04:27:37 13-уми Июни 2025 сол

ТАҲИЯИ ФИЛМЕ МУСТАНАД ДАР БОРАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Оянду раванду боз оянду раванд. Ин паёми филме мустанад дар бораи муҳоҷират ва муҳоҷирон дар Тоҷикистон аст, ки як филмсози бритониёӣ ба наворбардории он пардохтааст. Дар ин филми 50-дақиқаӣ муаллиф мехоҳад нишон диҳад, ки муҳоҷирати корӣ дар сарнавишти муҳоҷирон ва дурии муҳоҷирон аз хонавода дар вазъияти зану фарзандони онҳо чи таъсире хоҳад дошт. Симун Лорд, табаъаи бритониёӣ, ки дар гузашта мудирияти барномаҳои мухталифи башардӯстона дар Осиёи Миёна ва Қафқозро ба уҳда дошт, ба Би-би-сӣ гуфт, ки тайи се моҳи ахир ба таҳияи филме бо номи “Кишвари муҳоҷират” дар Тоҷикистон машғул аст.

 

Кишвари муҳоҷират

Вай дар иртибот бо номе, ки барои филмаш интихоб кардааст, мегӯяд муҳоҷират аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар ва ё баръакс аз он кишварҳо ба ин ҷо падидаи тозае нест. Вай пас аз таҳқиқ дар масоили муҳоҷират ба ин натиҷа расидааст, ки дар ҳудуди сад соли ахир чандин мавриди сарозер шудани муҳоҷирон ба Тоҷикистон ё кӯчи онҳо ба кишварҳои дигар сабт шудааст.

 

Оқои Лорд афзуд: "Дар оғози давраи Шӯравӣ мардуми зиёде дар Тоҷикистон аз бими саркӯби болшевикҳо аз Омударё убур карданд ва ба Афғонистон паноҳ бурданд. Сипас, муҳоҷирони зиёде аз манотиқи урупоии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон сарозер шуданд, ки бахши аъзаме аз онон баъдан, дар замони ҷанги дохилӣ, ин кишварро тарк карданд."

 

Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, теъдоди зиёде аз тоҷикони Ӯзбакистон дар пайи таъсиси ҷумҳуриҳои Шӯравӣ дар Осиёи Миёна аз Самарқанду Бухоро ва шаҳрҳои дигари қадимӣ ба Тоҷикистон кӯчиданд. Бисёре аз мардуми маҳаллӣ ҳам дар даҳаҳои 1950 ва 1970 аз кӯҳистон барои парвариши панба, ки колое муҳим барои давлати Шӯравӣ маҳсуб мешуд, иҷборан ба водиҳо кӯч дода шуданд.

 

Саранҷом дар пайи истиқлоли Тоҷикистон ва ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 дар ин кишвар садҳо ҳазор нафар аз мардуми фақири ин кишвар ҳамасола ба таври мавсимӣ барои дарёфти рӯзии худ ва фарзандонашон ба Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд.

 

Сарнавишти мардикорон

Оқои Лорд мехоҳад бо таҳияи ин филми худ нишон диҳад, ки муҳоҷирати корӣ дар сарнавишти муҳоҷирони кории тоҷик ва ё ба истилоҳ мардикорон ва дурии муҳоҷирон аз хонавода дар вазъияти зану фарзандони онҳо чи таъсире хоҳад дошт. Ҳамчунин, маболиғе, ки муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон мефиристанд, то чи андоза ба пешрафти иқтисодии Тоҷикистон мусоъидат мекунад. Дар ниҳоят муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо чи мушкилоте рӯбарӯ мешаванд ва ояндаи муҳоҷират чи гуна хоҳад буд.

 

Вай ба унвони қаҳрамонони аслии филм зан ва мардеро интихоб кардааст. Марди баргузидаи ӯ зану фарзанд дорад ва ҳамасола ба Русия меравад. Қарор аст ин мард имсол ҳам хонаводаашро танҳо гузорад ва барои пайдо кардани кор ба Русия равад. Зани қаҳрамони филм низ сарнавиште мушобеҳ дорад. Вай аз шавҳари худ ҷудо шуда, қаблан дар Русия кор мекард ва боз ҳам мехоҳад барои дарёфти рӯзӣ ба он кишвар равад.

 

Муҳоҷир дар ҳама ҷо

Наворгирии филми “Кишвари муҳоҷират” дар моҳи апрел оғоз шуда ва оқои Лорд умедвор аст дар моҳи август онро ба анҷом расонад. Саҳнаҳое аз филм дар шаҳрҳои Русия ва маҳалли кори муҳоҷирони тоҷик ба навор гирифта хоҳанд шуд.

 

Симун Лорд мегӯяд: "Муҳоҷирати корӣ барои кишварҳое фақир масъалаи муҳиммест, ки дар ҳама ҷойи ҷаҳон ва дар ҳар давру замон дида мешавад. Мардуми Омрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ умдатан насли муҳоҷироне ҳастанд, ки дар қарнҳои гузашта ба онҷо кӯчидаанд. Муҳоҷирати корӣ имрӯз ҳам дар Омрико ва Урупои ғарбӣ ба таври густарда роиҷ аст."

 

Муҳоҷири корӣ, аз нигоҳи ӯ, шахсест, ки манзил ва диёрашро ба қасди маҳалле дигар ва ё кишваре хориҷӣ ба манзури дарёфти иштиғол тарк мекунад. Муҳоҷирон маъмулан дар кишварҳои худ бо камбуди кор рӯбарӯанд ва дар кишварҳои сарватманд ба корҳое машғул мешаванд, ки аз он музди ночиз мегиранд. Мардуми бумӣ ба иҷрои корҳое, ки муҳоҷирон мекунанд, алоқае надоранд.

 

Симун Лорд нахуст дар соли 2007 вориди Тоҷикистон шуда ва ба унвони мушовир дар бархе аз созмонҳои байналмилалӣ кор кардааст. Вай мегӯяд, ки Тоҷикистон дар филмҳои мустанад ва ё дар расонаҳои ҷаҳон бозтоби густардае надошта ва ё маъмулан дар иртибот бо Афғонистон пӯшиш ёфтааст.

 

МамнӮъияти пахш?

 

Вай соли 2009 ба Тоҷикистон баргашт ва аввал мехост филме панҷ то даҳ дақиқа таҳия кунад. Вале ҳангоме ки таҳқиқ дар масоили муҳоҷирати корӣ дар ин кишварро оғоз кард, ба ин натиҷа расид, ки ин мавзӯъ шоистаи таҳияи филме 50-дақиқаист. Албатта, дар гузашта филмҳои мустанаде перомуни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия таҳия шудаанд. Яке аз ин филмсозон Озод Маликов аст, ки филме дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо сарпарастии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират сохтааст.

 

Вале ин филмҳо ба телевизиюнҳои Тоҷикистон роҳ наёфтаанд ва ба мардум ба таври густарда намоиш дода нашудаанд. Оқои Маликов ба Би-бисӣ гуфта буд, ки Кумитаи родию ва телевизиюн ба баҳонаи ин ки вай муҷаввизии ин кумита барои филмсозиро надошта, аз пахши он худдорӣ кардааст.

 

Аммо бархе аз соҳибназарон мӯътақиданд, ки мақомот бо пахши филмҳое, ки воқеъиёти талхи зиндагии муҳоҷиронро ба намоиш мегузоранд, мухолифанд, зеро намехоҳанд афкори умумиро нисбат ба сиёсатҳои нокоромади худ дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва эҷоди кору иштиғол барои шаҳрвандон дар дохили Тоҷикистон бадбин кунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2630-2010-07-08-06-56-00.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854