19:03:02 15-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РӮЗГОРИ ТОҶИКОНИ САМАРА

Дар доираи он ҳайати корӣ ҳамзамон аз сатҳи фароҳам овардани шароиту имконоти зарурӣ барои муҳоҷироне, ки ба онҳо муроҷиат менамоянд дидан карда, ҷиҳати дастгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини Марказ мулоқоти судманд анҷом доданд. Роман Владимирович-роҳбари Маркази дастгирии муҳоҷирони меҳнатии вилояти Самара дар ин маврид андешаҳояшро чунин баён кард:  

- Мувофиқи қонунгузории Федератсияи Русия, шаҳрвандоне, ки аз Тоҷикистон ба кишвари мо барои кору фаъолият меоянд, тибқи талабот онҳоро аз қайди расмӣ гузаронида, барои идома додани фаъолияташон дар кишвари Русия корти иҷозат барои кор медиҳем. Инчунин Маркази дастгирии муҳоҷирини меҳнатӣ барои дарёфти ҷойи зисту макони фаъолият, ташхиси тиббӣ барои азназаргузаронии муҳоҷиронро пешниҳод менамояд. 

Тамоми ҳуҷҷат-гузории муҳоҷиратӣ дар қаламрави вилояти Самараи Федератсияи Русия тӯли даҳ рӯз давом мекунад. Дар сурате, ки муҳоҷирони тоҷик бо саволҳои ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ мешаванд, онҳо метавонанд ба Маркази дастгирии муҳоҷирони меҳнатии вилояти Самара муроҷиат намоянд.

Дар Хонаи дӯстии халқҳои вилояти Самара, ки марказҳои тамоми халқиятҳо таъсис дода шудааст, барои муаррифӣ ва тарғиби фарҳанги пурғановати худ ҳар яке аз Созмонҳои ҷамъиятӣ дорои рӯзнома ва маҷаллаҳо мебошанд. Дар ин маврид Шамил Галимов - сармуҳаррири рӯзномаи «Азан» дар вилояти Самара чунин мегӯяд: 

 - Дар Хонаи дӯстии халқҳои вилояти Самара, ки марказҳои тамоми халқиятҳо таъсис дода шудааст, барои муаррифӣ ва тарғиби фарҳанги пурғановати худ ҳар яке аз Созмонҳои ҷамъиятӣ дорои рӯзнома ва маҷаллаҳо мебошанд. Рӯзҳои наздик бо забони тоҷикӣ низ рӯзнома таъсис ва нашр мегардад.  

Мувофиқи маълумот имрӯз дар қаламрави вилояти Самара тақрибан 20 ҳазор тоҷикистонӣ кору фаъолият доранд, ки қисме аз онҳо шаҳрвандии Федератсияи Россияро қабул карда, дорои душаҳрвандӣ мебошанд.

Айни замон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Самара ҳамчун нерӯи асосии корӣ дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла дар сохтмону корхонаҳои бузурги саноатӣ ва бунгоҳҳои тиббию сохторҳои қудратӣ фаъолият доранд. Масалан, дар Ширкати «Алтайзагодлес», ки дар шаҳри Толятии вилояти Самара ҷойгир шудааст, беш аз 40 нафар шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд. Ҳамаи онҳо дар ин корхона бо тайёр кардани молҳои гуногун аз тахта машғул буда, бо ҷои хоб, хурду хӯрок ва маоши хуб сари вақт таъмин карда мешаванд.

Ҳадятулло Тӯраев, муҳоҷири тоҷик дар ин хусус мегӯяд: - Зиёда аз 5 сол мешавад, ки дар Ширкати «Алтайзагодлес» кор мекунам. Шароити кор ва зиндагиамон хуб буда, роҳбарияти корхона барои хубтар шудани шароит мусоидат мекунанд.

Тиҷорату савдо дар қатори дигар мардуми Шарқ ба тоҷикзабонон низ яке аз машғулиятҳои анъанавӣ ва доимӣ гаштааст. Ин намуди машғулият барои муҳоҷирон яке аз роҳҳои самаранок маҳсуб меёбад.

Исо Хоҷаев, яке аз кормандони ширкати истеҳсолии «Загодлес» ба шумор рафта, дар атрофи фаъолияти кориаш чунин мегӯяд: -Ҳангоми фориғ аз кор будан, ба тарошидани табақу қошуқҳои миллӣ- тоҷикӣ машғул мешавам. Ман мехоҳам, ки дар якҷоягӣ бо ҷавононе, ки кор мекунем, чунин асбобҳои милатамонро тарошида, тақсим намоем.

Аз ин рӯ ба воситаи тиҷорат муҳоҷирон дар муҳити нав барои худ шароит фароҳам месозанд. Бо ин мақсад айни ҳол шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои тиҷоратии шаҳру ноҳияҳои вилояти Самара низ машғули кор мебошанд:

- Роҳи дигари ба даст овардани даромад дар қаламрави вилояти Самара барои муҳоҷирони тоҷик кору фаъолият дар соҳаи сохтмон мебошад.

Дар ин самт айни замон аз ҷониби ҳамватанонамон як қатор Ширкатҳои сохтмонӣ таъсис дода шуда, дар онҳо бештар мутахассисон аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик ба кор ҷалб гардиданд, ки бо бунёд ва сохтани иншооти гуногуни ҳаётан муҳим дар пешрафти ин кишвар саҳми назаррас гузошта, барои пешбурди иқтисодиёти давлати худ низ мусоидат менамянд.

Муҳоҷират раванди табиии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз замонҳои қадим то ба имрӯз одамон барои кор ё аз худкардани илм ба берун аз кишварашон муҳоҷират мекарданд, ки ҳанӯз ҳам ин раванд идома дорад. Сабаби умумии чунин омил ҷаҳонишавии иқтисодиёт дар миқёси олам мебошад. 

Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ одатан ба он давлатҳое нигаронида шудааст, ки дар онҳо музди меҳнат нисбатан хуб мебошад. Дар маҷмӯъ, раванди муҳоҷират ҳам ба кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ва ҳам ба давлатҳои содиркунанда манфиат оварда мебошад.

Дар рӯзгори мо низ муҳоҷират ба худ рангу намуди иқтисодию иҷтимоӣ гирифтааст ва ҳамватанони мо бештар барои пайдо кардани ҷои кор ба россия сафар мекунанд. Барои ҳалли масъалаи бекорӣ дар мамлакат мувофиқи пешгӯиҳои мутахассисон боз 1 миллион ҷои корӣ бояд ташкил карда шавад. Вале бо кӯшишҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 10 соли охир дар кишвар зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор ҷои корӣ ташкил карда шудааст.

Имрӯз қариб аз тамоми манотиқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои кор ба кишварҳои дуру наздик, асосан ба Русия раҳсипор мешаванд. Барои мисол, имрӯз дар дунё зиёда аз 200 миллион нафар ва дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 20 миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди 89 субъекти Федератсияи Русия ба таври мавсимӣ зиёда аз 500 ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корӣ доранд. Мувофиқи таҳлилҳо 26,4 муҳоҷирони кориро ҷавонони аз синни 18 то 29- сола ва 33,4 фоизро шаҳрвандони аз синни 30 то 39- сола ташкил мекунанд. Умуман, 53,3 фоизи онҳо маълумоти миёна ва миёнаи нопурра доранд.
 
Имрӯз дар вилояти Самара оилаҳои тоҷике низ ҳастанд, ки дар сохторҳои давлатӣ кору фаъолияти дошта фарзандони онҳо дар мактаб ва дигар таълимгоҳҳо бо забони русӣ илм меомӯзанд.

Одил Тӯхтабоев, шаҳрванди муқимии вилояти Самара дар ин хусус мегӯяд: - Мо соли 2000-ум ба вилояти Самара омадем. Даҳ сол мешавад, ки дар Раёсати корҳои дохилаи ин вилоят фаьолият дорам. Ҳамаи аҳли оилаи мо бо ҷои кор таъмин Буда, фарзандонам дар мактабхои олии ин вилоят таҳсил мекунанд.  

Оилаи Амакиевҳо бошад аз соли 1997-ум ин ҷониб дар шаҳри Толятии вилояти Самара зиндагӣ дошта, зану шавҳар ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ кору фаъолият мекунанд.Фарзанди онҳо Амакиева Соҳиба 11 сол дорад, ӯ айни ҳол хонандаи синфи 4 буда, бо забони русӣ таҳсил дорад ва навохтани асбобҳои мусиқиро дӯст медорад.Воқеан ҳам агар агар Соҳиба китоби адвори оҳангҳои тоҷикӣ медошт, менавохт, вале имрӯз Соҳиба қариб, ки бо забони модарии худ-тоҷикӣ низ сухан гуфтанро фаромӯш кардааст. 

ӯ мегӯяд, ки имрӯз аз мутолиаи китобҳо ва асарҳо бо забони тоҷикӣ хеле дур шудааст. Хуб мешуд волидайни чунин оилаҳои дар қаламрави Федератсияи Русия кору фаъолият дошта, ба тарбияи фарзандонашон, ки таълимоти русӣ мегиранд, ҷиҳати бедор кардани ҳисси миллӣ дар қалби онҳо аҳамият медоданд.

Бекназаров Абдӣ имрӯз дар Шӯрои адвокатҳои Палатаи адвокатҳои вилояти Самара ба ҳайси ҳуқуқшинос ва маслиҳатчии ҳуқуқӣ кору фаъолият дорад, ки дар баробари ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Федератсияи Русия, ҳамзамон ба ҳамватанони худ низ дасти кӯмак дароз мекунад:

- Ман дар фаъолияти кориам, ғайр аз кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони тоҷик, инчунин дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа, ки ҳамарӯза бо он рӯ ба рӯ мешаванд, кӯмак мерасонам. Муддати чанд сол аст, ки ба сифати ҳимоятгари шаҳрвандони Тоҷикистон, аъзои Шӯрои адвокатҳои вилояти Самараи Федератсияи Русия кору фаъолият менамоям. 

Муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони тоҷик, ки бо масъалаҳои мухталиф, атрофи содир намудани ҷиноят, ё ин ки дигар қазияҳои қонунвайронкунӣ, ки аз ҷониби корфармоён ба назар мерасанд, мувофиқи қонунвайронкунии Кодекси маъмурӣ, Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия барои ҳифзи муҳоҷирони тоҷик баромад менамоям. Аъзои Шӯрои адлияи вилояти Самараи Федератсияи Русия Надежда Спирина дар мавриди кору фаъолияти Абдӣ Бекназаров чунин мегӯяд:

- Гарчанде Абдӣ Бекназаров муддати начандон тӯлонӣ дар вилояти Самараи Федератсияи Русия фаъолият намояд ҳам, вале таҷрибааш нишон медиҳад, ки ӯ шахси ҳалиму кордон мебошад. Айни замон Абдӣ Бекназаров ба ҳайси коромӯз таҷрибаву малакаи хешро сайқал медиҳад. Абдӣ Бекназаров дар муддати начандон тӯлонӣ тавонист, ки худро ба таври мусбӣ нишон диҳад. 

Новобаста ба шахси навкор буданаш, имрӯзҳо теъдоди зиёди мизоҷон ба ӯ муроҷиат менамоянд. Тамоми ҳуҷҷатгузориро бо забони русӣ тарҷума менамояд. Муттахассисони соҳибкасб ва болаёқати тоҷикзабон, ки шумораҳои онҳо имрӯз дар вилояти Самара ва дар қаламрави Федератсияи Русия зиёданд, миёни мардуми рус ва ҳамкасбони худ бо ростқавлию кордонӣ эътибори хос доранд.

Раҷаббеки ИЛЁС, Абдуваҳҳоби АБДУСАТТОР,
маркази матбуоти ХМ ВКД ҶТ, 
ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi