11:20:59 20-уми Июли 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАВОДИДИ САФАРИ УЗБАКҲО ВА ТОҶИКҲО БА РУСИЯ?

Мақоми Русия даъват кардааст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон раводиди сафари Русия ҷорӣ карда шавад. Раҳбари ниҳоди давлатии Русия зидди маводи мухаддир гуфтааст, ҷорӣ кардани раводид ё визаи сафари Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кӯмак хоҳад кард.

Вячеслав Давидов, раиси бахши маскавии Хадамоти федероли назорат бар маводи мухаддир дар Русия, муҳоҷират аз Осиёи Марказиро "сабаби асосии густариши қочоқи маводи мухаддир дар пойтахти Русия" номид. Вай гуфт, "шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки метавонанд, бе раводиди сафар ва танҳо бо шиносномаҳои худ вориди Русия шаванд, манбаъи асосии нигарониҳо ба шумор мераванд. 

Давидов мегӯяд, "ба ақидаи шахсии ӯ, ҷорӣ кардани қоидаҳои нави сафари шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон ба Русия, ба монанди ҳатмӣ кардани раводиди сафар метавонад, вазъиятро дар ин самт беҳтар кунад."

Мақомоти Русия мегӯянд, наздик ба 64 дарсади маводи мухаддире, ки дар Маскав имсол кашфу мусодира шудааст, ба қочоқбарон аз Узбакистон ва Тоҷикистон мансуб будаст. 

Изҳороти Давидов дар ҳоле садо медиҳад, ки равобити Русия бо Узбакистон як андоза сард шудааст. Ва барои бознигарию баррасии муносибатҳои Русия бо Тоҷикистон, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев охири ин моҳ ба Тоҷикистон сафар мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi