохтори Ҳадамоти муҳоҷират ва мустаҳкам намудани нақши онро тақозо мекунад.

 

 Нимнизом (низомию шаҳрвандӣ) будани ниҳоди муҳоҷират дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон беҳтарин ва ягона роҳи дуруст мебошад, зеро ин раванд дар аксарияти давлатҳои аъзои ИДМ, аз он ҷумла, Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон ва давлатҳои хориҷи дур ва наздик ба монанди: Полша, Чехия, Олмон, Британияи Кабир, Шветсия, Ӯзбекистон, Озорбойҷон, Украина, Туркманистон ва дигар давлатҳо идома ёфта истодааст ва онҳо байни якдигар муносибатҳои манфиатбахши созандагӣ бунёд карда истодаанд. Айни замон,ҳ амкории байни мақомотҳои корҳои дохилӣ бо бисёре аз кишварҳои зикргардида дар асоси созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафа вуҷуд дорад ва онҳо самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати ғайри қонунӣ, масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ , қабул ва ба расмият даровардани ҳуҷатҳо оид ба паноҳяндагон, гурезагон ва дигар ҳаракатҳои ҳуқуқиву огоҳонии онҳоро танзим мекунанд.

 

Ҷомеаи имрӯза низ тақозои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ягонаи давлат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки ҳамаи самтҳоро дар бар гирифта, сиёсати ягонаи давлатро дар ин соҳа амал намояд, ташкил карда шавад. Дар ин боб таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯхта, аз он ҷумла, Федератсия Россияро, ки аксарияти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар қаламрави он фаъолияти меҳнат менамоянд, дастури амал намуда, сохтори ягонаи давлат оид ба масъалаҳои муҳоҷират бояд аз ҳисоби кормандони низомию шаҳрванд пурра карда шавад.

 

Таъсис додани сохтори алоҳида оид ба муҳоҷират дар заминаи Ҳадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии давлатии ҳифзи вохӯрӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони низомию шаҳрвандӣ , дар марҳилаҳои кунун барои боз ҳам хубтару беҳтар истифода шудани имкониятҳои мавҷуда заминаи мусоид муҳайё менамояд. Ин сохтор бояд дар алоҳидагӣ имконият ва ваколат дошта бошад, ки созишномаҳо, шартномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба имзо расонад. Бинобар ин васеъ намудани ваколатҳои он бо назардошти талаботи вазъи тағйирёбандаи муҳоҷирати меҳнат дар хориҷи кишвар саривақт ва талаби замон мебошад.

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2344-2010-05-22-17-33-57.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854